Забони хушоҳангу зебо ва шевову шоиронаи тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ неруи тоза гирифта, имрӯз аз минбари баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид баланд садо медиҳад ва нуфузу шуҳрати Тоҷикистони соҳибистиқлоламонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун мегардонад.

Ин нуктаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишкада бо ширкати муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, инчунин ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ироа намуд. Мавсуф зикр кард, 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қонуни забон қабул гардида буд. Вале баъди бист соли амали он бо мақсади қонеъ гардондани талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеа зарурат пеш омад, ки барои ҳифз ва рушди забони модариамон қонуни нави забон таҳия ва қабул карда шавад. Бо ин мақсад, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Қонуни мазкур  вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забонро муайян карда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ — дар шароити дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Бар пояи иттилои ректори донишкада, дар тӯли таърих фарзандони фарзонаи миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту  худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд. Ҳамакнун ин рисолатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифтаанд. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, нақши  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон перомуни таъриху ташаккули забони тоҷикӣ ибрози назар намуда, гуфта буданд: «решаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд. Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд».

Воқеан, бо ин забони шевою шоирона садҳо ва ҳазорон бузургмардону нобиғагон дурри сухан суфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба ояндагон мерос гузоштаанд. Осори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Аттору Саноӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва садҳо нафари дигар, ки ҳанӯз чандин аср пеш навишта шудаанд, имрӯз барои мардуми мо дастрасу фаҳмо ва азизу гиромӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар харитаи сиёсии Тоҷикистон дигарбора номҳои куҳани Суғд, ХатлонБохтар, Рӯдакӣ, Истаравшан, Рашт, Сайҳуну Ҷайҳун ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, арзи ҳастӣ карданд  ва барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва тавсеаи доираи худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд.

Сипас, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода суханронӣ намуда, тазаккур дод, ки забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб меёбад. Дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ забони давлатӣ низ ба қатори муқаддасоти миллӣ дохил мешавад. Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин, устувории он дар умури сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ забони давлатӣ нақши муҳим дорад. Ба андешаи ӯ, забони тоҷикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардид ва дар умури давлатдорӣ мавқеъ ва манзалати хоси худро пайдо намуд. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла созишномаҳо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони тоҷикӣ дар ҳамоишҳои байналмилалӣ соҳиби мақоми байналмилалӣ гардидааст.

Ба гуфтаи муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисахои таҳсилоти касбӣ ва илмии кишвар, мутобики талаботи моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» уҳдадор карда мешаванд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ ҳамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз хама, навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён, фарҳангҳои русӣ — тоҷикӣ, англисӣ — тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногуни илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил ёбад.

Зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он, инчунин дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, Пешвои миллат дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Чумхурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2010 ба ҷавонон муроҷиат карда, гуфта буданд: «Тамоми неруи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва эҳтиром гузоштан нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед».

Дар фароварди ҳамоиш барномаи фарҳангӣ- ҳунарӣ, ки фарогири филми мустанади «Таърих гувоҳ аст…», композитсияи адабии «Шеваи хирад», шеърҳои «Забони давлатӣ», «Тоҷикистони ман», «Мепарварам», «Ӯ ҷони миллат аст» ва рақсу оҳангҳои марғуб буд, дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ