Вобаста ба рушди ­ҷомеаи ҷаҳонӣ тарбияи нав­расону ҷавонон масъалаи ҳаётан муҳим маҳсуб меёбад. Дар ин раванд зарур аст, ки аз дастовардҳои беҳтарини кишварҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва технологияи инноватсионӣ пешрафта истифода намоем ва онро дар сиёсати пешгирифтаи хеш оид ба тарбияи насли наврас давра ба давра амалӣ гардонем. Чунин таҷриба дар ҷаҳони имрӯза аллакай мавҷуд аст. Мисоли равшани онро дар рушди кишварҳои аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ харобгашта (солҳои 1941-1945), яъне Ҷопон, Олмон ва Сингапур дида метавонем.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар кишвар барои наврасону ҷавонон шароити мусоиди дастрасӣ ба иттилоот, хусусан ахбори навтарин оид ба дастовардҳои илмиву фаннӣ ва инноватсиониро муҳайё созем. Тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳӣ ва дониш­андӯзӣ тавассути таҷдиду муҷаҳҳазнамоӣ ва таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ, бахусус китобхонаҳо бо таҷҳизот ва технологияи замонавӣ ба даст меояд. Тарбияи адабию фалсафӣ, илмию таърихӣ, сиёсию фарҳангӣ, эстетикию зебоипарастӣ, ғоявию иттилоотии онҳо дар муассисаҳои фарҳангӣ инкишоф меёбад.

Бояд иқрор шавем, ки вазъияти муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо, дар навоҳӣ ва деҳоти кишвар ҷавобгӯйи талаботи замони муосир нест. Тавре дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шудааст: «… ҳарчанд дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ доир ба беҳтар намудани вазъи фарҳанги миллӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон корҳои зиёдро амалӣ намудем, вале сатҳу сифати фаъолияти муассисаҳои фарҳангу фароғат ва фарогирии доираҳои гуногуни мардум ба чорабиниҳои фарҳангӣ ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад».

Мусаллам аст, ки яке аз минбарҳои муҳими тарғиботӣ дар радифи воситаҳои ахбори омма, садову симо, рӯзномаву маҷаллаҳо, марказҳои иттилоотӣ – муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобхонаҳо шинохта шудаанд. Аз замони пайдоиши нахустин китобхонаҳо инсоният барои хеш сарчашмаи таккондиҳандаи ақлу маънавиётро ба даст овард. Аз бойигариҳои зеҳние, ки гирдоварӣ, коркард ва ҳифзу нигоҳдорӣ мегардид, барои рушди оянда мақсаднок истифода менамуд. Ҳамчунин, китобдорон шахсиятҳои шинох­таи замон буданду китобдорӣ касби пурифтихор ҳисобида мешуд.

Китобхонаҳои имрӯза аз китобхонаҳои қарнҳои ­гузашта бо хусусиятҳои хос, хадамот ва таҷҳизоту технологияи муосир фарқ мекунанд ва барои китобдор шудан имрӯз танҳо соҳибсавод ва ё олим будан кифоя нест. Китобдори имрӯза бояд аз равандҳои гуногуни омодагардонӣ ва пахши иттилоот дар шаклу намуди ба худ хоси он баҳравар бошад. Ба эҳтиёҷмандон маълумоти саҳеҳ ва пурра расонида, аз уҳдаи таъмини эҳтиёҷоти иттилоотии хонандагон барояд, хадамоти иттилоотӣ, методӣ ва библиографиро тавассути васоити анъанавӣ ва электронӣ ба роҳ монад, роҳбарии корҳои методӣ ва библиографии китобхонаро ба дӯш гирад, иттилооти арзишмандро интихоб намояд, ба хониши наврасон ва ҷавонон роҳбарӣ карда тавонад, фаъолияти анъанавии китобдорӣ ва иттилоотиро ба роҳ монад.

Назарсанҷиҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки ду тамоюли носолим дар кори китобдории ҷумҳурӣ реша медавонад. Тамоюли аввал рӯйи кор омадани шахсони ғайритахассус мебошад. Ин нафаронро танҳо барои ба ягон мансаби дигар гузаштан дар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ба вазифаи роҳбарӣ таъин менамоянд. Онҳо бошанд, кӯшиш мекунанд, ки ҳамкасб ва шиносонро ба кор ҷалб намоянд ва мутахассисони касбӣ хоҳу нохоҳ зери роҳбарии онҳо наметавонанд пурра уҳдадории тахассусии хешро ба сомон расонанд. Аз ин гуна таъиноти кадрӣ китобхонаҳои поёнӣ (зертобеъ ва ё дар дараҷаи пасттар қарордошта) низ зарар мебинанд. Мисол, китобхонаҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳотӣ имрӯз аз адабиёти илмию методӣ ва библиографию иттилоотие, ки пеш аз Китобхонаи давлатии оммавии ба номи Фирдавсӣ таъмин мегардиданд, бо таъсиси Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон аз ин кумакҳо бебаҳра монданд. Китобхонаи миллии Тоҷикис­тон маркази илмӣ ва методии китобхонаҳои ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, назорати китобхонаҳои ҷумҳуриро ба уҳда бояд ­дошта бошад. Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки китобхонаҳои оммавии ҷумҳурӣ зери тобеияти Вазорати фарҳанг ва китобхонаҳои илмӣ, соҳавӣ, макотиби олӣ ва миёна берун аз назорати Китобхонаи миллии Тоҷикистон қарор дошта, аз ёрии илмию методӣ ва биб­лиографӣ бебаҳраанд.

Тамоюли дуюми манфие, ки имрӯз роиҷ гардидааст, ба тобеияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо даровардани китобхонаҳои деҳот мебошад, ки онҳоро ба мушкилии зиёд, аз қабили таъминоти китоб, матбуот, таҷҳизот, таъмир, хариди технологияи нав, тайёрнамоии кадрҳои китобдорӣ, бозомӯзии мутахассисон, пардохти маош, иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мувоҷеҳ гардонидааст.

Барномаҳои давлатии ­қаблӣ бештар ба рушди китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ нигаронида шуда буданд. Зарур аст, ки минбаъд таваҷҷуҳи бештар ба рушди муассисаҳои фарҳангии деҳот зоҳир шавад. Инчунин, барои ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ шароит муҳайё гардад, то ки дар бунёди иншооти фарҳангӣ ва муҷаҳҳазгардонии онҳо бо технологияю таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ ва тайёрнамоии мутахассисони соҳавӣ саҳмгузор бошанд. Ҳамчунин, ба кормандони муассисаҳои фарҳангӣ, хусусан китобдорони ҷавон, дар пардохти андоз, таъминот бо ҷойи зист имтиёз муҳайё кардан ба манфиати кор хоҳад буд, чунки бархе аз мутахассисони касбӣ баъди хатми факултаи китобдории ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода тарки касби асосӣ менамоянд.

Қ. Бӯриев,

директори Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории

стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент