14-15 марти соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки 170 нафар устодон, донишҷӯён ва кормандони хоҷагӣ шанбегӣ гузаронда шуд. Дар ин рӯзҳо қитъаҳои замини ба донишкада вобасташуда, аз ҷумла саҳни ҳавлӣ ва ҷӯю заҳбурҳои  биноҳои истиқоматии кӯчаи Борбад 75, 89, 91, 95 ва 97 аз хасу хошок ва партовҳо тоза карда шуданд.

[metaslider id=3060]

Ҳамзамон, 500 метри мураббаъ қитъаҳои замини гирду атрофи донишкада побел гардида,  бехи дарахтони ороишию сояафкан нарм ва беш аз 500 дона гулҳои мавсимӣ, 20 адад дарахтони сояафкан шинонда шуданд.

Маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар донишкада идома дорад.

Р. Кароматова,

донишҷӯ