Санаи  16-феврали  соли 2022  дар  толори  театри  таълимии  МДТ  «ДДФСТ  ба  номи  М.Турсунзода»   ҷаласаи  факултаи  санъати  театрӣ  бо  иштироки  ноиби  ректор  оид ба тарбия   Наимзода  Д. Н.,  декани  факултаи  санъати  театрӣ   Боев С.,  мудири кафедраи санъати актёрӣ    Т. Розиқов.,  мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна Г. Нуъмонова.,  сармутахассиси  бахши корҳои тарбиявӣ  Умаров.,  муовини  декани   факултаи  санъати  театрӣ   Тоиров Н.,   раиси созмони ҷавонони донишкада Кароматулло Юсупов.,   устодони  кафедраҳои:   маӽорати  актёрӣ,   нутқ ва ҳаракати саҳна  Г. Каримова.,  Алимов  С., Раҷабов М.,  Қосимов  Ӽ.,  Тоиров Қ.   ва  Искандаров  И.  раиси  їавонони факулта Нуралиев  С.,   донишїўёни  курсӽои  1-4 уми   ихтисоси  санъати   актёрӣ  ва  курси 3-юми драматургия  баргузор  гардид.

         Мавзуи  ҷаласа  “Омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021”.

         Аз  ҷумла  чунин  қайд  карда  шуд: Декани  факултет Боев С. доир ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваққуф намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки Ҷаноби Олӣ зимни ироаи Паём нуктаҳои муҳими сиёсати дохилию хориҷии кишвар дар як соли ахир арзёбӣ карда, бар он таъкид намуданд, ки раҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароити арзандаву шоистаи зиндагӣ аз тамоми имконоти истифода бурда, дар заминаи боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар як қатор корҳои назаррасро анҷом расонданд. Махсусан, Сарвари давлат дар ҷараёни матраҳ намудани Паём масъалаҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи огоҳиҳои иҷтимоию сиёсӣ, фаро гирифтани донишҳои техникию замонавӣ, фаъол будани насли ҷавони миллат дар умури фарҳангию маънавӣ ва амсоли инҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, бобати ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳодоти мушаххас ироа намудандд. Декани факулта, ҳамчунин тақдими китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуровро барои кулли хонадони тоҷик фоли нек дониста, дар ин замина таъкид дошт, ки Сарвари давлат хоҳони босавод шудан ва ба таъриху фарҳанги миллӣ бетафовут набудани насли ҷавони кишварро меъёри зиндагӣ муаррифӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо ибтикороту ташаббусоти созанда дар шукуфоии ватани азиз саҳми муносиб бигузоранд.

     Устодону донишҷӯёни муҳтарам ҳар як паёми пандбори сарари давлатро сармашқи кори худ қарор дода мо бояд  аз  решаӽои  тамаддуни  бостонӣ,  забону  фарӽанги  миллӣ  ва  оинҳои  давлатдории  ниёгони  худ  огоҳ  бошем.  Китоби  «Тоҷикон», барои мо  армуғони гаронбаҳоест аз ҷониби Пешвои миллат ва онро ҳамчун як ҳаммосаи таърихи миллатамон  бояд донем ва аз он баҳравар шуда барои  устувор  гардонидани  пойдевори  давлатдорӣ, марзу буми ватанро бо матонат ва иродаи қавӣ нигаҳбон бошем. Китоби «Тоҷикон» хусусан барои донишҷӯёни шуъбаи санъати актёрӣ дастури эҷодии гаронбаҳост.  Шумо аз овони донишҷӯи  метавонед аз он барои моноспектакл ва композитсияҳо маводҳои  беҳтарин интихоб намоед.

           Телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, барномаҳои китобу филмномаҳои таълимӣ  ва консертҳои гуворо дошта бошад ҳам, боз аслиҳаи дасисаю иғвоангезӣ ҳам шудааст. Бинобар ҳамин телефонҳои мобилиро бо маданияти баланд, бо идроку андешаи солим    бояд истифода намоем.

         Дар  ҳошияи  суханрониҳои  декани  факулта,  ноиби  ректор  оид ба  корҳои  тарбия  ва  иҷтимоӣ  Наимзода  Д. Н.  доир ба муҳтаво, ба хусус шарҳи таълиму тарбия баён намуда, аз ҷумла, чунин ибрози ақида намуданд:

          Олимони соҳаи педагогика гуфтаанд, ки нахуст таълим баъд тарбия лекин ин замон бисёр таълимотҳо  бар он ақидаанд, ки аввал тарбия баъд таълим     зеро шахсе, ки ботарбия аст ӯ илмро низ аз худ мекунад ва шахси бетарбия ҳамеша нодон ва дар назари дигарон нописанд аст. Одоби шоиста далели   саводнокии шахс мебошад. Мо бояд бо масъулият ва фаҳанги   баланд ба омӯзиши илму маърифат омодагӣ дошта бошем Чуноне, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  рушди соҳаи илму маориф омадааст, мо бояд аз илми тамоми соҳаҳо бархурдор бошем. Ба  роҳбарони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки,  бахусус, дар соҳаи илмҳои дақиқ ва риёзиёт,  геология мутахасисони баландсифат тарбия намуда, барои  омӯзиши мавқеъҳои ҷуғрофии кишвар, коркарди мавзеъҳои маъданиро ба роҳ монда    дар истеҳсолот истифода намоянд.  Ғамхории хирадмандонаи пешвои миллат, пеш аз ҳама, барои саводнок шудани мардуми Ҷумҳурӣ аст,  то ки мо бо фарҳанги ҷаҳонӣ ҳамбар шуда, ватани азизамонро ба пешрафтатарин кишвари дунё табдил диҳем.

          Яке аз масъалаи муҳим, ки имрӯз доғи ҷомеа шудааст, ин тероризм ва экстримизм аст, ки  бештар аз бесаводию нодонӣ ва гумраҳии гурӯҳҳои тундрав ба назар мерасад.   Чанде пеш ба мо аз раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила  дар бораи бо донишҷӯён фаҳмондани тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои интернетӣ барқияҳо расиданд. Ва мо бори дигар шуморо огоҳ менамоем, ки баҳудаю беҳуда ба сомонаҳои интернетӣ машғул нашуда, бештар аз пайи омӯзиш ва ободии кишвари худ бошед.   Шумо  донишҷӯёни Донишкадаи фарҳанг ва санъат ҳастед ва ин ҷо омӯзиши фарҳанг аст. Дар баробари донишомӯзӣ шумо бояд симои зоҳириятонро низ нигоҳ доред, маҳз ана ҳамин симои зоҳириятон аз андешаҳои фарҳангиятон дарак  медиҳад. Дар охир устодон ба донишҷӯён саломатӣ ва барору комёбӣ орзу намуданд.

 

Дилшод  УМАРОВ.