Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” барои беҳтарин хонандагони китоби «Офтоби тарбият»  озмун эълон мекунад.

         Китоби мазкур дорои моҳияти баланди тарбиявию маърифатӣ буда, дар он хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тавзеҳ ва таблиғ мешаванд.

    «Офтоби тарбият» силсилаи мақолаҳои илмию оммавии донишмандони варзидаи тоҷикро дар бар гирифта, хиради воло ва маърифати беназири ниёгони барӯманди моро ба таври барҷаста инъикос менамояд. Омӯзиши амиқи китоби мазкур, махсусан, барои наврасону ҷавонон ибратбахш ва донишафзо хоҳад буд.

        Давраи омодагӣ ба озмун (мутолиаи китоби «Офтоби тарбият»)  аз 18-уми феврал то 18-уми марти соли равонро фаро мегирад.

   Озмун рӯзи 18-уми март (дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз) ҷамъбаст мегардад. Дар ин рӯз довталабон (донишҷӯён) дар назди ҳайати доварон аз имтиҳонҳои (хаттӣ ва шифоҳӣ) гузашта, ба суолҳо оид ба мазмуну муҳтавои китоби «Офтоби тарбият» посух мегӯянд.

       Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва ифтихорномаи донишкада қадрдонӣ хоҳанд шуд.

      Иштирок дар ин озмун ва пирӯзӣ дар он боиси ифтихору шарафмандии ҳар як донишҷӯй хоҳад шуд!

      Телефонҳо барои маълумот: 2 31-18-27, 2 31-24-17

 

Ҳайати тадорукоти озмун.