Дар фазои фарҳангу маънавиёти Тоҷикистон боз як устоди ҷавону умедбахш — Сӯҳроб Зокиров рисолаи илмии худро бо унвони «Нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дифоъ намуд. ки ҳоло вазифаи ёвари ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-ро ба зимма дорад.

    Сӯҳроб Зокировро ман аз синни хурдсолиаш мешиносам. Ӯ 2-юми сентябри соли 1991 дар деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ  (ҳоло – маҳаллаи Шайнак, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе) таваллуд шудааст.

    Сӯҳроб соли 1998 ба синфи 1-уми мактаби миёнаи рақами 57 (44)-и ноҳияи Рӯдакӣ (ҳоло – МТМУ рақами 127-и ноҳияи Фирдавсӣ) қадам ниҳода, соли 2008 онро бо баҳои аъло хатм менамояд. Бояд гуфт, ки Сӯҳроб дар замони мактабхонӣ яке аз хонандагони фаъол ба шумор мерафт ва дар ҳамаи чорабиниҳои доирнамудаи мактабӣ фаъолона ширкат меварзид. Ӯ ба мактаб ва илму дониш меҳру рағбати хеле калон дошт. Ҳамин шавқу рағбат ва дилбастагиаш буд, ки ӯро пас аз хатми мактаб ба сифати муаллими фанни таърих ва роҳбари созмони хонандагон ба кор таъйин намуданд.

    Сӯҳроб ҳар саҳар, пеш аз ҳама, ба ҷойи кор ҳозир шуда, ба дарсҳои худ омодагӣ мегирифт. Шахси масъулиятшиносу заҳматқарин аст. Ҳамин масъулиятшиносиву меҳнатдӯстӣ ва меҳру муҳаббат нисбат ба мактабу маориф ӯро ба даргоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон овард. Ӯ соли 2015 пас аз хатми шуъбаи кори иҷтимоии факултети фалсафаи донишгоҳ ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои тарбия дар мактаби деҳа ба кор омад ва дар ин ҷо то соли 2017 фаъолият намуд.

   Соли 2017 Сӯҳроб Зокировро ба МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» ба сифати ёвари ректор ба кор даъват карданд ва ҳамин тавр ӯ аз соли 2017 то имрӯз дар ин даргоҳи фарҳангу санъати тоҷик ифои вазифа дорад.

   Номбурда соли 2017 ба аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2021 онро хатм намуд.

   Соли 2018 мавзуи илмии Сӯҳроб Зокиров дар Шурои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) тасдиқ гардид ва ӯ дар баробари кору фаъолияти омӯзгорӣ дар донишкада, бо рағбати зиёд ба кори илмӣ –таҳқиқотӣ машғул мешавад. Дар ин миён чанд китоберо мураттаб сохта, ба чоп ҳозир намудааст, ки «Се соли рушди ҳунару истеъдод» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

   Маврид ба зикр аст, ки роҳбари илмии Сӯҳроб Зокиров доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Усмонзода Хайриддин Усмон мебошад, ки то соли 2021 вазифаи ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»-ро ба зимма дошт. Ҳоло устод Усмонзода Хайриддин Усмон вазифаи директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дорад.

     Бо самими қалб шогирди устод Сӯҳроб Зокировро бо ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, барояш дар оянда барору комёбиҳои боз ҳам бештарро таманно менамоям.

 

Саидмаҳмуд САИДҲОМИДОВ,

мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқӣ,

аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон