Тарбияи ахлоқиву маънавӣ, омӯзиши ҳунару ҳунарварӣ, зебопарастии зоҳируву ботинӣ, бомаърифатӣ, ки ба инсони фарҳангӣ дар тарғибу ташвиқи  аҳли ҷомеа барои рӯй овардан ба расму оинҳои миллии аз гузаштагонамон ба мо меросмонда таъсири мусбат расонда наврасону ҷавононро барои арҷ гузоштан ба мероси моддию ғайримодии фарҳангӣ ҳидоят мекунад.

   Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату муассисаҳои илмию фарҳангӣ,  муассисаҳои таълимӣ, ҳукумати  шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо  ҷиҳати дастгирии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  пайваста чорабиниҳое доир карда мешавад, ки   ҷанбаҳои тарбиявӣ дошта, баргузории он барои худшиносию худогоҳии миллии хар як фарди ҷомеа  манфиати бештар мерасонад.  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳар як амру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи кори худ дониста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо иштироки фаъоли омӯзгорону донишҷӯён дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, ба ин васила дар амал гардидани сиёсати фарҳангпарваронаи-Пешвои миллат саҳми хешро  гузорад.  Ин тадбир аз тарафи ректори донишкади  доктори илмҳои филологӣ Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва ноиби ректор оид ба  корҳои тарбия номзади илмҳои педагогӣ  Дилором Сангинова дар фароҳам овардани шароит барои иштироки донишҷӯдухтарон дар фестивали  ноҳиявии «Чакомаи гесӯ» амалӣ гардонида шуд.   Бо ин мақсад рӯзи 3 апрели соли равон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 101   ноҳияи Сино аз тарафи ҳукумати ноҳияи мазкур даври аввали ноҳиявии фестивали «Чакомаи гесӯ» доир гардид, ки дар он донишҷӯдухтарони донишкада Мафтуна Маҷидова, Бибиноз Хушбахтова, Мухлиса Муратова, Хуршеда Муродова, Расмия Раҳимзода, Нилуфар Ҳоитова иштирок карданд.

   Донишҷӯдухтарони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  аз иҷрои шартҳои дар озмун овардашуда: қироати шеър, намоиши гесуи гулдухтарон, маросими саршӯёни гуларӯс, намоиши либоси миллӣ баромад карда, ба даври шаҳрии он роҳхат ёфтанд.

   Аз шартҳои дар боло номбаршуда  маълум мегардад, ки ҳадаф аз баргузории фестивали  мазкур дар  ҷумҳуриамон ташаккули анъанаҳои миллӣ дар тарбияи ахлоқии духтарон, омӯзондани ҳунар, ошноӣ пайдо кардани онҳо ба ашъори баландмазмуни  бузургони соҳаи адабиёту санъат, то чӣ андоза воқиф будани онҳо аз расму оин,  дарки мусиқӣ, тарзи ба бар кардани либоси миллӣ,  ороиши рӯйу мӯй ва ғайра буда, мақсади дигари он омода кардани духтарон ба ҳаёти мустақилонаи оилавӣ  мебошад.

   Фестивал — озмунҳо  ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ, ки   дар ҷумҳуриамон баргузор карда мешавад ба тарбияи ҳамаҷиҳатаи ҷавондухтарон, ки масъулияти тарбияи фарзанд ва солимии оилаю ҷомеа  ба маърифатнокии онҳо  алоқамандии бештар дорад, заминаи боэътимод фароҳам меоварад.

Қобилҷон Саидов,

масъули корҳои тарбия