Китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд гардида, афкору андешаи худро барои ояндагон ба мерос мегузорад.

   Маҳз, бо шарофати китоб мо аз аслу насли хеш огоҳ гардида, барои дарки моҳият ва арзиши баланди таъриху фарҳанги ниёгон, ҷойгоҳи он дар тамаддуни башарӣ ҳар саҳифаи онро бо ҳусни зеҳн мутолиа мекунем ва барои насли созандаи ҷомеаи нав таҷрибаи ибратангези аҷдодонро тарғибу ташвиқ менамоем.

   Китоб яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Аммо барои он ки китоб вазифаи иҷтимоии хеш – ибратомӯзиро талқин намояд, инсонҳоро дар рӯҳияи худшиносиву ифтихор аз марзу бум ва дастовардҳои миллат тарбия намояд, ворисони арзандаи таъриху тамаддуни аҷдодиро ба воя расонад, ҷӯяндаи ҳақиқатро ба самти дурусти дарёфти он далолат кунад, он бояд аз ҳар ҷиҳат арзандаи мутолиа бошад. Барои офаридани китоби пурарзиш бешак муаллиф заҳмати зиёд мекашад. Зеро китоб маҳсули заҳмату талошҳои зиёди эҷодкор аст.

   Дар мавриди китобҳои тарҷумашуда низ ибрози ҳамин андешаро зарур медонем, ки барои тарҷумаи матн аз дигар забон  тарҷумон кӯшиш менамояд, ки матни аслро то ҳадди имкон бе камбудӣ дастраси хонанда гардонад. Бинобар ин, дар раванди тарҷума на танҳо лаёқати тарҷумонӣ, балки мавҷудияти дониши касбӣ, ҳамон донише, ки барои дарки маънии матни аслӣ зарур аст, нақши муҳим мебозад

   Ҳадафи мо тарғиби «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» — китобест, ки соли 2019 аз забони русӣ тарҷума шуда, мутарҷими он номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода Шосаидзода Сафар  Ҳасан мебошад.

   Муҳимтарин нуктае, ки ибрози онро зарур медонем, ҳамин аст, ки «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» ё ба забони русӣ – «Универсальная десятичная классификация» китобест, ки дар заминаи ҷадвалҳои он  фонди аксарияти кулли китобхонаҳои олам ҷобаҷо гузошта шуда, ноширон мансубияти китобу мақолаҳои илмиро ба ин ё он соҳаи илму амалия тибқи индексҳои (намояҳои) он муайян мекунанд.

   Тарҷумаи матни «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ» дар заминаи дониши баланди касбӣ анҷом дода шуда, ҷадвалҳои он ба сифати дастури методӣ барои истифодабарӣ дар системаи китобхонаҳои марказонидашуда ва муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони соҳаи китобдориро омода мекунанд, пешбинӣ шудаанд.

   Аз дастури мазкур, инчунин омӯзогрон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, онҳое, ки дар зинаи доктор (PhD) таҳсил мекунанд, инчунин роҳбарони китобхонаҳо, мутахассисони хадамоти методии китобхонаҳо истифода бурда метавонанд.

   Барои дарёфти ҳарчи бештари  иттилоот мундариҷаи  «Таснифоти даҳгонаи универсалӣ»  манзури хонандагон мегардад:

 

МУНДАРИҶА

Пешгуфтор……………………………..……………………………………..3

Ҷадвалҳои асосӣ………………………..……………………………….……10

0 Шуъбаи умумӣ………………………..…………………………………….10

1 Фалсафа. Равоншиносӣ…………………………………………………. .19

2  Дин. Илоҳиёт……………………….……………….………………………21

3  Илмҳои ҷомеашиносӣ………………………. .…………………………..25

4 Аз соли 1961 инҷониб озод аст

5  Математика. Илмҳои табиатшиносӣ..………………………………………..37

6  Илмҳои амалӣ  (татбиқӣ). Тиб. Техника……………………………………..66

7  Санъат. Санъати амалӣ-ороишӣ. Аксбардорӣ. Мусиқӣ. Бозиҳо. Спорт……………………………………………………………………………………………..112

8 Забоншиносӣ. Филология.  Адабиёти бадеӣ. Адабиётшиносӣ………..117

9  Ҷуғрофия. Зиндагиномаҳо. Таърих……….…….………………………..128

Ҷадвалҳои ёрирасон………………………….………………………………..132

Адабиёт………………………………………………..…………………………187

 

 

Холов БОЗОРБОЙ, Зафари  ШАРИФ,

 омӯзгорони кафедраи китобхонашиносӣ

ва библиографишиносии

ДДФСТ  ба номи Мирзо Турсунзода.