Имрўз дар  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» таҳти унвони «Имкониятҳои рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамои он» Форуми III  илмии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии соҳаи сайёҳии  мамлакат доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки форуми мазкур ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018- 2028» бахшида шуда буд. Дар кори чорабинӣ роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияи нав, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ректорони муассисаҳои олии таълимии кишвар ширкат намуданд.  

МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» дар ин форум гўшаи  беҳтарини сайёҳиро бо аксу мусаввараҳои табиати биҳиштосои диёр ва ёдгориҳои таърихӣ ташкил намуд. Ҳамчунин ба озмуне, ки  дар доираи ин форум баргузор гардид  донишҷўёни курси  якуми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондории факултаи фарҳангшиносӣ: Яқубзода Амирхон, Қурбонов Рамазон, Элназарзода Шамсиддин, Шокирова Наргиза  маърўзаҳои илмии худро бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ пешниҳод намуданд. Қурбонов Рамазон аз рўи баромад дар мавзўи  «Нақшаи тиҷоратӣ: сохтани меҳмонхона дар ноҳияҳои кўҳии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон: Ш. Шоҳин, Ховалинг, Муъминобод ва Балҷувон»    ғолиби ҷойи 3-юм ва соҳиби мукофот бо маблағи 1000 сомонӣ, мавзўи илмии Яқубзода Амирхон  «Роҳҳо ва заминаҳои рушди туризм дар вилояти Суғд» сазовори ҷои 2-юм ва соҳиби мукофот бо маблағи  1500 сомонӣ, Элназарзода Шамсиддин  бо маърўзаи «Tourism and recriational resources of Tajikistan» сазовор ба ҷои 3-юм  ва бо дипломи  Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

 

 

 

 

 

   

Саҳми омўзгорони кафедраи технологияи иҷтимоӣ- фарҳангӣ ва сайёҳӣ Ашуралиев Муродалӣ- номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедра,  Саъдуллоев Асадулло, Одинаев Қосимҷон, Шарифзода Зарангез дар омода кардани донишҷўён, ҷиҳати иштирок дар озмун, назаррас аст.

  Роҳандозӣ кардани чунин ҳамоишҳои илмӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ба хусус муассисаҳое, ки самти фаъолияташон ба тайёр кардани кадрҳои баланди соҳаи сайёҳӣ нигаронида шудааст, манфиати бештар ба бор оварда, наврасону ҷавононро ба дўст доштани ватану диёри азизамон Тоҷикистон ва оянда муаррифӣ кардани давлатамон ҳамчун пойгоҳи сайёҳӣ дар арсаи ҷаҳонӣ раҳнамоӣ менамояд.

Қобилҷон САИДОВ,

декани факултаи

фарҳангшиносии МДТ «ДДФСТ

ба номи Мирзо Турсунзода»