Робитаҳои байналмилалии донишкада яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои такмили ихтисос, омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмии байналмилалӣ, ташкили таълими донишҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои бонуфузи таълимии хориҷи кишвар, дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалии илмиву таълимӣ ва эҷодӣ  роҳандозӣ менамояд. Дар ин самт фаъолият хуб роҳандозӣ гардида, натиҷаҳо низ самарабахш мебошанд.

   Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2022 дар Филиали минтақавии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Фарғона бахшида ба наврузи байналмилалӣ Озмуни байналмилалии навозиши созҳои миллии мусиқӣ таҳти унвони “Навруз тароналари” баргузор гардид. Мақсади озмуни мазкур эҳё намудан ва нигаҳдошти мусиқии миллӣ бо истифода аз асбобҳои миллии соҳаи навозандагӣ буда, дар шакли навозиши инфиродӣ ва гурӯҳӣ (ансамбл) гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар озмуни мазкур аз 8 давлат довталабон ширкат намуданд.

   Аз ҷумла, аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба озмуни мазкур 12 номгуи мусиқӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада пешниҳод гардида, тариқи ғайриҳузурӣ (бо пешниҳоди сабти видеоӣ) дар кори озмун ҷой дода шуд. Дар рафти озмун донишҷӯёни мазкур бо истифода аз созҳои миллии мусиқӣ ширкат варзиданд: Қаландарзода А. (дар сози қонун), Саъдонов Б. (дар сози рубоби афғонӣ), Ашуралиев И. (дар сози рубоб – прима), Назаров М. (дар сози қонун), Талбизода М. (дар сози думбра), Мамаднабиева Н. (дар сози сетор), Муродов Н. (дар сози най), Исмоилов С. (дар сози рубоби қошғарӣ), Хушаев У. (дар сози танбур), ХуррамшоеваФ. (дар сози ғиҷҷак), Бойматов Ш. (дар сози чанг) ва ансамбли донишҷӯён.

 

 

 

 

 

 

    Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмуни байналмилалӣ 4 нафар донишҷӯёни донишкада — Ашуралиев Идибек (дар сози рубоб – прима) сазовори ҷои дуюм, Талбизода Меҳроб (дар сози думбра), Муродов Наҷибулло (дар сози най) ва Саъдонов Бахтибек (дар сози рубоби афғонӣ) сазовори ҷойи сеюм гардида, бо дипломҳои озмуни байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд. Боқимонда иштирокчиёни озмун бо диплом барои иштироки фаъолона, инчунин омӯзгорони донишҷӯёни ғолибомада бо диплом барои омода намудани ғолибон қадрдонӣ гардиданд.    Аз 1 то 28 марти соли 2022 бошад дар Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтойи Федератсияи Россия VI –мин озмуни байналмилалӣ оид ба забони русӣ таҳти унвони «Великое русское слово, свободным и чистым пронесем» баргузор гардид. Мақсади озмуни мазкур ҷалби хоҳишмандон ва омӯзандагони забони русӣ аз кишварҳои хориҷӣ буда, тариқи онлайн миёни кишварҳои ИДМ гузаронида шуд. Дар озмуни мазкур 7 нафар донишҷӯёни донишкада тариқи ғайриҳузурӣ (бо пешниҳоди сабти видеоӣ) ширкат варзида, натиҷаҳо назаррасро ба даст оварданд.

     Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамони озмун донишҷӯёни донишкада — Набизода К., Махкамов Н., Ҷумазода Ш., Абдуллозода О. ва Наврузова Н. бо Дипломи лаурети дараҷаи 1, инчунин Алиев П. бо Дипломи лаурети дараҷаи 2  ва Бегов М. бо Дипломи лаурети даҷаи 3 қадрдонӣ гардиданд. Ғолибонро ҳайати ҳакамони озмун бо роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанги Олтой – профессор Полякова Елена Александровна тариқи онлайн табрик намуда, нисбат ба сатҳи маҳорати донишҷӯён баҳогузории баланд ва назари нек намуданд.   

    Ҳамчунин, Меҳриддин Холов – сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ бо Грамотаи фахрӣ барои ҳамкорӣ дар баргузории озмун, Нуъмонова Гулчеҳра – мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна ҳамчун ва Каримова Гулнора – омӯзгори калони кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна барои саҳми арзанда дар омоданамоии намудани донишҷӯён ба озмуни байналмилалӣ бо Грамотаи фахрӣ барои омода намудани ғолибон қадрдонӣ гардиданд.

     Санаи 29 апрели соли 2022 аз ҷониби ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин диплому сипосномаҳои байналмилалӣ дар ҳузури омӯгорону донишҷӯён ба ғолибони озмунҳо тақдим карда шуд.

Меҳриддин Холов

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ