26 октябри соли 2019 дар  толори ,консертии  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  вохӯрии устоди Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Тухтасин Ғафурбеков бо устодону донишҷӯёни   донишкада баргузор гардид. Мавсуф перомуни алоқамандӣ ва пайвандии мусиқии халқҳои  тоҷику  ӯзбек ва таҷрибаи тайи солҳои зиёд андӯхтаи хеш ба ҳозирин маълумот ироа дошт. Ӯ, ҳамзамон, дар бораи хизматҳои бузурги бастакори варзидаи ӯзбек Мутал Бурҳонов  дар рушди мусиқии касбии композиторӣ ва суннатии халқи ӯзбек сухан ронд.

   Суруди «Намедонам чӣ ном дорам»-и композитор дар сабти ҳунарманди машҳур Давид Муллоқандов ба саҳми ҳозирин расонда шуд. Чи тавре ки  Т. Ғафурбеков зикр намуд, «композитор Мутал Бурҳонов бо асарҳои эҷоднамудааш пешгоми замони хеш буд». Сипас, Т. Ғафурбеков  дар бораи  қасидаи «Алишер Навоӣ» — и  копозитор М. Бурҳонов ва китоби навиштаи ӯ «Бурҳоннома» маълумоти муфассал дод. Дар хотима сабти сурудҳои эронии «Гули гандум» ва суруди курдии «Дамкӯл», ки аз ҷониби Мутал Бурҳонов барои яккахон, хор ва оркестр такмил дода шудааст, ба самъи ҳозирин расонида шуд. Садои яккахон Муҳаббат Шамаева хело дилрас буд.

   Худи ҳамин рӯз, дар  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода  дарси маҳорати  «Санъати Шашмақом» -и Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Замира Суюнова дар бахши  сурудхонии суннатӣ бо ҳамдастии Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон Абдураҳмон Холтоҷиев дар сози чанг баргузор гардид. Замира Суюнова дар бораи устоди худ — ҳунарманди машҳури Ӯзбекистон маълумот дода, оид ба тарзи сурудхонии суннатӣ, нафаси мусиқӣ, талаффузи сухан, тарзҳои гуногуни иҷроӣ маълумоти муфассал ироа дошт. Ӯ порчаҳо аз сурдҳои «Савти чоргоҳ», «Галдер» ва суруди тоҷикии «Лаъли Яман»-ро бо маҳорати баланди ҳунарӣ иҷро намуд.

   Ҳунарманд Абдураҳмон Холтоҷиев дар бораи сози чанги суннатӣ, созтароши машҳури Ӯзбекистон Усмон- ака, тарзи ҷӯри сози чанг ва иҷрои асарҳои гуногуни мақомию мардумӣ ибрози назар намуд.

  Фестивали  байналмилалии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои  фарҳангии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» барои рушди минбаъдаи ҳамкории байни ҳунармандони соҳа,  санъати мусиқии  касбӣ- оҳангсозӣ, суннатӣ, мардумии халқи тоҷик ва дигар мардумони пасошӯравӣ заминаи эътимодбахш хоҳад гузошт.

Абубакр ЗУБАЙДӢ,
номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқӣ ДДФСТ ба номи М. Турсунзода