Дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо ширкати директори  Академияи мақоми Ҷумҳурии Ўзбекистон Соҳибжон Бекматов- Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон   Аҳмаджон Дадаев ва Ҳунарманди мардумии Ӯзбекистон   Абдулаҳад Абдурашидов бо иштироки устодон ва донишҷўён дарси маҳорат (мастер — класс)  гузаронда  шуд.

Пеш аз шурўи дарси маҳорат ғиҷакнавози машҳури  Ҷумҳурии Ўзбекистон Аҳмаджон Дадаев перомуни  раванди таҳкими ҳамкории неку судманд, дӯстиву бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуда, зикр сохт, ки маҳз бо саъю талош ва ташаббусҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  муҳтарам Шавкат Мирзиёев  муносибатҳои фарҳангии кишварҳоямон рушд намуда истодаанд.

 Аҳмаджон Дадаев, иброз дошт, ки ҳамасола аҳли эҷоди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорабинииҳои сатҳи фарҳангии ҳамдигар ширкат варзида, дар рушди фарҳанги ду мамлакат саҳм мегузоранд. Дар шароити душвори пандемия аҳолӣ, пеш аз ҳама, ба фарҳанг ниёз дорад, зеро фарҳанг ба онҳо имкон медиҳад бо рӯҳияи болида ва иродаи қавӣ ба вазъиятҳои буҳронӣ мубориза баранд.

Ба гуфтаи найнавози маъруф Абдулаҳад Абдурашидов, бори аввал нест, ки ҳунармандони Ўзбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд. Ин давлатҳо бо санъат ва расму оин бо ҳам алоқамондии зич доранд. Сулҳу ваҳдат бевосита аз сиёсати пешгирифтаи президентони  ҳарду  давлат маншаъ мегирад. Тавсеаи равобити фарҳангии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон, табодули таҷриба байни донишҷўёну устодон, баргузор намудани барномаҳои консертии муштарак ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар шароити ҷомеаи муосир танҳо ба манфиати тарафайн хоҳад буд.

Дар рафти дарси маҳорат аз тарафи меҳмонон, ғиҷакнавози машҳури  Ҷумҳурии Ўзбекистон Аҳмаджон Дадаев ва найнавози маъруф Абдулаҳад Абдурашидов бо истифода аз созҳои ғиҷаку най якчанд мусиқии дилнавоз аз эҷодиёти бастакорони муосир ва навоҳои суннатии ниёгонамон, аз қабили “Дугоҳ”, “Сегоҳ” ва “Салқинчаи савти ушшоқ” — ро навохта, бо ҳунарнамоии худ хотири ҳозиринро шод гардонданд. Аз истиқболи гарм ва кафкӯбиҳои бардавоми иштирокдорони дарси маҳорат маълум буд, ҳунармоии меҳмонон ба онҳо хеле писанд омадааст.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмононро бори дигар ба донишкада хайрамақдам гуфта, тазаккур дод, ки робитаҳои гуногунҷанбаи байни тоҷикону ӯзбекҳо бар таҷриба ва муносибатҳои дарозмуддате, ки дар раванди таърихӣ ба миён омадаанд, асос ёфтааст. Умумияти анъанаҳо, расму оин, ақоиди динӣ, тарзи зиндагӣ ва ҳатто услуби либосҳои миллӣ, инчунин хусусиятҳои санъати мардумӣ, ки тӯли асрҳо ташаккул ёфтаанд, табиатан халқҳои моро ба ҳам наздик намуданд.

Сипас, ректори донишкада ба меҳмонон барои дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани дарси маҳорат изҳори сипос намуда, онҳоро бо Сипосномаи донишкада сазовор гардонд.

Додоҷон РЎЗИЕВ