Дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи санъати мусиқӣ муассисаҳои бачагонаи санъат нақши асосӣ дошта,  заминаи мустаҳками соҳавиро  фароҳам месозанд. Аз ин рӯ, Донишкадаи  давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ташкили ҳама гуна барномаҳои омӯзишӣ ҷалби хонандагони муассисаҳои бачагонаи санъати пойтахтро   дар мадди назари аввал гузорад.

   Бо ин мақсад дар доираи баргузории Фестивали байналмилалии «Шарқ- Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои  мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»  рӯзи  28 октябр дар толори консертии   Мактаб-интернати миёнаи  махсуси санъати  ба номи  Миратулло  Аттоев дарси маҳорат барои хонандагони шуъбаҳои фортопианои мактабҳои мусиқӣ бо иштироки барандаи озмуни байналмилалӣ,  омӯзгори Консерваторияи давлатии ба номи М. И. Глинкии  шаҳри Новосибирск Тончук Полина  дарси маҳорат баргузор гардид.

   Зимни баргузории дарси маҳорат  аз ҷониби таълимгирандагони  ин муассисаи таълимӣ  тарзи навохтани  асбоби  роял ва пианино  нишон дода шуд.

   Тончук Полина  аз таҷрибаи омӯхтаи худ ба хонандагон  доир ба усули дурусти навозиши  мусиқӣ маслиҳатҳои муфид дод.

   Бо оҳанги «Навои баланд», ки аз ҷониби хонандаи ин мактаби санъат ба иҷро расонида шуд, дарси маҳорат анҷом ёфт.

   Диққати махсус додани муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ, бахусус соҳаи санъати мусиқӣ ба муассисаҳои бачагонаи санъат имкон медиҳад, ки дар оянда барои тайёр кардани мутахассисони хуби соҳаи санъати сарояндагӣ, навозандагӣ, иҷрокунандагӣ заминаи боэътимод гузошта,  ҷиҳати тарбия  намудани онҳо дар донишкадаҳои касбӣ ва бо ин роҳ пурра гардондани фазои мусиқии анъанавии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ  саҳм гузоранд.

[metaslider id=1949]

Бобоҷон РАҲИМОВ,

омӯзгор