Ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар баробари забони тоҷикӣ ва аз  беҳтарин намунаҳои назмию насрии осори адибони кишварҳои хориҷӣ бархӯрдор гардидан насли наврасу ҷавон дар ҳаёти  имрӯзаи мо, махсусан дар ташаккулу такомули тафаккури афроди ҷомеа  нақши босазо дорад. Аз ин рӯ, имрӯзҳо  дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз зинаи таҳсилот, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда истодаанд. Албатта, барои завқманд кардани донишҷӯён дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони русӣ роҳҳои зиёде мавҷуданд, ки  истифодаи онҳо аз тарафи омӯзгорони собиқадор дар раванди таълим самараи бештар дода,  барои пайваста мутолиа намудани асарҳои баландмазмун ва ба ин восита бой гардондани фонди луғавии омӯзандагони он   мусоидат менамояд.

  3 апрели соли равон аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷиткистон ба номи Мирзо Турсунзода»  Ш. Азизова, Г. Самадова, Г. Худойбердиева, М. Назарова, Ф. Султонова бахшида ба 115 — солагии адиби рус Михаил Шолохов дарс- конференсия дар доираи фаъолияти маҳфили «Дӯстдорони забонҳои хориҷӣ» доир гардид, ки дар он донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзноманигории телевизион, санъати актёрӣ, режиссураи намоишҳои театрӣ, саёҳат ва меҳмондории факултаҳои донишкада ширкат варзиданд.

   Маҳфилро омӯзгори калони кафедра Ширинмоҳ Азизова оғоз бахшида, сипас омӯзгори кафедра Гулшан Худойбердиева, донишҷӯёни курси 1-уми шуъбаи рӯзноманигории телевизион Сафия Назарова, Мафтуна Ашрафова, Нилуфар Зубайдова, Амина Хишолова, Салима Муродова бо маърӯзаҳои худ оид ба ҳаёт ва фаъолияти Михаил Шолохов, асарҳои эҷодкардаи ӯ  ибрози назар намуда, маълумоти муфассалро   тариқи рӯнамоӣ  (презентатсия) манзури  иштирокдорони  маҳфил гардонданд. Ҳамзамон, дар ҳамоиш донишҷӯён суханони бузургонро, ки дар васфи нависанда Михаил Шолохов гуфта шудаанд, ба самъи ҳозирин расонданд.

   Маврид ба зикр аст, ки асарҳои адиби маъруфи рус М. Шолохов  «Дони ором», «Қиссаҳои Дон», «Хол», «Замини корамшуда», «Тақдири инсон»  ба  чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, аз мазмун ва мундариҷаи онҳо дӯстдорони каломи бадеъ баҳраёб гардидаанд.

   Ба роҳ мондани чунин маҳфилҳо дар ташаккули маънавии донишҷӯён мусоидат карда, завқи онҳоро ба омӯзиши забони русӣ, мутолиаи асарҳои адибони дигар халқу миллатҳо бештар мегардонад.

 

Бобоҷон  РАҲИМОВ,

мудири бахши  сифати  таҳсилот