Таҳти ҳамин унвон 22 сентябри соли равон дар Театри таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба гиромидошти Рӯзи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии фарҳангӣ -адабӣ баргузор гардид. Мақсад аз баргузории маҳфили фарҳангӣ — адабӣ арҷгузорӣ ба каломи назмию насрии адабиёти тоҷик аст, ки тавассути қалами ин ду шоир камол ёфтааст, мебошад.

     Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ дар ин маҳфил суханронӣ намуда, зикр сохт, ки ашъори Рӯдакӣ бо сабки ниҳоят содаву равон офарида шудааст, ки имрӯз, яъне пас аз ёздаҳ аср низ ба ҳар хонандаи форсизабон фаҳмост. Рӯдакӣ натанҳо шаклу мазмуни назми тоҷикро ба такомул расонд, балки бо эҷодиёти ғанӣ, гаронбаҳо ва нотакрори худ ба сабки хуросонӣ ибтидо гузошт, ки онро сабки Рӯдакӣ ҳам мегӯянд. Ӯ ҳамчунин асоси адабиёти тоҷик ва гузашта аз ин, бунёди тамоми адабиёти форсизабонро устувор кард. Устод Рӯдакӣ натанҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.

     Ба гуфтаи Муҳриддин Низомӣ, ошноӣ доштан ва азбар кардани ашъори саршор аз панду андарз ва ҳикматомези ин мардони бузург — маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мутафаккири адабгуфтор Ҷалолидини Балхӣ роҳу рӯзгори моро дурахшон мегардонад. Мавсуф, ҳамчунин аз ҳаёти ибратомӯзи шоир Ҷалолиддини Балхӣ ҳарф зада, «Маснавӣ» — и ӯро, ки имрӯз дар Аврупо пас аз Библия пурфурӯштарин китоб дониста мешавад, шарҳ дод.

     Маҳфили фарҳангӣ -адабӣ бо нишон додани филми «Рӯдакӣ» ва садо додани «Суруди Рӯдакӣ» аз ҷониби Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Муродов идома ёфт. Сипас, донишҷӯёни шуъбаи рӯзноманигори телевизион Нигина Азиззода ва Меҳроб Сӯфиев суханони бузургонро дар васфи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ қироат карданд.

     Маҳфил бо қироати шеър аз ашъори устод Рӯдакӣ дар иҷрои донишҷӯёни шуъбаи режиссураи теревизион, ғазали Рӯдакӣ «Бӯйи ҷӯйи мулиён…», оҳанги классикӣ аз ҷониби омӯзгор З. Ҳайдаров бо гурӯҳи шашмақомхонон, композитсияи адабӣ — мусиқӣ аз ашъори Ҷалолиддини Балхӣ аз бойгонӣ, навозиш дар иҷрои донишҷӯи курси 2 -юми ихтисоси мусиқӣ — омӯзгорӣ Мурид Хушназаров ва рақси «Само» дар иҷрои донишҷӯёни шуъбаи хореография ҳусни анҷом ёфт.

Бобоҷон РАҲИМОВ,

муаллими калони кафедраи

маҳорати актёрии факултаи санъати театрии

МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»