Баъд аз касби Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа баланд гардид. Барои таъмини иштироки фаъолонаи бонувон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва идорӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назири Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001 — 2010», «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 — 2016» ва амсоли инҳо мавриди амал қарор гирифтанд, ки ба баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистони соҳибистиқлол такони ҷиддӣ бахшиданд.
Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони ниҳодҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва дигар корхонаву ташкилот аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувон таҳти ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар қарор доранд. Сарвари давлат дар паёмҳо, мулоқотҳо, вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва суханрониҳояшон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи гуногун ҳамеша ба ин масъала рӯ оварда, нақш ва ҷойгоҳи бонувонро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ менамоянд.
Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 оид ба нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ибрози назар намуда, тазаккур доданд, ки имрӯз пешрафти ҷомеаи муосири Тоҷикистонро бе иштироки фаъолонаи занон тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зеро айни замон дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Бар пояи иттилои Сарвари давлат, ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Президенти мамлакат зикр карданд, ки “маҳз ба ҳамин хотир, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад”.
Пешвои муаззамми милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин мавзуи муҳим зимни ироаи Паёми навбатӣ дастур доданд, ки бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрхои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Сарвари давлат бо ифтихор ва рӯҳбаландӣ иброз доштанд, ки Зан — Модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Ҳамзамон, таъкид ба амал оварданд, ки ҳар қадар бузургон модарро ситоиш накунанд ва ба ҳар андозае, ки мо хизмати модарро ба ҷо наоварем, ранҷи бедорхобӣ ва заҳмати ҳатто барои як фарзанд кашидаи ӯро ҷуброн карда наметавонем.
Воқеан, зиндагии ҳар фарди ҷомеа аз меҳру муҳаббат ва сидқу вафодории Зан — Модар маъво мегирад. Зан чароғи мунаввари хонадон, ҳидоятгари ахлоқи нек ва дастгиру наҷотбахши ҳамешагии мо мебошад. Фазилати оливу рушду нумӯи ҷомеа аз талошҳои пайвастаи онҳо сарчашма мегирад.
Ин нукта аз дидгоҳи Пешвои миллат хеле муассир баён гардида, Модарро азизтарин вуҷуди рӯи замин унвон кардаанд, ки зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост.
Ҳамаи ин меҳрубониҳо, суханҳои баланду рӯҳбаландкунанда ва дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо — занону бонувонро беш аз ҳар вақти дигар водор месозанд, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдории миллӣ мавқеи худро устувор намуда, рисолати шаҳрвандиамонро сарбаландона ба ҷо оварда, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Сарвари давлат, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, саҳми назарраси худро гузорем.
Дилором НАИМЗОДА,
муовини ректори Донишкадаи
давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон
ба номи Мирзо Турсунзода”,
номзади илмҳои педагогӣ