Дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи ҷавонон, махсусан фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, нуктаҳои муҳим ироа мешаванд.
Сарвари давлат дар Паёми имсола низ ба масъалаи ҷавонон рӯ оварда, зикр карданд, ки «Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».
Ба андешаи Пешвои миллат, «маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад. Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст».
Яке аз масъалаҳои муҳимми дигаре, ки Сарвари давлат таваҷҷуҳи вакилони халқро ба он ҷалб намуданд, ин барномарезии мунтазами сиёсати давлатии ҷавонон мебошад ва таъкид карданд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ин самт бояд дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чораҳои мушаххас андешанд. Аз ҷумла, Пешвои миллат зикр карданд, ки «мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем. Дар ин замина, зарур аст, ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати қабули барномаҳои маҳаллии кор бо ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд».
Воқеан, Паёми навбатӣ чун дигар паёмҳои Сарвари давлат саршор аз ғурури миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, санадест, ки ормонҳои миллии мардуми тоҷик — яке аз миллатҳои қадимтарин ва дорои таърихи беш аз шашҳазорсоларо инъикос мекунад. Дар ҳар як Паёми хеш Пешвои муаззами миллат пайваста бо муҳаббати беандоза аз тамаддуни бостонии тоҷикон, соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда будани мардуми сарзамини хеш ёдовар мешаванд. Чунин муносибати Сарвари давлат дар қалби ҷавонон шуълаи меҳру садоқат нисбат ба ватани аҷдодиро боз ҳам фурӯзонтар гардонида, онҳоро ба амалҳои созанда, корнамоиҳои шоиста баҳри ҳифзи марзу бум, ободиву бунёдкорӣ ва табдил додани Тоҷикистони азиз ба давлати шукуфову пешрафта раҳнамун месозад.
Мусаллам аст, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз Пешвои миллат ба соҳаи маориф диққати махсус дода, дар ин замина дар саросари кишвар биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ, толорҳои замонавии варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Албатта, нақши мо-ҷавонон бояд дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона хеле назаррас бошад. Пас ҳар як ҷавони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дониши худро мукаммал намуда, барои ободии ин Ватан пайваста саъю талош намояд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат барои инкишофи озодонаи ҷавонон тамоми шароитҳоро муҳайё сохтааст. Вақеан, шароити мусоиди соҳибистиқлолӣ барои мо -ҷавонон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрӯз ҷавонони тоҷик имкон доранд, ки ҳам дар хориҷ ва ҳам дар дохили кишвар таҳсили илм намуда, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисиро аз бар кунанд, фаъолияти самараноки илмиву эҷодии худро дар тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат пеш баранд.
Дар ин радиф метавон аз фаъолияти пурсамари Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ёдовар шуд. Роҳбарияти муассиса дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон собитқадам буда, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида, тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор додааст. Татбиқи барномаи вижаи тарбиявии ҷавонон аз ҷумлаи тадбирҳои мушаххас дар ин самт маҳсуб меёбад. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин тақрибан ҳар моҳ як ё ду маротиба дар байни донишҷӯён озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Дар ҳар чорабиние, ки дар донишкада баргузор мегардад, роҳбарияти муассиса ва иштирокчиён аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонон ёдовар шуда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат тавсияву пешниҳодҳои мушаххас манзур менамоянд.
Таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии кишвар ба ҷавонон баёнгари он аст, ки онҳо қишри фаъоли ҷомеа маҳсуб ёфта, дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи давлат нақши созгор доранд. Давлат барои ворид шудани насли ҷавон ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ шароитҳои мусоид муҳайё намудааст. Ин нуктаҳоро Сарвари давлат зимни мулоқот бо ҷавонони мамлакат ҳанӯз 21 майи соли 2005 баён намуда буданд: «насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз он шукргузор бошанд, ки дар давлати соҳибистиқлол зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд, фарзанди миллати сарбаланду соҳибтамаддун ва ватани ободу мустақил мебошанд. Ин давлати соҳибистиқлол барои имрӯзу ояндаи онҳо ба андозаи имкон шароит муҳайё месозад ва барои рушду нумуи кишвар тадбирҳо меандешад».
Таърихи башар нишон медиҳад, ки ҳар як насл таҷрибаю дониши андӯхтаашро ба насли оянда ба мерос мегузорад. Насли оянда бояд ҳамин таҷрибаю дониши ба мерос гирифтаашро сайқал дода, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро таъмин намояд. Новобаста аз солҳои душвору сангини ибтидои соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва мушкилоти зиёди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ роҳбари ғамхору бунёдкор ва оянданигар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1993 бо ҷавонони мамлакат нахустин вохӯриро анҷом дода, зимнан таъкид намуда буданд, ки «ҳадафи сиёсии мо ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти ватани азизамон мебошад».
Ҷавононро лозим аст, ки дар интихоби касб, бунёди оилаи намунавӣ, муносибати некбинонаю дурбинона ба сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ниҳоят дарёфти мавқеи устувори шаҳрвандӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Дар раванди таълиму тарбия силсилаи пайванди наслҳо набояд гусаста гардад. Маҳз ҳамин хусусияти гусастанопазирӣ пайванди як наслро ба насли дигар қавитар гардонида, арзишу муқаддасотро аз ниёгон ба ворисон интиқол медиҳад ва дар ҷараёни ташаккули симои маънавӣ ва ҳисси худшиносиву худогоҳии намояндагони ҳар миллат нақши калидӣ мебозад.
Дар ҳамин замина, барои тарбияи шоистаи ҷавонон бояд ба пайдарҳамии марҳилаҳои ин раванд аҳамият дод. Ин нукта дар Консепсияи миллии тарбия низ дарҷ гардидааст. Ба таъкиди мутахассисон, панҷ марҳилаи зерини тарбия вуҷуд дорад:
— марҳилаи аввали тарбия аз оила оғоз меёбад. Дар ин марҳила фарзандон аз падару модари худ тарбия гирифта, муҳити зиндагиашонро меомӯзанд, аз мафҳумҳои нахустини деҳа, ноҳия, шаҳр, Ватан, миллат ва ғайра бохабар мешаванд;
-марҳилаи дувуми тарбия дар муассисаҳои томактабӣ идома ёфта, мураббиён дар таҳким бахшидани сифатҳои аввалини миллӣ бо истифода аз дастовардҳои педагогикаи миллӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд;
-марҳилаи сеюми тарбия дар муассисаҳои таълимӣ мегузарад;
-марҳилаи чаҳоруми тарбия ба тайёрии касбии ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ вобаста мебошад. Дар ин марҳила донишу малакаи инсон боз ҳам васеъ мегардад, барои азхудкунии арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ замина муҳайё мешавад.
Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзандон дар тамоми ин марҳилаҳо бениҳоят бузург аст. Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо аҳли маорифи кишвар иброз доштанд, ки: «Падару модарон ба сифати неруи асосӣ ва фаъоли ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳамият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд».
Иқдоми хеле наҷиби Сарвари давлат, яъне баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун нақши бузург бозиданд.
Бо назардошти ин мавзуи муҳим, Сарвари давлат дар суханрониҳои хеш ҷавононро ба илмомӯзӣ даъват намуда, таъкид менамоянд: «Хонед, илм омӯзед, касбу ҳунарҳоро аз худ намоед ва забондон бошед, зеро ояндаи ин миллату давлат дар дасти шумо ҷавонон аст…».
Чуноне ки аз таърих маълум аст, ниёгони мо ба шароитҳои душвори ҳаёту рӯзгори худ нигоҳ накарда, илм меомӯхтанд, касберо аз бар мекарданд. Шароите, ки имрӯз давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо — ҷавонон муҳайё намудааст, агар мо илм наомӯзем, пешаеро аз худ накунем, неъматамон афзун нахоҳад шуд. Чуноне ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармоянд:
Шукри неъмат неъматат афзун кунад,
Куфри неъмат аз кафат берун кунад.
Бинобар ин, махсусан мо — ҷавононро зарур аст, ки бештар омӯзему амал намоем ва роҳи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошем. Чунки роҳе, ки моро ба сӯи андешаи неку, олами андешаҳои созанда ҳидоят месозад, ин мутолиаи китоб аст.
Аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти сотсиологӣ дар байни хонандагон дар мавзуи «Мутолиа дар хона хуб аст ё дар китобхона?», шумораи зиёди респондентон иброз доштанд, ки макони самарбахши мутолиа ин китобхона аст.
Ҷавонони азиз, илм босуръат пеш меравад ва вақт аз он ҳам зудтар сипарӣ мегардад, пас мо бояд бештар мутолиа намоем то соҳибқалому соҳибэҳтиром гардем.
Хулоса, ин ҳама дастоварду пешравиҳои соҳаҳои гуногун ҳаёти ҷомеа, таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба шарофати заҳматҳои шабонарӯзии беназири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ояндаи дурахшон, пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ аз неруи созанда ва бунёдкоронаи мо-ҷавонони ташаббускори кишвар вобаста мебошад.
Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «мо бояд ба он муваффақ шавем, ки дар шуури наврасону ҷавонон эҳсоси қавӣ ва устувори худшиносиву худогоҳии миллӣ ба вуҷуд оварда шавад. Танҳо дар ҳамин сурат ҷавонон метавонанд кори падарони худро идома диҳанд ва Ватану миллати хешро ҳифз кунанд».
Ман ба қудрату тавоноии дӯстони ҷавонам итминони комил дошта, онҳоро даъват мекунам, ки, пеш аз ҳама, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар ва меҳнати самарабахшро вазифаи ҷонии худ дониста, дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо кунанд, дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ, рушди устувор ва ободии ватани азизамон — Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»