ДУШАНБЕ, 14.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат доир ба зарари истифодаи  аз меъёр зиёди  телефони мобилӣ аз  ҷониби насли наврас  изҳори нигаронӣ  карданд. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чӣ бояд кард, то насли наврасу ҷавон бештари вақти худро ба мутолиаи китоб, ки  он сарчашмаи илму дониш ва равшангари роҳи ҳаёти инсонҳост, сарф намоянд?

  Мухбири АМИТ «Ховар» бо ин суол ба мутахассисони соҳа муроҷиат намуд ва ҳоло посухи онҳоро пешниҳоди хонандагон  мегардонем.

  Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов дар ин маврид зикр кард, ки барои ташаккули самараноки фарҳанги мутолиа ҷалби хонандагони хурдсол ба хониш нақши калидӣ мебозад.

  «Зеро «китобситезӣ» ва «китоббезорӣ» падидаи нав нест. Ин низомест, ки муддати тӯлонӣ ташаккул ёфтааст ва дар раванди он омӯзгорону волидайн низ иштирок намудаанд (аксаран ғайри майлу хоҳиши худ, ба иллати танбалӣ ва ғайра ба он мусоидат кардаанд). Чунки хониши иҷборӣ, ки баъзан тибқи майлу хоҳиши волидайн ва барномаи таълимии муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилот роҳандозӣ мегардад, аксарияти нишонаҳои беҳтарини раванди ташаккули фарҳанги мутолиаро аз байн мебарад»,-афзуд Гадобек Маҳмудов.

  «Барои ҷалби хонандагон зарур аст, ки таълими фанни «Асосҳои ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардад. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ силсилачорабиниҳо бо унвони «Китоб ва хонанда» бо ширкати бевоситаи хонандагон баргузор карда шаванд. Дар рӯзҳои  таътили зимистонаю тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри ҷаҳони маънӣ» бо усули хона ба хона тақсим кардани китоб ба роҳ монда шавад. Инчунин китобҳои дар хазинаи китобхонаҳои мактабӣ мавҷуда дар шакли электронӣ  дастраси хонандагон гардонда шаванд»,- иброз медорад мутахассиси соҳа.

  Ба зикри мавсуф, барои ҷалби наврасону кӯдакон волидайнро низ зарур аст, ки масъулиятнокӣ эҳсос намоянд. Онҳо бояд дар баробари ба воя расонидани кӯдак ҳамзамон барои  баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо низ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд.

    Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф иброз медорад, ки барои ҷалби наврасон ба китобхонӣ бояд Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот лоиҳаи «Барномаи рушди китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

  «Таҷҳизонидани китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ, пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби китобҳои тозанашри адибони классику муосир низ дар самти ҷалби наврасон ба китобхонӣ мусоидат менамояд», -иброз дошт Зафари Шариф.

  Ба зикри мавсуф, дар самти омӯзиши масъалаи ҷалби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба хониш ва китобхона вазъият печида боқӣ мемонад.

  «Сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, кам будани таҳқиқоти илмӣ, махсусан таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба проблемаҳои хониши наврасону ҷавонон дар ҷумҳурӣ, бахусус дар деҳот мебошад. Агар якчанд мақолаи илмии олимони тоҷик Сафар Сулаймонӣ, Сафар Шосаидзода, Ҷелмат Шерматов, Бозор Сайфуллозода, Гадобег Маҳмудов, Қурбон Ғуломзода ва Сайфиддин Камолзодаро дар бораи ташаккули фарҳанги иттилоотии наврасону ҷавонон сарфи назар намоем, пажӯҳиши назаррасеро дар ин самт дарёфт кардан душвор аст»,- иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15.02. 2017) иброз намуданд, ки «омили дигаре, ки боиси ташвиш мебошад, беҳуда гузаронидани вақт дар марказҳои компютерист».

  Ба гуфтаи декани факултаи китобдорӣ, таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имконияти мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаванду робитаи мутақобилаи онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

  «Чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегардад. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд», гуфт Зафари Шариф.

  Ба зикри муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов, бо назардошти он ки кӯдакон гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ба шумор рафта, раванди камолоти онҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои синнусолӣ бо нишонаҳои барҷастаи худ тафовут дорад, волидайн дар раванди тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китоб ва умуман, ташаккули фарҳанги мутолиаи он бояд аз имконияти тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ба тарбия алоқаманд самаранок истифода баранд. «Муҳимтар аз ҳама, мусоидтарин фурсат – синни томактабӣ ва синни хурди мактабии фарзандон, ки барои тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китобу хониш давраи муносиб ба шумор рафта, ба раванди камолоти равониву ҷисмонии онҳо таъсири бештар мерасонад, бояд ба таври мукаммал ва самаранок истифода бурда шавад», изҳор медорад ӯ.

  Декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф чунин мешуморад, ки хониши кӯдакону наврасон яке аз проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва педагогӣ — психологӣ ба шумор рафта, аз ҳалли мусбати он пайомадҳои тарбияи насли навраси ҷомеасоз, насле, ки қодир аст на танҳо барои худ, балки барои ояндагон низ ҷомеаи солим бунёд кунад, вобастагии амиқ дорад. «Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имрӯз неруҳои илмию эҷодии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Зеро имрӯз танҳо шиква аз «китоббезорӣ» ва «китобситезӣ»-и насли наврас барои ҷомеа нафъе надорад. Дар ин самт ташкил ва гузарондани таҳқиқоти мақсадноку доманадори сотсиологии хониши кӯдакону наврасон ниҳоят зарур мебошад»,-гуфт ӯ дар идома.

  Ба андешаи Гадобек Маҳмудов, имрӯз дар низоми таҳсилоти муттасил масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ — иттилоотӣ ва библиографӣ волидайн бояд мақоми марказиро ишғол кунанд. Аз ин рӯ барои ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷуда дар самти ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакону наврасон таҳияи «Консепсияи хониши кӯдакону наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2032» зарур аст.

  «Боварӣ дорем, ки олимону мутахассисони соҳа вобаста ба проблемаи мавриди назар ибрози андеша хоҳанд кард. Танҳо бо неруи муштараки марказҳои бузурги китобдорӣ-иттилоотӣ ва олимону мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти мавҷуда муваффақ хоҳем шуд», -гуфт дар интиҳо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»