Дар «Наврӯзгоҳ»-и МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ки бо шиору овезаҳои  «Шод бошед, ки ҷашни Меҳргон омад!», «Меҳргон иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат аст!», «Меҳргон рӯи сурху дастархони пури шумост!, «Иди Меҳргон муборак бод!» оро дода шуда буд, ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

Дар ин ҷашни бостонии мардуми ориёинажод муовини ректори Донишгоҳи Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуҷаббор Шайхзода, докторони илмҳои филологӣ, профессорон Урбатулло Тоиров, Абдушукури Абдусаттор, Бадриддин Мақсудов ва Мисбоҳиддин Маҳмудзода аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон меҳмонон аз муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок доштанд. Ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён меҳмононро бо садои карнаю сурнай ва нону намак истиқбол гирифтанд.  Садорати факултаҳо дар алоҳидагӣ бо суннатҳои ҷашни  Меҳргон бо истифода аз дастранҷи деҳқонон — анвои меваҷоту  сабзавот, ғалладонагию  полизӣ ва таомҳои миллӣ хони меҳргонӣ оростанд.

   

Тавре ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ҷашни Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодӣ, мисли Наврӯзу Тиргон ва Сада ҷан­баҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ(фалакӣ), кишо­варзӣ ва маданӣ дорад. Зимнан, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳа­водиси устуравии пирӯзии Фа­ридун бар Беваросп (Заҳҳок) ир­тиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асри­миёнагии тоҷик Абурайҳони Бе­рунӣ, ки доир ба зиндагии оинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гу­зоштааст, дар «ат-Тафҳим» ни­гоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр, андар ин рӯз Афридун за­фар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад».

Бар пояи иттилои Муҳриддин Низомӣ, сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаву пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя мекарданду онҳоро атрогину хушбӯй месохтанд ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд. Анъанае буд, ки агар дар рӯзи ҷашни Меҳргон тифле ба дунё ояд, ба ӯ номе мегузоштанд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад. Масалан, Меҳрнигор, Меҳринисо, Меҳрубон, Меҳрангез, Меҳрдод, Меҳрноз, Меҳрваш, Меҳрдухт.

Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ ва айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, мо имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ ҷашн гирифта, таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ биёрад.

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Урбатулло Тоиров ҳозиринро бо Иди Меҳргон табрик намуда, тазаккур дод, ки ҷашни Меҳргон, пеш аз ҳама, иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накукорӣ, тантанаи барзгарон буд, ки ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил онро ҷашн мегирифтанд. Ба гуфтаи ӯ, ҷашни Меҳргон иди миллии таърихиву суннатии миллати мо буда, дар баробари Наврӯз ба урфу одат бо гузаштаи дуру наздик ва имрӯзи зиндагии халқамон робитаи ногусастанӣ дорад.

Муовини ректори Донишгоҳи Балх оид ба илм Абдуҷаббор Шайхзода ба раёсати донишкада барои созмон додани чунин як чорабинии сатҳи баланди фарҳангӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик хушбахт аст, ки ҳамин гуна ҷашнҳои бостониро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати саросарӣ таҷлил менамояд. Таманно намуд, ки дар Тоҷикистон аз ин бештар пирӯзӣ, оромӣ, осоиштагӣ ҳукмрон бошад.

  

Прологи “Фирӯзи Меҳргон” дар таҳияи ҳунармандони шоистаи Тоҷикистон Рустам Воҳидов ва Ашӯрмамад Ғуломов, композитсияи адабии муаллими калони кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна Собир Боев “Меҳрбахшо, Меҳргон” дар иҷрои донишҷӯёни шуъбаи режиссураи театронидашуда ва идҳо ва шуъбаи рӯзноманигорӣ ҷолибу диданӣ буданд. Шеъру оҳанг ва рақсҳои дилнавози “Ҷашни Меҳргон”,  “Ватан”, “Гул ба оби ҷӯй”, “Хазонрез”, “Меҳрпайванд”, “Ранҷи деҳқон”, “Масти ту ҳастам”, “Файзи Меҳргон”ва “Ӯ ҷони миллат аст”, ки устодону донишҷӯён ва гулдухтарони ансамди “Бунафша” пешкаш намуданд, хотири иштирокдорони ҷашнвораро болида гардонданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ