ДУШАНБЕ, 21.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар шаҳри Парижи Франсия Форуми вазирони фарҳанги кишварҳои дунё бо сарпарастии ЮНЕСКО ҷараён дорад.

Форуми мазкур 19 ноябр ифтитоҳ ёфта, 20 ноябр кори худро идома дод. Дар кори он 140 нафар вазирони фарҳанг ва муовинони вазирон аз давлатҳои гуногун иштирок доранд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар рӯзи аввали форум суханронӣ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба фарҳанги қадимаву пурғановати миллати тоҷик ва сиёсати дарҳои кушоди пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалб кард.

Инчунин дар рӯзи дуюми форум Президенти Франсия Эммануэл Макрон ва Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле суханронӣ намуданд.

Дар ин рӯз мавзӯъҳои устувор намудани мавқеи фарҳанг, мубориза ба муқобили тамоюлҳои номатлуб дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҷараёни иҷрои Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин форуми бонуфузи байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сафири Тоҷикистон дар Франсия Ҷамолиддин Убайдулло ва Котиби Комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Зулфия Бурҳон ҳамроҳӣ доранд.

Манбаъ:http://khovar.tj/2019/11/dar-forumi-vazironi-far-angi-kishvar-oi-a-on-dar-parizh-ustuvor-namudani-mav-ei-far-angro-barras-namudand/