ДУШАНБЕ, 20.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр дар «Наврӯзгоҳ»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар маросими мазкур ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовини ректори Донишгоҳи Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуҷаббор Шайхзода, докторони илмҳои филологӣ, профессорон Урбатулло Тоиров, Абдушукури Абдусаттор, Бадриддин Мақсудов ва Мисбоҳиддин Маҳмудзода аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Муҳриддин Низомӣ зикр намуд, ки Меҳргон монанди ҷашнҳои дигари аҷдодии Наврӯзу Тиргон ва Сада ҷан­баҳои амиқи фалсафӣ, иҷтимоӣ, тақвимӣ-нуҷумӣ (фалакӣ), кишо­варзӣ ва маданӣ дорад. Зимнан, таҷлили ҷашни Меҳргон бо ҳа­водиси устуравии пирӯзии Фа­ридун бар Беваросп (Заҳҳок) ир­тиботи сириштӣ ва фикрӣ пайдо намудааст. Дар ин замина, фарҳангшиноси бузурги асри­миёнагии тоҷик Абурайҳони Бе­рунӣ, ки доир ба зиндагии оинӣ ва маросимии миллию мардумӣ таълифоти ҷиддӣ ба мерос гу­зоштааст, дар «ат-Тафҳим» ни­гоштааст: «Меҳргон шонздаҳум рӯз аст аз меҳрмоҳ ва номаш меҳр, андар ин рӯз Афридун за­фар ёфт бар Беварасби ҷоду, он ки маъруф аст ба Заҳҳок ва ба кӯҳи Дамованд боздошт ва рӯзҳо, ки сипаси Меҳргон аст, ҳама ҷашнанд ба кирдори он-ч пас аз Наврӯз бувад».

Бо истинод ба сарчашмаҳои куҳани таърихӣ зикр шуд, ки ниёгони мо дар ҷашни Меҳргон кӯчаю хиёбонҳо ва хонаҳоро тозаю озода намуда, кинаю кудуратро аз дил дур месохтанд ва сӯи якдигар бағали меҳрубонӣ ва ҳамдигарбахшӣ мекушоданд. Онҳо дар ин рӯз ҷомаву пероҳани арғувонӣ мепӯшиданд ва ба ҳамдигар табрикномаҳо ҳадя карда, онҳоро атрогину хушбӯй сохта ва дар лифофаҳои зебо мегузоштанд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд. Анъанае буд, ки агар дар рӯзи ҷашни Меҳргон тифле ба дунё ояд, ба ӯ номе мегузоштанд, ки вожаи «меҳр» дар он бошад.

Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ ва айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртиботи ногусастанӣ дорад. Ҳамин тавр, мо имрӯз Меҳргони Аҷамро ҳамчун айёми фархундаи солу анҷоми корҳои деҳқонӣ ҷашн гирифта, таманно менамоем, ки он ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ саодату фараҳмандӣ, оромиву осудагӣ, баракату фаровонӣ биёрад.

Муовини ректори Донишгоҳи Балх оид ба илм Абдуҷаббор Шайхзода ба раёсати донишкада барои созмон додани чунин ҳамоиши сатҳи баланди фарҳангӣ изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки миллати тоҷик хушбахт аст, ки ҳамин гуна ҷашнҳои бостониро дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати саросарӣ таҷлил менамояд.  Номбурда ҳамчунин таманно намуд, ки дар Тоҷикистон аз ин бештар пирӯзӣ, оромӣ ва осоиштагӣ ҳукмрон бошад.