ДУШАНБЕ07.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф бо пешниҳоди роҳбарияти Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои 5 ихтисоси нав дар зинаи бакалавр, 9 ихтисос дар зинаи магистратура ва 4 ихтисос дар зинаи доктор (PhD) иҷозатнома дод.  Ин нуктаро  ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» Муҳриддин Низомӣ 6 феврал зимни нишасти хабарӣ  иброз дошт.

Бино ба зикри номбурда,  ихтисосҳои наве, ки дар зинаи бакалавр барои қабул иҷозат дода шуданд, аз кори ноширӣ, таҳсилоти ибтидоӣ (санъати мусиқӣ), WEB-журналистика, санъатшиносӣ, иттилоот ва робита бо ҷомеа иборат мебошанд.

«Дар давраи ҳисоботӣ Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  фаъолияти 5-солаи донишкадаро мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа аз ҷониби коршиносони хадамот фаъолияти илмӣ-таълимии донишкада мусбат арзёбӣ гардида, барои фаъолияти 5 соли минбаъда иҷозат дода шуд»,- гуфт номбурда.

Ҳамчунин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Муҳриддин Низомӣ илова намуд, ки дар самти ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ оид ба дарёфти грантҳои хориҷӣ лоиҳаи пешниҳоднамудаи донишкада дар мавзӯи «Фестивали байналмилалии «Шарқ ва Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар ҳавзаи фарҳангии ИДМ» аз ҷониби МФГС (ХБҲГ) тасдиқ гардид. Инчунин 3 лоиҳа ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарёфти грант дар доираи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» пешниҳод гашта, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дутои он пурра дастгирӣ ёфта, маблағгузорӣ карда мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ 6 монография ба нашр расида,  аз ҷониби магистрону докторон (PhD) ва унвонҷӯён 36 мақолаи илмӣ дар  маҷаллаҳои илмӣ, аз ин 26 мақола дар маҷаллаҳои  тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  интишор ёфтанд. Дар ин давра маҷмӯаи «Се соли рушди ҳунару истеъдод», ки фаъолияти гуногунҷанбаи донишкадаро дар солҳои 2017-2019 дар бар мегирад, ба нашр расид.

 

Манбаъ: http://khovar.tj/2020/02/dar-donishkadai-davlatii-far-ang-va-sanati-to-ikiston-ihtisos-oi-nav-ro-andoz-meshavand/

Чоп кунед