ДУШАНБЕ, 22.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори ватандорӣ, балки рамзи ватандӯстию худшиносиву худогоҳӣ, пирӯзиву сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофари тоҷик маҳсуб мешавад. Чунин изҳори назар шуд зимни  ҳамоиши илмӣ, ки бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода доир шуд.

  Тазаккур дода шуд, ки зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба Парчами давлатӣ таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳадди ақалл як парчами миллии худро дошта бошад. Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдоми созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонад, васеъ истифода намоем».

   Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии Парчами давлатӣ бояд дар сиришту фитрати ҳар шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти мамлакат доимо ҷой дошта бошад.

   АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода