17-уми октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” даври финалии Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи номинаи созҳои нафасӣ ва сарояндаи анъанавӣ ҷамъбаст гардиданд.
Муратов Алмаз Асқарқули (Қазоқистон), Уктамов Шоҳрух Бунёдуғли ва Турсунқулов Авазбек (Ӯзбекистон) бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинаи “Созҳои нафасӣ” аз рӯйи гурӯҳбандии синнусолии аз 14 то 17 — сола бошад, Загородная Снежена Сергеевна (Россия) ҷойи сеюм, Киселёв Тихон Андреевич (Россия) ҷойи дуюм ва Мишнёва Лукеря Алексеевна (Россия) сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Ҳакимов Бежан (Тоҷикистон), Ҳошимова Милано Далеровна (Тоҷикистон), ва Кричевский Лев Илич (Россия) бо дипломҳо сарфароз гардиданд.
Дар номинаи “Сарояндагии анъанавӣ” аз рӯйи гурӯҳбандии синнусолии аз 14 то 17 — сола Галибаев Инсаф Ринатович (Россия) ҷойи дуюм, Султонов Абдурозиқ Абдуллоевич (Тоҷикистон) ҷойи сеюм ва Ҷӯраева Гулсанам Анварҷонқизи (Ӯзбекистон) ҷойи аввалро сазовор шуданд.
Одиназода Сӯҳроб Эркин ва Раҷабов Муҳаммадҷон Усмонович (Тоҷикистон) бо диплом сазовор гардиданд.
Дар номинаи “Сарояндагии анъанавӣ” аз рӯйи гурӯҳбандии синнусолии аз 18 то 23 — сола Пулотов Ғайрат (Тоҷикистон) ҷойи сеюм, Арутюнян Арсен Давидович (Арманистон) ҷойи дуюм ва Воронова София Тарасовна (Россия) ҷойи аввалро ишғол намуданд.
Денисова Даря Александровна (Белорус), Назаров Саймурод Миралибегович (Тоҷикистон), Қиздарбекова Гулноз (Қазоқистон) сазовори диплом гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал мизбони Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардида, дар он истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола ширкат варзиданд. Ҳадаф аз баргузории Бозиҳои Делфӣ — дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, густариш додани фаъолияти эҷодӣ, баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, маънавиёти наврасону ҷавонон ва тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳанги миллӣ мебошад.
Синои АБУАЛӢ,
Дилшод УМАРОВ