Рӯзи 28-уми октябр, дар доираи барномаи фарҳангии Фестивали байналмилалии  «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» меҳмонон аз Қалъаи Ҳисор ва Кохи Наврӯз дидан намуданд.

   Ба меҳмонони ҷашнвора иттилоъ доданд, ки қалъа дар ҳудуди ноҳияи  Ҳисор вокеъ гардида, дар болои теппа чойгир шудааст. Он аз се қисм -куҳандиз, «уштурхона». «қургони кулоба» иборат аст. Куҳандиз, ки  200 метр дарозӣ дорад, дар тарафи шарқии қалъа ҷойгир шудааст. Ин ёдгории таърихӣ аз охири асри 19 то ибтидои қарни 20 қароргоҳи беки Ҳисор буд. Дар қисми дигар, ки «уштурхона» ном дорад, биноҳои хоҷагию истиқоматӣ ҷой доштанд. Дар онҳо хешу ақрабои бек зиндагӣ мекарданд. «Қургони кулоба» дар шимолу ғарбтари куҳандиз ҷой гирифта, дар он асосан табақаҳои поёнии аҳолӣ маскун шуда буданд.

   Меҳмонон аз кишварҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо ин мавзеи таърихӣ аз наздик шинос шуда, бо як ҷаҳон таасуроти нек сӯи Кохи Наврӯз раҳсипор гаштанд. Ба онҳо баробари ворид шуданашон  ба ин кохи муҳташам маълумот дода шуд, ки ин кох аз 12 толори ғайриодӣ иборат буда, ҳар кадом дорои хусусиятҳои хос мебошад. Кохи Наврӯз дар як вақт беш аз 3 ҳазор меҳмонро қабул карда метавонад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, масоҳати кох бо 12 толораш наздик ба 3 гектар мебошад. Меҳмонон бо тамошои ин маҷмааи бо санъати меъмории миллӣ бунёдшуда, ба ваҷд омада, ба ҳунари дастони устоҳои моҳири маҳаллӣ баҳои баланд доданд.

[metaslider id=1971]

Д. РӮЗИЕВ