Имрӯз бо ташаббуси Муассисаи нашриявии «Адиб, дар саҳни Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти «Адиб» баргузор гардид. Ин иқдоми наҷибро ҳайати роҳбарият, профессорон, омӯзгорон, магистрон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни донишкада ҳамаҷониба дастгирӣ карда, бо рӯҳияи баланди фарҳангдӯстӣ ва муҳаббати зиёд ба китобу китобхонӣ истиқбол намуда, дастаҷамона ширкат варзиданд.

Дар намоиш-фурӯш китобҳои тозанашре, ки Муассисаи нашриявии «Адиб» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонидааст: ҷилдҳои 39, 40, 41 ва 42-и «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Мунтахабот»-и Садриддин Айнӣ, «Мунтахаби осор»-и Абулқосим Лоҳӯтӣ ва инчунин осори Муҳаммад Иқбол бо номи «Чароғи лола», Абдулҳамид Самад- «Шаҳсутун», Лоиқ Шералӣ- «Дасти дуои модар», «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айматов», «Кӯҳсоро, Кӯҳзод»-и Абдуғаффор Абдуҷаббор, «Парвона зинда аст»-и Озарахш, «Арғунуни офтоб»-и Фарзона, «Оини ноз»-и Шоҳона, «Дафтари рубоӣ»-и Муҳтарам Ҳотам, «Шеър чист? Шоир кист?»-и Камол Насрулло, «Ҳазор байт»-и Рустам Ваҳҳоб, «Оҳи ашк»-и Муҳаммад Иқбол ва «Сад соли танҳоӣ»-и Габриэл Гарсио Маркес дар тарҷумаи Абдуғаффор Абдуҷаббор ба намоиш гузошта шуда манзури китобдӯстон гардиданд.

Хурсандиовар аст, ки бо иқдоми ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филолгӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин зиёда аз 300 нусха адабиёти тозанашри адибони классик ва муосири тоҷик барои Китобхонаи илмии донишкада харидорӣ гардид. Инчунин аз ҷониби ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада низ теъдоди зиёди адабиёти тозанашр харидорӣ гардид, ки ин бори дигар аз муҳаббати зиёд ба китоб доштан ва арҷгузорӣ ба онро дарак медиҳад.

Боиси хушнудист, ки дар ин рӯз аҳли адаб ва омӯзгорону донишҷӯён бо нахустшумораи маҷаллаи бадеӣ-публисистии нашриёт бо унвони «Адиб» ошно гардида, бо роҳбарияти муассисаи мазкур барои чунин иқдоми нек ва фарҳангдӯстонаашон изҳорӣ сипос ва хушнудӣ карданд.

Дар намоиш-фурӯши китоб устодони донишкада Хурсандмурод Зарипов, Акрам Мирзоев, Мубасир Маҳмадализода ва Ифтихор Дамдоров ва меҳмон ҳунарманди хушсалиқа Чиллахон Холов бо сурудҳои ватандӯстонаву дилангез хотири ҳамагонро шод гардонида, ба чорабинии мазкур шукуҳи хосса бахшиданд.

Шариф НАБОТОВ

Муовини декани факултети

китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ