Бахшида ба 22- юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, имрӯз дар театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барномаи ҳунарӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур раёсати донишкада, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

   Дар оғози барнома, филми мустанад дар асоси  суратҳо ва наворҳои таърихӣ, ки аз ҳаёти сиёсии давлатдорӣ то баста шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани фазои сулҳу субот дар ҳаёти имрӯзаи халқи тоҷик омода гардида буд, намоиш дода шуд.

   Бо  сухани табрикотӣ ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ  муборакбод  гуфт. Ӯ дар суханронии худ аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ризоияти миллӣ ва пойдор гардонидани сулҳу субот дар Ватанамон — Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуда,  саҳми Сарвари давлатро дар таъмини амнияти миллӣ ва якдигарфаҳмӣ дар ҷомеа  мусбат арзёбӣ кард.  Ректори донишкада зикр сохт, ки Иҷлосияи таърихии XvI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ дар кишвар заминаи воқеӣ гузошт. Аз ҷумла тазаккур дод, ки «Бе ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҳеҷ миллат ба рушди фарҳангу маънавиёт муваффақ намешавад. Аз ин рӯ, бояд сулҳу ваҳдати миллиро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон ва ҳамчун арзишҳои давлатӣ ҳифз намоем».

   Сипас, барномаи ҳунарӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни шуъбаҳои эҷодии донишкада таҳия гардида буд ва шеъру сурудаҳои  баландмазмунро оид ба   ситоиши Ватан, сулҳу дӯстӣ дарбар мегирифт, манзури аҳли толор  гардонда шуд.

   Воқеан, сулҳу дӯстӣ, ба ҳам омадан, якдигарфаҳмӣ, ки сарчашмаи пешравиҳо дар ҳамаи  соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардидааст, самараи Истиқлолияти давлатӣ буда, воситаи  рушди устувори Тоҷикистон дониста мешавад. Лозим меояд, ин санаи таърихиро, ки ҳамасола 27 – уми июн дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз ватандорию  меҳанпарастӣ ҷашн гирем.  Мо бояд   дар умум  ифтихор аз чунин Сарвари давлат дошта бошем, ки хиради азалиаш миллати тоҷикро  ба ҳам оварда, зиндагии хушу фараҳбахшро насиби халқ гардондааст.

 

Бобоҷон РАҲИМОВ,

омӯзгор

Чоп кунед