АМИТ «Ховар»: Дар замони даргириҳои таҳмилии Тоҷикистон, куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститусионӣ, арбобони давлативу ҷамиятӣ ба авҷи аъло расида буд.
Намоядаи мардумии ҷумҳурии ё марди асил тимсоли ҳақиқату адолат, собиқ нахустин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев низ аз ҷониби қотилону ноҷавонмардон ваҳшиёна ба қатл расонида шуд.
Нурулло Ҳувайдуллоев 24-уми августи соли 1992 ваҳшиёна ба қатл расонида шуд ва аз қатли ин тимсоли ҳақиқату адолат, нахустин Прокурори генералии Ҷумҳури Тоҷикистон 28-сол сипарӣ шуд..
Суҳбати мо дар барномаи «Гуфтугӯ» дар студияи радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ ихтисос дорад ва ба ин хотир ба ин студия даъват кардем: Азизмуҳамад Холмуҳаммадзода, сардори Раёсати Прокуратури генералии Ҷумҳури Тоҷикистон..
Хуб устоди азиз, чун дар мавриди Нурулло Ҳувайдуллоев суҳбат мекунем, ин ном ба хурду калони Тоҷикистон шинос аст, ҳамин тавр ҳаст…
А.Холмуҳаммадзода: Дар ҳақиқат ҳаминтавр ҳаст…
АМИТ «Ховар»: Ва мехостам дар мавриди шиносоӣ ё шинохти Шумо аз ин шахсият..
А.Холмуҳаммадзода: Ташаккур! Дар ҳақиқат шахсият ва касбияти аввалин Пракурори генералии мамлакат, вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев ба ҳар як сокини мамлакат маълум аст. Зеро сокинони кишвар Нурулло Ҳувайдуллоевро ҳануз аз солҳои 90-уми асри гузашта ҳамчун ҳуқуқшиноси шоиста, ҳамчун ҳуқуқшиносе, ки манфияти давлату ҷомеа барояшон азиз буд, мешинохтанд. Ва маҳз таҷрибаи Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки аввалин бор дар мамлакат вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро бо сокинони кишвар ташкил карданд ва бевосита худашон ба тамоми маҳаллаҳои ҷумҳурии сафар карда дар бораи мушкилиҳое, ки сокинони кишвар вобаста ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо дошт, онҳоро пурсон мегардиданд ва дар ҳузури бевоситаи муроҷиаткунандагон аз роҳбарони мақомотҳои масъул, пеш аз ҳама мақомотҳои ҳифи ҳуқуқи маҳал пурсида мешуд, сабаби сари вақт баррасӣ нагардидани муроҷиатҳои шаҳрвандон ва қабул нагардидани қарорҳои қонунӣ ба онҳо. Бинобар ҳамин ҳанӯз дар миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта, номи Нурулло Ҳувайдуллоев ба тамоми сокинони кишвар маълум буд ва Нурулло Ҳувайдуллоевро ҳамватанони мо ҳамчун ҳуқуқшиноси ватандӯсту миллатпарвар эътироф намуда буданд. Бинобар ҳамин дар аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта Нурулло Ҳувайдуллоев ба як чеҳраи сиёсиву давлатии дӯстдори ҳамватанон ва миллату давлат табдил ёфта буд. Ва вақте, ки дар нимаи дуюми солҳои 1991 ва аввали соли 1992 давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба кашмокашиҳои сиёсӣ кашида шуд Нурулло Ҳувайдуллоев чун ҳомии қонунҳои мамлакат, сохти конститутсионии кишвар, тамоми фаъолияти худашонро ба он равона карданд, ки бояд қонунят сохтори конститутсиони дар мамлакат нигоҳдошта шавад.
АМИТ «Ховар»: Устоди азиз ташаккур…Шинохти Шумо, яъне чи гуна Шумо бо Нурулло Ҳувайдуллоев шинос гардидед?
А.Холмуҳаммадзода: Хушбахтона ҳаёт имконият дод, ки мо муддати кутоҳ бошад, ҳам бо Нурулло Ҳувайдуллоев якҷоя дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кунем. Тавре қайд кардам, чун тамоми мардуми кишвар аз тарафи кормандони мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон, прокурорҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун ҳомии ҳақиқии қонун эътироф шуда буданд. Бинобар ҳамин байни кормандони мақомоти прокуратура эътибори махсус доштанд ва тамоми кормандони ин мақомот бо номи Нурулло Ҳувайдуллоев фахр мекарданд, зеро маҳз принсипнокӣ, баланд гузоштани манфиати давлату ҷомеа аз манфиатҳои гурӯҳӣ аз ҷониби Нурулло Ҳувайдуллоев буд, ки мақомоти прокуратура дар ҳифзи қонун, дар ҳифзи сохти конститутсионии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар талош мекард. Бинобар ҳамин ин мавқеи Нурулло Ҳувайдуллоев ба гурӯҳҳои бо ном мухолифин писанд набуд. Вақте, ки соли 1991 Нурулло Ҳувайдуллоев Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд, ман дар Прокуратураи вилояти собиқ Ленинобод, имрӯза вилояти Суғд дар мансаби Садори шуъбаи тафтишот кор мекардам ва бори аввал вақте, ки соли 1992 моҳи январ мо фаъолияти мақомоти прокуратураи вилояти Суғдро ҷамъбаст мекардем, Нурулло Ҳувайдуллоев ҳамчун Прокурори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ иштирок карданд ва дар ҳамон ҷо ман бори аввал бо Нурулло Ҳувайдуллоев вохӯрда, шиносоӣ пайдо кардем…
Вақте, ки ҷаласаи навбатии мақомоти прокуратураро мо ба анҷом расонидем, шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев маро наздашон ҷеғ зананд ва таъкид намуданд, ки ман бояд ба пойтахти мамлакат биёям ва дар баррасии як масъала ёрӣ расонам. Мувофиқи гуфтаашон, пас аз он, ки Нурулло Ҳувайдолоев ба пойтахт баргаштанд, ба номи прокурори вилоят барқия омад ва мувофиқи он ман ба сафари хизматӣ, яъне ба прокуратураи ҷумҳурӣ омадам. Пас аз он фаҳмидам ки ба парвандаи ҷиноятӣ оид ба моҳи феврали соли 1990-ро дар мамлакат омӯзем ва ба он як қарори қонунӣ қабул кунем.
Ҳамин тавр шиносоии мо оғоз ёфт ва пас аз он, ки ин парвандаро мо омӯхтем ва натиҷаи онро ба Нурулло Ҳуваайдуллоевич арзёбӣ карданд, он кас пешниҳод намуданд, ки бояд ман ба мақомоти прокуратури ҷумҳурӣ, яъне ба дастгоҳи маркази ба кор гузарам. Ҳамин тавр моҳи феврали ҳамон сол ман ба вазифаи муовини сардори Раёсати тафтишоти прокуратураи ҷумҳурӣ ба кор таъин гардидам ва фаъолияти ман оғоз ёфту дар ҳамин давра аз наздик бо Н.Ҳувайдуллоев шинос шудем ва он вақт ман пай бурдам, ки он кас дар ҳақиқат донишмандани соҳаи ҳуқуқ мебошанд.
АМИТ «Ховар»: Устод чун мегуянд, ки Н.Ҳувайдуллоев бисёр як шахси шуҷоъ буд..
А.Холмуҳаммадзода: Дар ҳақиқат дуруст гуфтед, вақте субҳи 24 августи соли 1992 дар пойтахти мамлакат ба ҷони Н. Ҳувайдулоев ва ронандаи он ка сӯиқасд карданд, гурӯҳи ҷинояткорон талаб намудаанд, ки Н Ҳувайдулоевич дар назди онҳо таъзим ва хоҳиш намояд, ки он касро ба қатл нарасонанд. Лекин бузургию нотарсӣ ва далерии он кас буд, ки ҳатто дар лаҳзаи ҷинояткорон мехостанд он касро ба қатл расонанд аз ҷони азизашон маҳрум кунанд ва бо яроқҳои оташнишон таҳдид карданд, ки он касро ба қатл мерасонанд, ҳатто дар он лаҳза ҳам Н. Ҳувайдуллоев дар назди онҳо сар хам накард ва тамоми талаби онҳоро ҷиҳати ба зону задан рад карда, зикр намуданд, ки он кас Прокурори генералӣ ҳастанд ва дар ягон лаҳза дар назди ҷинояткорон ба зону намеафтанд ва онҳоро илтимос намекунанд.
Аз ҳама муҳимаш он аст, ки Нурулло Ҳувайдуллоев инсони хоксор ва дар як вақт ҳам серталаб, инчунин донишманди бузург будаанд. Вақте, ки бо кормандон, махсусан бо мутахассисони ҷавонон суҳбат мекарданд, ҳамеша ором буданд ва мо ҷавононро ба нотарсӣ ва матонат даъват мекарданд.
АМИТ «Ховар»: Он нафароне, ки ӯро ба қатл расонидаанд киҳо буданд?
А.Холмуҳаммадзода: Вақте, ки 24 августи соли 1992 Н. Ҳуайдуллоевро ба қатл расонидаанд, оид ба ин ҳодиса аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии мамлакат Тухта Почомуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд ва бо назардошти он ки, ҳангоми таҷовуз ба ҳаёти Н.Ҳуайдуллоев, Прокурори генералии мамлакат буданд, вакили Шӯрои олии мамакат низ буданд, бинобар ҳамин кори ҷиноятӣ бо моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири соли 1961 оғоз карда шуд, яъне бо акти террористӣ. Сари вақт ва дар муддати кутоҳтарин муайян кардани қотилони ҳомии қонун, яъне Прокурори генералии мамлакат Н. Ҳуайдуллоев барои ором кардани вазъи сиёсии кишвар як мавқеи махсус дошт. Бинобар ҳамин тафтиши кори ҷиноятӣ, ба истеҳсолоти муфаттишони Прокуратураи генералӣ қабул карда шуд ва дар тафтиши ин парванда банда низ иштирок кардам ва бевосита бо натиҷаи тафтишот, гузаронидани амалиётҳои тафтишотӣ, пурсидани шоҳидон ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо мо муайян кардем, ки ҷинояти мазкур аз ҷониби гурӯҳи ғайриқонуние, ки маҳсуб ба Ташкилоти зиддидавлатии ситоди «Наҷоти Ватан», ки аз ҷониби мухолифин таъсис дода шуда буд, содир карда шудаааст. Тафтишоти пешакии парвандаи мазкур муайян намуд, ки қатли Н Ҳувайдуллоев ва ронандаи автомашинаи хизматии он кас, аз ҷониби аъзоёни Ташкилоти зиддидавлатии ситоди «Наҷоти Ватан», ки аз ҷониби Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом таъсис дода шудааст, ташкил ва ба анҷом расонида шудааст.
Вақте, ки тафтишоти пешакӣ ба кор бурда мешуд, мо бояд сабабҳо ва омилҳои аслии ҷиноятро муайян мекардем. Зеро аз муайян кардани сабабҳои аслии ҷиноят ва омилҳое, ки ба он мусоидат кардаанд, банду басти ҷиноят ҳал карда мешуд. Бинобар ин тафтишот дар ин самт кори зиёдро ба анҷом расонид. Мо ҳуҷҷатҳои бисёреро омӯхтем, шоҳидони бисёреро пурсидем ва муайян кардем, ки дар ҳақиқат мақсади қувваҳои мухолифин, аз он ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, ин бо роҳи ғайриқонунӣ тағйир додан сохти конститутсионии мамлакат, бунёди давлати нав бо арзишҳои динӣ мебошад. Нурулло Ҳувайдуллоевич аз ин мақсади қувваҳои оппозитсионӣ, махсусан Ҳизби наҳзати исломӣ барвақт бохабар буданд. Бинобар ҳамин Нурулло Ҳувайдуллоевич тамоми фаъолияти худро ба он равона карда буданд, ки бояд пеши роҳи ин мақсадҳо гирифта шавад. Ҳатто вақте, ки ҳамон Ҳизби наҳзати исломӣ ва қувваҳои мухолифини Тоҷикистон, ана ҳамин Ситоди зиддидавлатии ғайриқонунии «Наҷоти Ватан»-ро ташкил карда, онро хостанд дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гиранд, Прокурори генералӣ муҳтарам Нурулло Ҳувайдуллоевич зидди ин баромад карданд. Ва инчунин ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ навишта талаб карданд, ки бояд Ситоди наҷоти ватан ҳамчун ташкилоти террористӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашавад. Қувваҳои мухолифин тамоми кӯшиши худро ба он равона карданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоевичро аз ин мавқеашон гардонанд ва Ситоди «Наҷоти Ватан» ҳамчун ташкилоти расмӣ ба қайд гирифта шавад. Лекин Нурулло Ҳувайдуллоев талаби онҳоро қабул накарданд. Дар натиҷа ин ташкилоти террористӣ ба қайди давлатӣ гирифта нашуд. Сабаби дигар он аст, ки Нурулло Ҳувайдуллоевич раиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд ва бояд лоиҳаи Конститутсия омода карда мешуд. Ба ин кор тамоми ҳуқуқшиносони варзида, олимони шинохтаи мамлакат ҷалб шуда буданд ва гурӯҳи корӣ мақсаднокона фаъолият мекард ва қариб, ки лоиҳаи мазкур омода буд. Вале шаби аз 21 ба 22 апрели соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери фишори қувваҳои мухолифин истеъфо дод ва гуруҳи корӣ бо талаби қувваҳои мухолифин аз нав таъсис дода шуда, ба ҳайати он тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуд. Аз ҳамагӣ 34 аъзои гуруҳи корӣ 25 нафарро бояд намояндаи қозиёти мамлакат ва гуруҳҳои мухолифин ташкил мекард. Нурулло Ҳувайдуллоевич ба ин розӣ набуданд. Инчунин аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талаби Нурулло Ҳувайдуллоевич кори ҷиноятӣ нисбат ба яке аз ёрдамчиёни гуруҳи мухолифин, раиси шаҳри Душанбе оғоз карда шуд. Тамоми гуруҳи мухолифин мехост, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба ҷонибдори онҳо қатъ ва ӯ аз ҳабс озод карда шавад. Лекин Нурулло Ҳувайдуллоевич ҳамчун ҳомии қонун талаб карданд, ки бояд шахсе, ки қонуншиканӣ кардааст, ҷиноят содир кардааст, аз ҷумла ҷонибдори гуруҳи мухолифин дар назди қонун ва халқ ҷавоб диҳад. Ин мавқеъгирии Нурулло Ҳувайдуллоевич ба сифати Прокурори генералии мамлакат ба гуруҳи мухолифин маъқул набуд бинобар ин ин онҳо мунтазам ба Нурулло Ҳувайдуллоевич фишор меоварданд. Ҳатто ба ҳуҷраи кории он кас гуруҳи мусаллаҳро фиристонида талаб карданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоевич ихтиёран аз мансаби Прокурори генералӣ истеъфо диҳанд. Нурулло Ҳувайдуллоевич ин талаби онҳоро рад карданд ва вақте, ки дар мамлакат ҳукумати созиши миллии кабинети вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 майи соли 1992 таъсис дода шуд, 9 мансаби роҳбарии мамлакатро намояндагони гуруҳи мухолифин ишғол кард, Нурулло Ҳувайдуллоевич ҳамчун прокурори генералӣ ба тамоми сокинони ҷумҳурӣ эълон доштанд, ки дар Тоҷикистон табадуллоти давлатӣ содир карда шуд. Бояд ҳокимияти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳокимияти қонунии мамлакат барқарор карда шавад. Вале аз тарафи мақомотҳои марбутаи давлат вобаста ба ин масъала чораҷӯӣ карда нашуд. Бинобар ин як гуруҳ роҳбарони ба вилояти Суғд ва дигар минтақаҳо рафтанд. Аз он ҷумла Нурулло Ҳувайдуллоевич ба вилояти собиқ Ленинобод, ҳоло Суғд сафар карда, 14 майи соли 1992 дар Иҷлосияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти собиқ Ленинобод баромад карданд ва сохти конститутсионии Тоҷикистонро ҳимоя карданд. Дар бораи мақсадҳои гуруҳҳои мухолифин ҷиҳати пароканда кардани Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ҷои он таъсис додани Маҷлиси миллӣ, дар бораи бо хадамотҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ ҳамкор будани роҳбарони алоҳидаи гуруҳи мухолифин хабар доданд. Ҳамаи ин дар маҷмуъ боиси он гардид, ки Нурулло Ҳувайдуллоевичро гуруҳи мухолифин душмани ягонаи худ ҳисобад ва мунтазам аз Президенти мамлакат талаб мекард, ки Нурулло Ҳувайдуллоевич ба истеъфо рафта, аз мақоми Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шаванд. Лекин Нурулло Ҳувайдуллоевич ба ин талаботи онҳо рози намешуданд ва доимо зикр мекардланд, ки он кас ҳомии қонун ҳастанд сохти Конститусиониро ҳимоя мекунанд ва он кас танҳо дар асоси қонунӣ аз вазифа бояд озод карда шавад. Бояд ҳаминро зикр кард, ки дар ин кор пешоҳанг роҳбарон ва ҷонибдорони Ҳизби терористии экстеримисти наҳзати исломӣ буд ва онҳо тамоми ҷонибдорони худро ба он равона карданд, ки Нурулло Ҳувайдуллоевичро маҷбур кунанд, ки ихтиёрӣ аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъфо диҳад. Лекин Нурулло Ҳувайдуллоевич мардонагӣ, матонат қавииродагии худро нигаҳ дошта, ҳамавақт талаботҳои ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломӣ ва қувваҳои мухолифинро рад мекарданд. Ҳамин тариқ ҳам дар маҷмӯъ қувваҳои мухолифин, пеш аз ҳама роҳбарони Ҳизби наҳзати исломӣ ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи халосӣ аз Прокурори генералии мамлакат, яъне Нурулло Ҳувайдуллоевич ин нобуд кардан, яъне ба қатл расонидани он кас мебошад. Бинобар ин, онҳо ба гурӯҳҳои фаъоли мусаллаҳи худ супориш доданд, ки бояд чӣ кор набошад бо кадом роҳ набошад Прокурори генералии мамлакат, яъне Нурулло Ҳувайдуллоевичро нобуд кунанд.
АМИТ «Ховар»: Устод оё дуруст аст, ки гуруҳи Қорӣ Восит зери чатри ТТЭ ҲНИ ба ҳамин амал даст зад, яъне қатли Нурулло Ҳувайдуллоевичро содир кард?
А.Холмуҳаммадзода: Тафтишоти пешакӣ дар бораи даст доштани гурӯҳи Қорӣ Восит ягон маълумоте ба даст наовардааст ва тафтишоти пешакӣ бо далелҳои бебаҳс исбот кардааст, ки ҷинояти мазкур аз тарафи тавре гуфтам аъзоёни ситоди «Наҷоти Ватан», ки аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломӣ созмон дода шуда буд Раҳим Нуруллобеков, Давлат Маҳмудов ва дигарон содир карда шудааст. Ҳангоме, ки тафтишоти пешакӣ бурда мешуд тавре, ки гуфтам иштироки 19 нафар дар ташкил кардан ва содир кардани ин ҷинояти нангин муайян карда шуд. Мо нисбат ба ҳар яки ин ҷинояткорон чораи пешгириро дар намуди ҳабси пешаки татбиқ намудем, ба онҳо сари вақт айб эълон карда шуд. Дар содир кардани акти террористӣ нисбат ба Прокурори генералӣ ва мо кофтукови онҳоро эълон кардем. Тафтишот муайян кард, ки дар давраи гузаронидани тафтишоти пешакӣ 4 нафар ҷинояткорон — қотилони Нурулло Ҳувайдуллоевич дар рафти гузаронидани амалиётҳои ҷангӣ нобуд карда шуданд, боқимонади онҳо дар ҳайати гурӯҳҳои ҷангӣ, гурӯҳҳои мухолифин мебошанд ва мо нисбат ба ҳамин 2 нфар, ки ба ҳабси пешакӣ гирифтем, парвандаи ҷиноятиро дар тафтишот ба анҷом расонида, ба Суди Олии кишвар тибқи тобиъят фиристонидем ва бо ҳукми Суди Олии кишвар онҳо ба ҷазои истисноии қатл маҳкум карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Ин 26 ноябри соли 1993 буд, бале?
А.Холмуҳаммадзода: Бале, ҳукми Суди Олии мамлакат дар ҳақиқат дуруст гуфтед 26 ноябри соли 1993 қабул карда шуд.
АМИТ «Ховар»: Устод гуфта мешавад, ки Раҳим Нуруллобеков, Давлатбек Маҳмудов инҳо қотилони аслӣ набуданд, чунки дар ин ҷиноят роҳнамо, маблағгузор ва сарпарастон аз назарҳо дур монданд, дуруст аст?
А.Холмуҳаммадзода: Ин як бофтаи нави баъзеи онҳоест, ки боз мехоҳанд мамлакатро ба ноороми кашанд, онҳое мебошанд, ки мехоҳанд бо ҳамин роҳ собиқ қотилонро сафед кунанд. Тавре ман гуфтам тафтишоти пешакӣ кори зиёдро ба анҷом расонид, мо шумораи зиёди одамҳоро пурсидем, мо шумораи ҳам ҳуҷҷатҳои расмӣ ва он ҳуҷҷатҳое, ки аз ду майдон ҳам майдони «Озодӣ» ва «Шаҳидон» гирифта будем онҳоро омӯхтем ва худи Раҳим Нуруллобеков ва Далат Маҳмудов низ эътироф карданд ва мо далелҳои шайъи ҷамъ кардем, ки ҷиноят маҳз аз тарафи ҳамин гурӯҳи ҷинояткор, гурӯҳи терористӣ аъзоёни Ташкилоти терористии ситоди «Наҷоти Ватан» ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо таъсис дода шуда буд, содир карда шудааст. Вобаста ба масъаллаи мазкур, тавре гуфтам Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаро ҳаматарафа дид ва далелҳое, ки мо овардем, онро кофӣ донист ва ҷинояткорон ба ҷазои истисноӣ қатл маҳкум карда шуданд.
АМИТ «Ховар»: Хуб Устоди азиз, воқеан ин хеле боиси таасуф аст, ки як чеҳраи намоён, намояндаи мардумӣ, нахустин Прокурори генералии Тоҷикистон аз дасти гурӯҳҳои ТЭ дар он солҳо кушта шуданд, аммо ман фикр мекунам ҳанӯз ҳам ин гурӯҳҳо хомуш нестанд….
А.Холмуҳаммадзода: Дар ҳақиқат дуруст гуфтед. Таърих маълумот надорад, ки дар ягон ҷой нисбат ба Прокурори генералии мамлакат, яъне ҳомии қонун дар рӯзи равшан дар иштироки шумораи зиёди одамон сӯиқасд шуда бошад. Барои махсусан мо ҳуқуқшиносон ин ташвишовар аст, ки 28 сол пеш аз ин ба ҷони Прокурори генералии мамлакат аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткор, аз ҷониби як гурӯҳе, ки худи онҳо ягон арзиш надоштанд ва дар рушди Тоҷикистони азиз ягон саҳме надоранд ин ҷиноят содир карда шуд. Албатта ин ҷиноят тавре гуфтам сабаби сиёсӣ дорад, яъне Прокурори генералии мамлакат барои он аз ҷониби мухолифин, аз он ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳукми қатл маҳкум карда шуд, ки он манфиати халқи Тоҷикистон, манфиати давлати Тоҷикистон сохти конститутсионии мамлакатро ҳимоя кард ва тамоми ҳастии худро ба он равона кард, ки дар Тоҷикистон пеши роҳи табадулоти давлатӣ гирифта шавад. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси қонун интихоб карда шавад, дар асоси қонун ташкил карда шавад, лекин барои онҳое, ки манфиати гурӯҳӣ, манфиати шахсияшон аз манфиати ҷомеа баланд буд ба ин ҷиноят даст заданд.
АМИТ «Ховар»: Бо он, ки Нурулло Ҳувайдуллоев як чеҳраи бисёр намоён, шахси шуҷоъ ваҳшиёна аз сӯи ҷинояткорон ба қатл расид, амммо ному кору пайкори вай то ҳануз дар дилу дидаи мардум зинда аст. Ҳамин тавр ҳаст?
А.Холмуҳаммадзода: Дар ҳақиқат аз ҳамон лаҳзаи аввалине, ки Нурулло Ҳувайдуллоевич ба қатл расонида шуданд, тамоми аҳолии Тоҷикистон, сокинони тамоми минтақаҳои мамлакат бозҳам муттаҳидтар шуданд. Бовар кунед аз тамоми маҳаллаҳои ҷумҳурӣ, ба номи роҳбарияти Прокротураи генералӣ, ба номи раҳбарияти гуруҳи тафтишотӣ ва роҳбарияти мамлакат, ҳазорҳо муроҷиатҳо, ҳазорҳо мактубҳо меомаданд, ки мо дар муддати кӯтоҳтарин қотилонро муайян кунем, сабаби содир шудани ҷиноятро муайян кунем, мо ҷинояткоронро ба ҷавобгарии қонуни кашем ва ба сокинони кишвар хабар диҳем, ки ҷиноят аз тарафи кӣ бо кадом мақсад, бо кадом сабаб содир карда шудааст. Яъне тавре, гуфтам сари вақт ошкор кардани ҷинояткорон, онҳое, ки ин ҷиноятро ташкил карданд, як саҳми муносиб, саҳми хеле муҳим дар ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар мегузошт. Бинобар ҳамин тамоми мутахассисони варзидаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ба ин гуруҳи тафтишотӣ шомил шуда буданд. Парвандаи ҷиноятӣ таҳти назорати бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тафтиш карда мешуд ва мо ҳар як маълумотеро, ки мегирифтем, онро саривақт месанҷидем. Бино бар ҳамин вақте, ки мо ҷинояткоронро муайян кардем, ин дар ҳақиқат барои ором гардидани вазъи сиёсии кишвар як саҳми муносиб гузошт ва мо имрӯз, аъзоёни гурӯҳи тафтишотӣ фахр мекунем, ки ин ҷиноятро сари вақт ошкор кардем, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ кашидем. Хушбахтона номи Нурулло Ҳувайдулоевич имрӯз низ зинда аст, аз тарафи тамоми сокинони мамлакат ҳамчун Прокурори аввалини генералии кишвар, ҳамчун ҳуқуқшиноси нотарс, матинирода ва адолатпарвар гирифта мешавад ва имрӯз ба номи Нурулло Ҳувайдуллоевич муассисаҳои таълимӣ, кучаҳо хиёбонҳо ва ҳатто номи корхонаҳо гузошта шудааст, ки ин албатта ифтихори кормандони мақомоти Прокуратура аз яктараф бошад, аз дигар тараф ин эҳтироми сокинони Тоҷикистон, роҳбарияти сиёсии мамлакат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳомии қонун, ба аваллин Прокурори генералии кишвар мебошад.
АМИТ «Ховар»: Ташаккур. Воқеъан ёду номи Нуруллло Ҳувайдуллоев гиромӣ бод, зеро бо шуҷоъат, бо адолат, бо ҳақиқатпарастӣ тавонистанд, ки номашонро вирди забони хурду бузурги Тоҷикистони азиз гардонанд.