6 ноябр — Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд. Бо қабули Конститутсия майлу иродаи халқи Тоҷикистон оид ба эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ, ки дар бобати интихоби сарнавишти минбаъдаи кишвар имтиҳони ҷиддие буд, муайян гардид.

Ин нуктаро ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт ва муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуда, барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ роҳи васеъ кушод.

Ба гуфтаи ректори донишкада, ин санади муқаддас сохти давлатдорӣ ва низоми ҳаёти ҷомеаи нави Тоҷикистонро муайян намуда, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон асоси боэътимод гузошт. Он заминаҳои асосии сохтори давлатӣ ва низоми сиёсиро тағйир дода, тарзи идоракунии авторитариро ба рақобати озоди сиёсӣ ва муколама иваз намуд, дар баробари ин, барои густариши ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам овард.

Муҳриддин Низомӣ таъкид кард, ки ин санади олии ҳуқуқӣ бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯёни донишкада  қарор гирад, то тавонем насли ҷавонро дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намуда, волоияти қонунро таъмин созем. Зеро, ба гуфтаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  «танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате нуфуз пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ ва диниашон эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият арҷ мегузоранд».

 Ректори донишкада перомуни зарурати такмили Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, тазаккур дод, ки ба Қонуни асосии кишвар се маротиба — 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Такмили Конститутсия имкон фароҳам овард, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузошта шаванд.

Муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳошимхуҷа Кенҷаев мавзӯи “Пайдоиш ва марҳилаҳои ташаккули Конститутсия дар Тоҷикистон” — ро матраҳ намуда, зикр сохт, ки имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар карда, нақши муҳимми Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятию давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.

Дар доираи таҷлили Рӯзи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанади “Конститутсия-бахтномаи миллат” манзури иштирокдорони чорабинӣ гардонда шуд.  Ҳамзамон, устодону донишҷӯён шеърҳои “Давлати ман — Тоҷикистон”, “Санои меҳр”, “Ватан”, “Ормон”,  “Тоҷикистон”, “Тоҷикистон, эй Ватан” ва рақсҳои ҷолибро манзури аҳли нишаст гардонданд.

Барномаи илмӣ-ҳунариро раиси Шӯрои бадеӣ Сафаралӣ Қурбонов, роҳбари бадеӣ Баҳрулло Хайруллозода, роҳбари мусиқӣ Шодмон Муҳиддинов, саркоргардон Дилшод Умаров таҳия ва пешкаши аҳли нишаст намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ