«Аҳли қалам ва рӯзноманигорон худашон бояд дар масъалаи риояи қонун дар бораи забон, тозагии он ва рушди забони ширин ва шоиронаву шевои тоҷикӣ намунаи ибрати дигарон бошанд. Ба андешаи ман, ин яке аз рисолатҳои касбӣ ва қарзи шаҳрвандии рӯзноманигорон маҳсуб мешавад».

Эмомалӣ РАҲМОН

   Бо ибтикори  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо иштироки  олимону донишмандони забоншинос, намояндагони Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои давлатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, ҷамъиятҳо, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», намояндагони ВАО ва дигар ниҳодҳои дахлдор бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва 10-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти ВАО-и кишвар»  баргузор гардид.

   Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода ҳусни оғоз бахшид. Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки забони модарӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад. Забон дар ҳама давру замон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Дар ин замина, ҳанӯз 1100 сол пеш ба сулолаи Сомониён муяссар шуда буд, ки дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон бори нахуст дар таърих давлати мутамарказ ва миллии тоҷиконро бунёд намояд.

   Ваҳдати миллӣ аз ҷашнҳои бузургтарини мо – тоҷикон мебошад. Зеро маҳз баъди имзои он санад, кишвари мо соҳиби оромиву осудагии комил гашт. Имсол аз санаи имзои он Созишнома 22 сол сипарӣ мешавад. Бешак, осудагие, ки Ваҳдати миллӣ  ба кишварамон овард, ба рушду инкишофи забони тоҷикӣ нақши барҷаста дорад, чунки дар фазои ноором маҳол аст, ки забоне ташаккул ёбад.

   5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида буд, ки имсол аз қабули он 10 сол сипарӣ мегардад. Тӯли ин даҳ сол дар такя ба ин қонун ва дигар санадҳо, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои назаррасеро анҷом додааст, ки муҳимтаринашон танзим ва тасдиқи  имлои забони тоҷикӣ, чопи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ва эҳёи бисёре аз номҳои ҷуғрофии кишвар мебошанд.

   Воситаҳои ахбори омма дар баробари шоирону нависандагон ва забоншиносон тарғибкунанда ва муаррификунандаи забони давлатии ҳар кишвар мебошанд. Дар Тоҷикистони мо низ забони воситаҳои ахбори омма забони давлатӣ, яъне, тоҷикист. Беғалат ва равшану возеҳ пахш ва чопи матолиби воситаҳои ахбор метавонад ба инкишоф ва тозагии  забон боис гардад ва сокинони кишварро ба дурусту бехато ҳарф задан тарғиб кунад. Аммо, чуноне имрӯз мушоҳида мешавад, на дар ҳама расонаҳои кишвар риояи қоидаҳои имлои забон ва содабёнӣ риоя мегардад. Сабаби ин риоя нагардиданҳо, агар дар аксар маврид ноогоҳӣ аз қоидаҳои имлову оммавияти ВАО бошад, боз ҳаст ҳолатҳое, ки журналистон қасдан ба ин ё он қоида чашм мепӯшанд.

   Таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ дар бораи забон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси меъёрҳои байналмилалии баробарии забонҳо, новобаста аз мақоми ҳуқуқии онҳо ва шумораи мардуме, ки ба ин забонҳо гуфтугӯ мекунанд, амалӣ карда мешавад. Вазифаи мо — соҳибзабонон пос доштани ин мероси муқаддас, яъне забонамон ва бе газанд расонидани он ба наслҳои оянда мебошад.

   Дар ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ 7 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филология Матробиён Саодатшо дар мавзӯи «Қоидаҳои имло танзимкунандаи шакли хаттии забони адабӣ», узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии АИ ҶТ), доктори илмҳои филология Сайфиддин Назарзода дар мавзӯи «Матбуот оинаи забон», доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар мавзӯи «Баъзе ғалатбандӣ дар забони матбуот», доктори илмҳои филология, устоди Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Назрӣ Офаридаев дар мавзӯи «Вазъи забони матбуоти маҳаллӣ»,  устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Шаҳбоз Кабиров дар мавзӯи «Устод Айнӣ ва забони зинда», сардабири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ»,  номзади илмҳои филология Рустам Ваҳҳобзода дар мавзӯи «Баъзе масъалаҳои матбуоти имрӯз», доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино  Олимҷон Қосимов дар мавзӯи  «Меъёрҳои адабӣ ва забони расонаҳои хабарӣ» маърӯза намуданд.

    Ба таъкиди ищтирокдорони ҳамоиш,  муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст ва он, инчунин, муҳимтарин унсури вуҷуди як давлати миллӣ низ ҳаст. Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, воситаҳои ахбори омма ва умуман, аҳли ҷомеаро месазад, баҳри пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кунанд.

    Пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби ҳайати иштирокдорони конференсия, бо назардошти рисолату мақоми таърихии забон, аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, рушду равнақ ва густариш додани меъёри забони адабӣ, риояи дурусти қоидаҳои имло дар коргузорӣ ва эҷоди аҳли илму адаб, ВАО ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба кормандони ВАО: журналистони матбуот ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ТАВСИЯНОМА  қабул гардид.

ТАВСИЯНОМАИ

   Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва  «10 — солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар»,  шаҳри Душанбе, 20 июни соли 2019

   Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «10 — солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Вазъи забони давлатӣ дар фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи кишвар» бо дарназардошти рисолату мақоми таърихии забон аҳамияти он дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ рушду равнақ ва густариш додани забони адабии меъёр, риояи дурусти қоидаҳои имло дар коргузорӣ  ва эҷоди  аҳли илму адаб, ВАО ва баҳри рушду густариши он дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, алалхусус, амалӣ намудани муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба кормандони ВАО, рӯзноманигорони рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, матбуоти даврӣ ва шабакаҳои телевизионию радиоӣ тавсияҳои зеринро қабул намуд:

   -дар сохторҳои иттилоотӣ-тарғиботии ВАО омӯзиши забони давлатӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ миёни кормандони телевизиону радио ва  матбуоти даврӣ  ба роҳ монда шавад;

  -пахшу нашри мусоҳибаҳое, ки бо лаҳҷа сурат мегиранд тариқи ВАО роҳ дода нашаванд;

  — забони матнҳои тарҷумашуда аз ҷониби масъулони ВАО ҷиддӣ назорат карда шавад;

     -назорати тамоми рӯзномаҳои даврӣ ҷиҳати мутобиқат ба меъёрҳои забони адабӣ ба роҳ монда шавад;

   -забони матнҳои рӯзномаву маҷаллаҳо равон, сода, фаҳмо ва дар доираи талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ интишор карда шаванд;

   -рӯзноманигорон ҳангоми мусоҳиба дар барномаҳои шабакаҳои телевизиониву радиоӣ фасоҳати забони адабиро риоя намоянд;

   -аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ назорати ҷиддии забони филмҳои тарҷумашудае, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ пахш мегарданд, ба роҳ монда шавад;

-дар шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ назорати мунтазами забони барномаҳо ҷиддӣ ба роҳ монда шавад;

   — суханварӣ, нутқи ровиён ва наттоқон аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат карда шавад;

   -дар шабакаҳои давлатӣ тарғиб ва ташвиқи забони давлатӣ тавассути силсилабарномаҳо ба роҳ монда шавад;

   — матни рекламаҳои телевизионӣ бештар ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, дар онҳо талаботи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя карда шавад.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

муҳаррири Донишкадаи давлатии

фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

 ба номи Мирзо Турсунзода,

Бобоҷон РАҲИМОВ,

мудири бахши мониторинги сифати

таҳсилоти  ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода