Дар доираи баргузории  Фестивали байналмилалии «ШарқҒарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии  АвруОсиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», 27 октябри соли равон вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштирокдорони ин чорабинӣ аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дидор ва гуфтугӯи судманд баргузор намуд.

   Ректори донишкада профессор Усмонзода Хайриддин Усмон ба вохӯрӣ оғоз бахшида, иброз дошт, ки фестивал дар ҳаёти фарҳангии кишвар дорои аҳамияти вижа мебошад. Он, бешубҳа, ба фаъолгардии равандҳои наздикшавии фарҳанг ва санъати кишварҳои аъзои ИДМ мусоидат хоҳад кард.
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, иқдоми пешгирифтаи раёсати донишкадаро дар хусуси баргузор кардани фестивали байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуда, иштирокчиёни ҳамоишро ба сарзамини офтобию зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри дилорои Душанбе хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки фарҳангҳо халқу миллатҳоро ба ҳам наздиктар месозанд. Фарҳанги кишварҳои мо, бахусус, Осиёи Марказӣ ва Россия оғоз аз асри XVIII ба ҳам пайванданд. Мо дар ин муддат аз фарҳангҳои якдигар омӯхта, аз ҷиҳати маънавӣ ғанӣ гардидем ва то кунун ин раванд идома ва инкишоф меёбад.

   Вазири фарҳанг таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ ҷалб сохта, тазаккур дод, ки миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бориз дорад. Имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони соҳибистиқлолро тавассути сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешиносанд. Сиёсати «дарҳои кушода» чун меҳвари аслии муносибатҳои мо бо ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод. Ин сиёсат доираи шарикони Тоҷикистонро афзоиш бахшида, барои таъмини иштироки густурдаи кишварамон дар фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

   Вазири фарҳанги кишвар вохӯриро бо шоҳбайти қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ анҷом бахшид:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Додоҷон РӮЗИЕВ

Манбаъ: «Ҷумҳурият». Санаи нашр: 29.10.2019   №:203

[metaslider id=1869]