Ҳар сол бо хотироти неку фаромӯшнашаванда аз ӯ ёд мекунем. Чилу ду сол аст, ки зодрӯзаш бе ӯ мегузарад. Чилу ду сол аст, ки ӯро нақшҳои безаволу садои меҳрофаринаш зинда медорад. Имрӯз низ баҳраш сухан мегӯем, имрӯз низ бо дарду алам ёди ӯ мекунем. Таърихи рӯзгори ин ситораи бузурги ҳунари тоҷик, ки имрӯз агар дар қайди ҳаёт мебуд, 80 сол медошт, хеле кӯтоҳу фоҷеавист. Ва ҳамин гуна даҳсолаву садсолаҳо дар хотири миллату мухлисони нав ба нав Маҳмудҷон Воҳидов 38-сола боқӣ мемонад.

        Яке аз ҳунармандони маъруфу нотакрори дунёи театр ва синамо, нотиқи барҷастаи тоҷик, асосгузори намоиши театрӣ бо иштироки як актёр, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон — Маҳмудҷон Воҳидов, ки тавонист бо истеъдоди беҳамтояш дили миллионҳо мухилисони ватаниву бурунмарзиашро бо овози ширадори ҷонбахш ва бо кушодани ҷаҳони ботинии образҳои безаволи офаридааш, тасхир намояд, 10 октябри соли 1939 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

        Маҳмудҷони хурдсол чун ҳар як кӯдаки одӣ дар деҳаи хушманзараи Надок дар ҳалқаи волидайну бародарон ва бо кору машғулиятҳои ҳамешагии деҳа, аксаран бо кумаки падар дар заминдориву чорводорӣ ба камол расида, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2- и ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. “-Ҳар тобистон падарам бародарам — Маҳмудҷонро ҳамроҳашон ба чӯпонӣ мебурданд ва бародарам ба он кас кумак мерасонд”, — мегӯяд, додари ҳунарманд, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамҷон Воҳидов. Аллакай аз замони мактабхонии Маҳмудҷон маълум буд, ки ӯ ба адабиёт шавқи беандоза дорад ва шеърҳои зиёдеро низ азбар карда, дар сатҳи хеле баланд қироат менамуд. Дар аввали солҳои 50-уми асри гузашта озмуни  ҷумҳуриявии “Бӯстон” ташкил карда шуда буд, ки Маҳмудҷон дар он ғолиб баромад.

        Ҳамин тавр, моҳи апрели соли 1957 Маҳмудҷон Воҳидов дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав, дар толори консертии Чайковский бо тоқии чоргулу ҷомаи беқасаб иштирок намуда, шеъри Мирзо Турсунзода “Мамлакати тиллоӣ”-ро дар сатҳи хеле баланд қироат мекунад ва пас аз кафкӯбиҳои пурмавҷи аҳли толор ва қироати шеъри дигар аз А. Воситзода “Дар сари роҳи калон” мурғи шуҳрату муваффақиятҳояш ба парвоз меояд. Пас аз бозгашт ва як соли кор дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ҳунару маҳорати олиашро дида, ӯро якбора ба курси 3-юми шуъбаи тоҷикии Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарский (ГИТИС) – и шаҳри Маскав қабул мекунанд, ки Маҳмудҷон онро соли 1960 бо дипломи сурх хатм намуда, худи ҳамон сол фаъолияти эҷодиашро аз театри ба номи Пушкин, ҳозира Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ оғоз менамояд. Аз соли 1961 то охири умраш ҳунарпешаи Театри академӣ – драмавии ба номи А. Лоҳутӣ буд.

        М. Воҳидов аз рӯзҳои аввали ба дунёи театр ворид шуданаш, тамоми ҳастияшро ба адабиёту санъат бахшид. Ҳамеша аз пайи ҷустуҷӯи саҳнаҳои нав ва азбар намудани шеърҳои дилчаспи лирикӣ буд. Дар баробари коркарду офаридани образҳои нав ба нав дар театру синамо боз намоишномаҳои хешро, ки пурра манзум буданд, такмил медод ва ният дошт, ки онҳоро ба саҳна гузошта, ба намоиши театрӣ бо иштироки як актёр асос гузорад. Вобаста ба ин, бо адибону сарояндагон, махсусан бо устодон Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ робитаи наздики дӯстию ҳамкорӣ дошт.

        Маҳорати эҷодии ӯ дар нақшҳои саҳнавии Митя («Камбағалӣ айб нест»-и А. Островский, соли 1960), Незнамов («Гунаҳгорони бегуноҳ»-и А. Островский, соли 1962 ва 1974), Кассио («Отелло»-и У. Шекспир, соли 1963), Мотсарт («Фоҷиаҳои хурд»-и А. Пушкин, соли 1966), Бежан («Бежан ва Манижа»-и Ҳ. Хушкинобӣ, соли 1970), Эзоп («Эзоп»-и Г. Фигейреду, соли 1971), Рӯдакӣ («Рӯдакӣ»-и С.Улуғзода, соли 1973), Мамет («Қуллаи Фудзияма»-и Ч. Айтматов ва Қ. Муҳамадҷонов, соли 1974), Ясон («Медея»-и Еврипид, соли 1977) ва ғайра хеле барҷаста падидор гаштааст. Ҳамчунин, беҳтарин образҳои офаридааш дар синамо Шариф («Зумрад», соли 1961), Раҷаб («Ҳасани аробакаш», соли 1965), Қодиров («Ҷӯра Саркор», соли 1965), Тӯлод («Достони Рустам», соли 1971), Аҳмади Дониш («Ситорае дар тирашаб», соли 1972), Олим («Асрори гузаргоҳ», соли 1973) ва ғайра мебошанд, ки ҳама равшангари ҳодиса ва шахсиятҳои барҷастаи таъриханду дар худшиносии миллӣ нақши басо бузург доранд.

        Ҳамин тавр, бо кӯшишҳои зиёд, Маҳмудҷон Воҳидов аввалин ва ягона ҳунарпешае гардид, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна намоиши театрӣ бо иштироки як актёрро рӯи саҳна овард. Бори аввал, соли 1967 натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии кашидааш дар қолаби намоишномаи хурд аз рӯи рубоиёти Умари Хайём бо номи «Гуфтугӯ бо худ» дар таҳияву коргардонӣ ва иҷроиши худи ӯ ба саҳна баромад. Ин як намуд қолабшикание буд, ки аз тарафи дӯстдорони дунёи театр хуш пазируфта шуд, зеро актёр худаш танҳо тавонист, ки бо нутқи образноку амалиётнок ва истеъдоди фавқулодаи интихоби рубоиёти Хайём мухлисонро шефтаи овози марғубаш гардонад. Аз ин ва баъд ӯро дар дубляжи филмҳо аз рӯи овози дилнавозаш дар филми бадеии дусериягии озарбойҷонӣ «Насимӣ» ва филмҳои дигар, аз ҷумлаи «Бист рӯзи беҷанг», «Робинзон Крузо», «Надежда», «Субҳи Ганг» ва ғайра мешинохтагӣ шуданд. Сипас, соли 1976 намоишноми «Гуфтугӯ бо худ» дар театри МХАТ – и шаҳри Маскав бо забони русӣ пешкаши тамошобинон карда шуд, ки баҳои баландро сазовор гардид. Хурду калони халқи тоҷик он вақт ифтихор доштанд, ки миллати онҳоро чунин ҷавони ҳунарманду боистеъдод намояндагӣ мекунад ва садои форамаш муҳаббати ҳаводоронашро нисбат ба адабиёту санъат ва забони ноби тоҷикӣ дучанд мегардонад. Доктори илмҳои таърих, профессор Ниёз Мирзоев намоишномаи мазкурро ба хотир оварда, ҷое гуфтааст:  “-Худованд ба Маҳмудҷон се истеъдоди фавқулода дода буд: овози нодиру форам, истеъдоди фавқулодаи интихоби шеър ва сеюм ҳунари актёрӣ. Синтези ин се маҳорат ӯро дар Тоҷикистон ва қаламрави шӯравӣ машҳур кард. Ӯ яке аз нахустинҳо буд, ки дар мамлакати паҳновари советӣ «Театри як актёр» — театри шеърро асос гузошт. «Гуфтугӯ бо худ»-и ӯ тасвирнопазир аст. Саҳна торик, дар гӯшае фақат шамъ месӯзад, Маҳмудҷон низ бо либосҳои тира ба саҳна мебарояду мӯъҷиза оғоз мешавад… Шеъри Хайём ҳамаро мафтун мекунад. Ман дар театри «Сатира»-и Москва шоҳид будам, ки чӣ тавр тамошобини Маскав варианти русии ин спектаклро тамошо карда, ба ваҷд меомад…”.

        Ҳамчунин, Маҳмудҷон Воҳидов ба ҳайси муаллифи сенария, коргардон ва иҷрокунанда, ду намоишномаи дигар — «Ватан ва фарзандон» (аз рӯи ашъори шоирони Тоҷикистон, соли 1969) ва «Ишқи зиндагӣ» (аз рӯи ашъори Ҳофиз, соли 1971) — ро ба саҳна гузошт, ки соҳиби мукофоту муваффақиятҳои беназир гардиданд. Бешубҳа, то ин ҷониб тамоми эҷодиёт, намошномаҳои саҳнаи театру синамо ва аз ҳама асос, овози таърихсозаш шоҳкориҳои санъату ҳунари бузурги тоҷик ба ҳисоб мераванд ва хазинаи тилоии театру синаморо бою рангин мегардонанд.

        Соли 1973 барои хизматҳои шоёнаш дар эҷоду нақшофарӣ ва асос гузоштан ба намоиши театрӣ бо иштироки як актёр бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.

        «Ҳунари артистӣ кори ниҳоят душвор аст, ҳарчанд онро бозӣ, бозии дилхоҳ мегӯянд. Вале пӯшида нест, ки санъати ҳақиқӣ ба ивази заҳмати фидокорона, бо ишқи пурҷӯш ба вуҷуд меояд».

        Ин сухани Маҳмудҷонро ба ёд меорему худ меандешем, ки воқеан, кори хеле душвор аксаран дар назар бозӣ менамояд. Вале ӯ тавонист, ки дар тӯли умри кӯтоҳи хеш ба мухлисону ҳаводоронаш назокату нафосати шеъри тоҷикиро ифшо намуда, образҳои нотакрору саҳнаҳои тамошобобро ба мерос гузорад. Ва дар ҳақиқат ҳам Маҳмудҷон ошиқ буд. Ошиқи шеъру сухан, ошиқи театр, ошиқи таърихи бою рангини адабиёт, ошиқи ватан, ошиқи ишқ…

        Ин ситораи бузурги ҷонфидои санъат дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ дар сафари эҷодӣ, шаби 12 ноябри соли 1977, дар шаҳри Бағдоди Ироқ вафот мекунад. Дар ин сафари ниҳоӣ ҳунарманд ҳамроҳи дигар санъаткорони Тоҷикистон ҳамчун барандаи консертҳо ба Ироқ рафта буд ва аз порчаҳои ашъори Ҳофизу Мавлоно ба забони арабӣ моҳирона қироат мекард. Ба гуфтаи наздиконаш Маҳмудҷон Воҳидов пеш аз сафар мариз буд, вале котеъона барои сафар кардан камар баст. Ӯро дар Душанбе, дар гӯристони Лучоб ба хок месупоранд.

        Баъд аз марги нобаҳангоми Маҳмудҷони 38-сола устод Лоиқ бо сӯзу гудоз “Дар ҷанозаи ҳамсолам” ном марсияе гуфтаанд:

Дӯстам, дӯсти сухангӯям,

Баъди ту ҳам ҷавонӣ хоҳад монд.

Лек шеъри бузурги тоҷикро,

Ҳеҷ кас мисли ту нахоҳад хонд…

Алвидоъ, дӯсти ҷавонмаргам,

Алвидоъ, эй бузургвори ҷавон!

 

        Соли 1979 дар қадрдонии ҳунрманди маҳбубу ҷавонмарг Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номаш гузошта шуд.

        “Мактаби эҷодии нотиқии устод Маҳмудҷон Воҳидов беҳтарин мактаб дар роҳи суханварист ва аз ин мактаб ҳама, алалхусус ҳунармандон, рӯзноманигорон, прокурорҳо, ҳимоятгарон, судяҳо, шореҳони радио ва телевизион ҳама вақт бояд омӯзанд”, — бо ин ҷумла мақолаи ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон Варқаи Зайниддин хулоса гардидааст, ки басо тавсияи хубу манфиатбахш аст.

        Имрӯз бошад, мо — ҷавонон тавассути садо ва симо овози фораму сеҳрангези ӯро шунидаю акси басо зебояшро дида, ӯро дар назди худ тасаввур мекунем. Ҳарчанд 42 соли ҳаёт моро аз замони зиндагии ин шахсияти барҷастаи дунёи театр ва синамо ҷудо мекунад. Вале ҳанӯз ҳам лафзи ширину дилангезашро дар сабтҳо мешунавему лаззат мебарем ва номашро бо некӣ ба ёд меорем.

Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро!

 

Муҳаммадҷони ФАЙЗИМАД,

донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи

рӯзноманигори телевизион