Имрӯз дар Театри таълимии донишкада бахшида ба   Рӯзи Шашмақом дар ҳошияи 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барномаи консертии ансамбли “Шашмақом” — и назди донишкада бо ҳузури ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Устодону донишҷӯён таҳти роҳбарии Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров барномаи ҷолиби консертиеро, ки фарогири шеъру оҳангҳои марғуб ва рақсҳои дилнишин буданд, пешкаши ҳозирин гардонданд.  Шеъру ғазалҳои “Уфари Мустазоди Наво”, “Дугоҳ”, “Дугоҳи чор”, “Танавор”, “Парво макун”,  “Меҳрнома”, “Боди сабо”, “Айёми ишқ”, “Дугоҳи 3”,  “Уфари Рок”, “Фурӯғи Рок”, “Хусрави хубон” ва рақсҳои дилнишинро иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ  бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.

Пас аз анҷоми барномаи консертӣ ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Шашмақом ва Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осуда таманно намуд. Мавсуф ёдрас намуд, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии Шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки ба рушди санъати мусиқии Шашмақом саҳми муҳим гузошт. Мусиқии классикии тоҷик — Шашмақом ҳамчун шоҳкории фарҳанги башарият аз тарафи ЮНЕСКО пазируфта шуда, ҳамасола 12 май расман таҷлил карда мешавад.

 Зикр гардид, ки барои рушди санъати мусиқии Шашмақом устодону донишҷӯёни донишкада бояд беш аз ҳар вақти дигар  саъю талош намуда, маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд. Мисли ҳунармандони маъруф — Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нориё Аминов, Боймуҳаммад Ниёзов, Барно Исҳоқова, Ҳанифа Мавлонова, Ҷӯрабек Муродов ва дигарон ба саҳнаҳои калон роҳ ёфта, дар рушди санъати мусиқии Шашмақом саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ректори донишкада, ҳамзамон тазаккур дод, ки дар таърихи башарият санаҳое  низ ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдомро то имрӯз идома дода истодааст. Зеро дар таъмини Ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ нақши арзишманд гузоштаанд.

Дар дилрасу хотирмон баргузор гардидани барномаи консертӣ бахшида ба   Рӯзи Шашмақом ва Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми роҳбари бадеӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоиршо Ҳайдаров,  роҳбари мусиқӣ, муаллими калон Бахтиёр Бобоев, басаҳнагузорандаи рақс, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Искандаров, басаҳнагузоранда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Рустам Воҳидов назаррас мебошад.

Хотирнишон месозем, ки устодону донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 9-уми май дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор мегарданд, бо барномаи идонаи консертӣ ширкат меварзанд. Гузашта аз ин, ансамбли “Фалак”-и донишкада бо роҳбарии Ҳаким Дамдоров ва донишҷӯёни  соли дуюми шуъбаи санъати актёрӣ бо роҳбарии  Сомон Акимов рӯзи 9-уми май  дар чорабинии фарҳангӣ- хайриявӣ, ки бо ибтикори  директори хонаи “Дониш”-и Ҷума Ҷумаев барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании муқими Хонаи пиронсолони шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, бо барномаи консертӣ ширкат варзида, хотири онҳоро болида мегардонанд.

Додоҷон  РӮЗИЕВ