ЭҲЁИ ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ
Ба андешаи мо, ба таркиби мафҳуми «эҳёи фарҳанги китобхонӣ» муносибати эҳтиёткорона нисбат ба китобу матбуот ва дигар маводи иттилоотӣ, ташкили дурусти кор бо китоб ва дигар сарчашмаҳои мутолиа, риояи қоидаҳои гигиенӣ, физиологӣ ва психологии кор бо китобро дохил кардан мумкин аст.
Барои ташаккули самараноки фарҳанги мутолиа ҷалби хонандагони хурдсол ба хониш нақши калидӣ мебозад. Зеро «китобситезӣ» ва «китоббезорӣ» падидаи нав нест. Ин низомест, ки муддати тӯлонӣ ташаккул ёфтааст ва дар раванди он омӯзгорону волидайн низ иштирок намудаанд (аксаран ғайри майлу хоҳиши худ, ба иллати танбалӣ ва ғайра ба он мусоидат кардаанд). Чунки хониши иҷборӣ, ки баъзан тибқи майлу хоҳиши волидайн ва барномаи таълимии муассисаҳои зинаҳои гуногуни таҳсилот роҳандозӣ мегардад, аксарияти нишонаҳои беҳтарини раванди ташаккулёбии фарҳанги мутолиаро аз байн мебарад.
Хушбахтона, имрӯз таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба ин ганҷи бебаҳо бештар гардидааст. Ҷои шубҳа нест, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар тарғибу ташвиқи китоб ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиш нақши муассир гузошту мегузорад.
Соли сеюм аст, ки озмуни мазкур гузаронида мешавад ва дар як муддати кӯтоҳ толори китобхонаҳо пур аз хонанда гардида, нашри асарҳои бадеӣ хеле афзудааст. Имрӯз метавон гуфт, ки аксари сокинони кишвар ба мутолиаи китоб машғуланд ва хуб дарк кардаанд, ки танҳо тавассути мутолиаи китоб метавон ҷаҳонбинии васеъ ва хиради волоро соҳиб шуд.
Дар баробари ин, солҳои охир масъулияти китобдорону омӯзгорон низ дар ин самт бештар гардид ва бояд гуфт, ки барои ба хондан ҷалб намудани наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ҳам афзун гашт.
Аз ин рӯ, зарур мешуморем, ки барои тақвияти неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва ҷалб намудани онҳо ба китобхонаҳо тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:
-роҳандозии таълими фанни «Асосҳои ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
-баргузории силсилаи чорабиниҳо бо унвони «Китоб ва хонанда» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ширкати бевоситаи хонандагон;
-дар рӯзҳои таътилҳои зимистонаю тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи «Сайри ҷаҳони маънӣ» бо усули хона ба хона тақсим кардани китоб ба роҳ монда шавад;
-китобҳои дар хазинаи китобхонаҳои мактабӣ мавҷудбуда, дар шакли электронӣ дастраси хонандагон гардонда шаванд;
-дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи «Барномаи рушди китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»;
-таҷҳизонидани китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет;
-хазинаи китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби китобҳои тозанашри адибони классику муосир ғанӣ гардонида шавад.
Воқеан, китоб, хониш ва дониш дар рушди ҷомеаи инсонӣ нақши калидӣ доранд. Ин омил дарахти андешаву ахлоқи инсонро борвар месозад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти китобу китобдорӣ, Пешвои муаззами миллат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки минбаъд ҳар сол 4-уми сентябр ҳамчун Рӯзи китоб дар тамоми манотиқи кишвар бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифта шавад.
Ин иқдоми Сарвари давлат меҳру муҳаббат ба китоб ва завқи китобхониро дар ҳаёти сокинони кишвар дубора эҳё намуд, мақоми онро дар тавсеа ва рушди фарҳанги миллӣ ба унвони воситаи таъсирбахшу коромаде баланд бардошт. Президенти мамлакат ташаббускору илҳомбахши пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар буда, ҳамеша дар мулоқоту вохӯриҳо, паёму суханрониҳои хеш ҷавононро ба омӯхтан ва аз худ кардани донишҳои замонавӣ даъват менамоянд, зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба пешрафту рушди устувори кишварамон ноил гардем.
Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд: «…ҳар қадар фарзандони миллат китобхон бошанд, ҳамон қадар миллат неруманд мешавад». Мақсад аз ин гуфтаҳо ҷалби наврасону ҷавонон ба китобу китобхона ва фароҳам овардани шароити созгор баҳри онҳо мебошад. Муҳаббат ва эътиқод ба китоб, муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Наврасону ҷавонони мо ҳар қадар китобдӯсту китобхон бошанд, ҳамон қадар фаъол ва ба ҷомеа нафърасон хоҳанд шуд.
Ба хонишу дониш фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва ба ҳамин васила ташаккул додани ҷомеаи мутамаддину бомаърифат дар тамоми ҷаҳон аз унсурҳои асосии давлатдориву ҳувиятсозӣ ба ҳисоб меравад. Махсусан, дар шароити муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ба миён овардани як насли худогоҳу ватандӯст, ки тавони ҳифзи манфиатҳои миллиро дошта бошанд, хеле муҳим аст. Ин кор танҳо тавассути китобхонӣ имконпазир мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои маърифатнокии наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеа тадбирҳои муассир андешида, таваҷҷуҳи масъулинро пайваста ба рушди соҳаи китобдорӣ ва рӯ овардани наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб ҷалб месозанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) масъалаи фавқуззикрро матраҳ намуда, иброз доштанд, ки “Ифтитоҳи бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб дар пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе, баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб, озмунҳои гуногун, махсусан, озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, таҷлили Рӯзи китоб, бунёди даҳҳо театр, қасрҳои фарҳанг, китобхонаҳо, боғҳои фарҳангу фароғат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва сафарҳои ҳунарии аҳли фарҳанги мо ба даҳҳо кишвари дунё аз муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ ба шумор мераванд”. Президенти мамлакат зикр карданд, ки ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар самти омӯзиши масъалаи ҷалби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба хониш ва китобхона вазъият печида боқӣ мемонад. Ба назари мо, сабаби асосии чунин вазъият, пеш аз ҳама, кам будани таҳқиқоти илмӣ, махсусан таҳқиқоти сотсиологӣ оид ба проблемаҳои хониши наврасону ҷавонон дар ҷумҳурӣ, бахусус дар деҳот мебошад. Агар якчанд мақолаи илмии олимони тоҷик Сафар Сулаймонӣ, Сафар Шосаидзода, Ҷелмат Шерматов, Сайфуллозода Бозор, Маҳмудов Гадобег, Ғуломзода Қурбон ва Сайфиддин Камолзодаро дар бораи ташаккули фарҳанги иттилоотии наврасону ҷавонон сарфи назар намоем, пажӯҳиши назаррасеро дар ин самт дарёфт кардан душвор аст.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони сокинони шаҳри Душанбе (15.02. 2017) иброз намуданд: “омили дигаре, ки боиси ташвиш мебошад, беҳуда гузаронидани вақт дар марказҳои компютерӣ аст”.
Таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имкониятҳои мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб ва китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаванд, робитаи мутақобилаи онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегардад. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд.
Бо назардошти он, ки кӯдакон гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ба шумор рафта, раванди камолоти онҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои синнусолӣ бо нишонаҳои барҷастаи худ тафовут дорад, волидайн дар раванди тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китоб ва умуман, ташаккули фарҳанги мутолиаи он бояд аз имкониятҳои тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ба тарбия алоқаманд самаранок истифода баранд. Муҳимтар аз ҳама, мусоидтарин фурсат – синни томактабӣ ва синни хурди мактабии фарзандон, ки барои тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китобу хониш давраи муносиб ба шумор рафта, ба раванди камолоти равониву ҷисмонии онҳо таъсири бештар мерасонад, бояд ба таври мукаммал ва самаранок истифода бурда шавад.
Хониши кӯдакону наврасон яке аз проблемаҳои муҳимми иҷтимоӣ — фарҳангӣ ва педагогӣ — психологӣ ба шумор рафта, аз ҳалли мусбати он паёмадҳои тарбияи насли навраси ҷомеасоз, насле, ки қодир аст, на танҳо барои худ, балки барои ояндагон низ ҷомеаи солимро бунёд кунад, вобастагии амиқ дорад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имрӯз неруҳои илмию эҷодии кишвар ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Зеро имрӯз танҳо шиква аз «китоббезорӣ» ва «китобситезӣ»-и насли наврас барои ҷомеа нафъе надорад. Дар ин самт ташкил ва гузарондани таҳқиқоти мақсадноку доманадори сотсиологии хониши кӯдакону наврасон ниҳоят зарур мебошад.
Ҳар як ҷомеа манфиатдор аст, ки оила аз уҳдаи иҷрои уҳдадориҳои худ ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва тарбиявӣ баромада тавонанд. Ин аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти боло бурдани шаъну этибори оила дар ҷомеа ва таҳкими нақши он дар раванди таълиму тарбияи насли наврас, ёрӣ расондан дар татбиқи имкониятҳои тарбиявии он пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Аз ин рӯ, имрӯз дар низоми таҳсилоти муттасил масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати китобдорӣ — иттилоотӣ ва библиографӣ волидайн бояд мақоми марказиро ишғол кунанд. Барои ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷуда дар самти ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакону наврасон таҳияи «Консепсияи хониши кӯдакону наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2032»-ро зарур меҳисобем.
Бовар дорем, ки олимону мутахассисони соҳа вобаста ба проблемаи мавриди назар ибрози андеша хоҳанд кард. Танҳо бо неруи муштараки марказҳои бузурги китобдорӣ-иттилоотӣ, олимону мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти мавҷуда муваффақ хоҳем шуд.
АДАБИЁТ:
- Ашурова З. Китоб роҳнамост [Матн] / З. Ашурова // Омўгор.-2020.- 27 феврал.
- Комилов Ш. Китоб оинаи ҷаҳоннамост [Матн] / Ш. Комилов // Омўзгор.-2020.- 5 март.
- Қаҳҳорова Н. Китоб ва тарбияи маънавии ҷавонон [Матн] / Н. Қаҳҳорова // Ҷавонони Тоҷикистон.-2019.-12 декабр.
- Сафаров Ҳ. Самтҳои асосии ҷалби кӯдакону наврасон ба хониш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон [Матн] / Ҳ.Сафаров // Маводи конфронси илмӣ- амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир (Душанбе, 2017.- 4-5 май).
- Ҷомӣ, Қ. Ганҷи бебаҳо [Матн] / Қ. Ҷомӣ // Омўзгор.-2020.- 15 апрел.
- Шодиева Б. Китоб-беҳтарин мураббии инсон [Матн] / Б. Шодиева // Баҳори аҷам.-2019.- 15 ноябр.
- Шосаидзода С.Х. Фарҳанги педагогии волидайн ва накши он дар таълиму тарбияи фарзанд. // Паёми донишкадаи забонҳо. – Душанбе, 2018. — №1(29). – С. 88-95.
- Шосаидзода С. Таъминоти иттилоотии раванди омодагии педагогӣ-психологии волидайн дар тарбияи фарзандоy //Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон. Китоби 7. Душанбе: Аржанг, 2018.- С. 44-62.
Маҳмудов ГАДОБЕГ,
Зафари ШАРИФ,
омӯзгорони факултаи
китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”