Дар  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  дар  асоси  нақша  чорабиниҳобахшида  ба  30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  50-солагии  Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»  рӯзи  31-марти  соли  равон  маҳфили  гиромидошти  актёр,  режиссёр,  драматург,  омӯзгор  Шамси  Қиёмов  баргузор  гардид.

   Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аъзои Иттифоқи кинематографистони Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Шамсӣ Қиёмов  фидоии санъати театрӣ буданд ва тамоми умри худро дар эҷод ва офаридан сарф кардаанд. Шамсӣ Қиёмов дар шаҳри бостонии Самарқанд ба дунё омада, ҳанӯз аз айёми ҷавонӣ роҳи санъату ҳунарро пеш гирифта буданд. Устод солҳои тӯлонӣ дар кафедраи режиссура ва продюсерии Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода (ҳоло Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода») ифои вазифа намуда, дар тарбияи мутахассисони бахши санъати актёрӣ ва режиссёрӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

   Ин нуктаро ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ Муҳриддин Низомӣ дар маҳфили бахшида ба 100 — солагии  Арбоби хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон устод Шамсӣ Қиёмов, ки 31 марти соли равон бо иштироки меҳмонон,  шогирдони ҳунарпеша   ва  устодону донишҷӯён  дар Театри таълимии донишкада баргузор гардид, ироа намуд. Мавсуф иброз дошт, ки устод Шамсӣ Қиёмов дар  тарбияи  мутахассисони  баландихтисоси  санъати  театри  саҳми  беандоза  дошта,  чандин пиесаи маҳзакавӣ ва драмавӣ, аз ҷумла «Зебуниссо», «Садои Сталинград», «Духтари холаи ман», либреттаҳои «Се хубони Ҷануб»,«Баҳори Бадахшон»,«Писари Ватан» -ро  эҷод намуда, ба саҳна гузоштааст. Имрӯз  шогирдони  устод  дар  рушду  нумӯи  санъати  фарҳанги  ҷумҳурӣ  хизмати  шоён  намуда  истодаанд.

   Сипас, барномаи таҳиянамудаи устодон ва донишҷӯёни кафедраи режиссура ва продюсерӣ оид ба зиндагиномаи зиндаёд Шамсӣ Қиёмов пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

Дилшод  УМАРОВ,  

устоди МТД  «ДДФСТ  ба 

                                                                                номи  Мирзо  Трусунзода»