4 октябри соли 2020  бо  ибтикори  факултаи  санъати  театрӣ  дар Театри таълимии донишкада бахшида ба Рӯзи  театри  тоҷик  чорабинии  ӽунарӣ  баргузор  гардид.

Ректори  донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор  Муӽриддин  Низомӣ   аҳли ҳунари  театрро  бо  90-умин  солгарди  театри  тоҷик  самимона  табрик гуфта,  ба корҳои  эҷодиашон  барору  комёбиӽо   орзу намуд.

Зикр гардид, ки миллати тоҷик аз қадим бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Маҳз ҳамин фарҳанги воло дар ҳама давру замон миллати моро аз парокандашавӣ эмин нигоҳ дошта, дар тамаддуни халқи мо ҳамчун омили муҳимми ояндасоз хизмат намудааст.

-Театр аз оғози пайдоиши худ рисолати хешро ҳамчун оинаи зиндагӣ, инъикоскунандаи ҳақиқати ҳаёт, ҳидоятгари мардум ба сӯи некӣ босубот иҷро намудааст, — гуфт Муӽриддин  Низомӣ.  — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон театр ва дар маҷмӯъ фарҳангро таҷассумгари ҳувияти миллӣ номида, зикр кардаанд, ки маҳз фарҳанг, забон ва анъанаву суннатҳои нек асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд.

Сипас,   донишҷӯёни   курси  4-уми  ихтисоси  маӽорати  актёрӣ якҷо  бо  омӯзгорон  ва  аҳли  ҳунари Театри  таълимии  донишкада  намоишномаи  «Чароӻи  сеӽрноки  Аловуддин»-ро  аз  рӯи  асари  Ӌумъа  Қудус  бо  коркард  ва  таӽияи режиссёри  ҷавону боистеъдод, муаллими кафедраи маҳорати актёрии  факултаи  санъати  театрӣ  Баӽром  Қурбонов  манзури аҳли нишаст намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Баӽром  Қурбонов то имрӯз 14 намоишномаро дар театрҳои давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, мусиқӣ- мазҳакавии Данғара, мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба саҳна гузоштааст.

 

Дилшод  УМАРОВ, 

муовини  декани 

факултаи  санъати  театрӣ