27.04.2023 тибқи барномаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 50-солагии донишкада, 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ва 145-солагии адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ дар кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид.       Кори конференсияро мудири кафедра Абдусаттор Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори маҳфил муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуд.

Дар конференсия ҳайати устодон ва донишҷӯёни кафедра дар мавзӯъҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ карданд. Аз ҷумла, мудири кафедра, н.и.п., и.в. дотсент Абдусаттор Раҳмонов дар мавзӯи “ Нақши Интернет дар рушди соҳаи сайёҳӣ”, н.и.п., и.в. профессор Турсунова Муборак дар мавзӯи “Баъзе масъалаҳои рушди сайёҳии фарҳангӣ дар шароити муосир”, н.и.п., дотсент Ашуралиев Муродалӣ дар мавзӯи “Ёдгории таърихӣ — фарҳангии Саразм ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ”, н.и.п., омӯзгори калони кафедра Назарова Зебонисо дар мавзӯи “Нақши муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ дар рушди фарҳанги маънавӣ”, н.и.п., дотсент Тайғуншоева Ҷаҳонгул дар мавзӯи “Сайёҳӣ — омили муҳимтарини соҳаи иқтисодиёт дар замони муосир”, н.и.и., дотсент Раҷабов А.дар мавзӯи “Проблемаҳои сайёҳии воридотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли он”, муаллими кафедра Салихов Д. дар мавзӯи “Нигоҳи қонунгузорон дар бахши сайёҳӣ”, муаллимаи кафедра Камышева Алёна дар мавзӯи “Туризм как фактор экономического развития Таджикистана”, муаллими кафедра Саъдуллоев Асадулло дар мавзӯи “Рушди сайёҳии оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калони кафедра Исмонзода И. дар мавзӯи “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои пешбар ва ояндадори иқтисодӣ”, муаллими кафедра Одинаев Қосимҷон дар мавзӯи “Омилҳои рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон: вазъи имрӯза ва дурнамои рушди он”, муаллими кафедра Наҷмидиниён Ш. дар мавзӯи “Хусусиятҳои ташкил ва амалкарди соҳибкории хурду миёна дар хоҷагии қишлоқ гузоришҳои ҷолиби илмӣ намуданд.

Дар кори конференсия донишҷӯён фаъолона ширкат варзиданд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ Бахтибеков Ромиз дар мавзуи “Тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва амнияти миллӣ”, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Ғаффорова Ситора дар мавзуи “Нақши ҳунарҳои анъанавии мардумӣ дар рушди сайёҳӣ”, донишҷуи курси 3-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Назриева Ҳаётбегим дар мавзӯи “Рушди сайёҳии экологӣ дар солҳои охир”, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Бобомуратов Комрон дар мавзӯи “Сайёҳии аграрӣ ва рушди он дар Тоҷикистон”, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси саёҳат ва меҳмондорӣ Исматова Сабзина дар мавзӯи “Ҷалби сайёҳон омили муҳими рушди иқтисоди кишвар” бо гузоришҳои илмӣ ширкат варзиданд.

Дар маҷмӯъ, дар кори конференсия 17 маърӯзаи илмӣ  шунида шуд.

Конференсия бо пешниҳоди саволҳо ва ҷавобҳои мушаххаси илмӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён доир ба рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳар чӣ бештари донишҷӯён баргузор карда шаванд.

Омӯзгори кафедра Одинаев Қ.