Имрӯз тибқи нақша — чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори “Арғунун“- и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигора, мутахассиси пешбари раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Мустафо, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ, муовинони ректор, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада, устодону хонандагон аз Муассисаҳои давлатии “Мактаб интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев” ва “Мактаб интернати миёнаи махсуси мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” ҷаласа оид ба фаҳмондадиҳии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ алайҳи бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеа баргузор гардид.   

     Ҷаласа ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт,  ки   Паёми Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон    ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  санади  сарнавиштсоз,  роҳнамо  ва   мукаммале  мебошад,  ки   самтҳои  асосии   сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  кишвар,   нақшаву  барномаҳои  рушди   устувори  минбаъдаи    ҷомеаро  дар  тамоми   соҳаҳои   хоҷагии  халқи  мамлакат   фаро  мегирад.  Паёми набатии Сарвари давлат  вазифа,  мақсаду  маром,  роҳу  воситаҳои   амалиро   барои   расидан    ба  ҳадафҳои  стратегӣ  муайян  ва  мушаххас  менамояд. Инчунин,   дар  Паём дар баробари   самтҳои  гуногуни   иқтисодиёти   кишвар    аз ҷониби  Пешвои  муаззами миллат  ба  соҳаҳои   муҳимми    иҷтимоии  мамлакат  низ  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  карда  шуда,   ҳамаи  ҷанбаҳои  иҷтимоӣ,  аз  ҷумла бахшҳои маориф, тандурустӣ,   илму   фарҳанг,   таълиму тарбия,  оила, занон, ҷавонон,  варзиш,  беҳтар   кардани  сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум, таҳкими иқтидори    мудофиавии   мамлакат, амният  ва   субот дар ҷомеа, мубориза   алайҳи   қонуншиканӣ, терроризм, экстремизм, пешгирӣ аз  паҳншавии  фарҳанг ва   ғояҳои  бегона  ва дигар   зуҳуроти номатлуб  дар ҷомеа  бо  нарзардошти   пешрафт ва  камбудиҳои  ҷойдошта   матраҳ  гардиданд.     Сипас муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ алайҳи бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб дар ҷомеаро шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳои манфиатталаб зери таъсири хоҷагони хориҷии худ ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ва силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, суботи мамлакатро барҳам заданд.

Бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуда, сулҳу субот ва ваҳдати комили мардуми шарафманди Тоҷикистон таъмин карда шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем. Таъкид гардид, ки фаъолияти ин гурӯҳҳо  пурра алайҳи расидан ба ормонҳои миллии мо равона гардида, хатари ҷиддӣ ба сохти давлатдории дунявӣ доранд. Мо бояд бо ҳамдастӣ бо сохторҳои низомӣ ба афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ муқовимат намуда, манфиатҳои миллию давлатии худро содиқона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ҳифз намоем.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар анҷоми суханрониаш тазаккур дод, ки мо бояд ба фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз тамошо намудани наворҳои иғвоангез ва мутолиаи адабиёти ба мо бегона худдорӣ намоем. Махсусан, ҷавонон дар мавриди пайваст шудан ба интернет бояд ба мутолиа, тамошо ва паҳн намудани ин гуна наворҳо ва мақолаҳои ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ роҳ надиҳанд.

Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигора  нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба фаъолияту ҷойгоҳи занону бонувон дар ҷомеаи мо рабт доранд, шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони ниҳодҳои назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва дигар корхонаву ташкилот аз он шаҳодат медиҳад, ки бонувон таҳти ғамхории ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар қарор доранд. Сарвари давлат дар  паёмҳо, мулоқотҳо, вохӯриҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа ва суханрониҳояшон бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи гуногун ҳамеша ба ин масъала рӯ оварда, нақш ва ҷойгоҳи бонувонро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ менамоянд.

Мутахассиси пешбари раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустамзода Мустафо низ андешаву мулоҳизаҳояшро перомуни нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда, Паёми Сарвари кишварро санади муҳим ва сарнавиштсоз арзёбӣ намуд.

Ҷаласаро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҷамъбаст карда, ба меҳмонон барои  маърузаҳои пурмуҳтаво, ки нуктаҳои муҳимми Паёмро боз ҳам равшантару возеҳ намуда, ба иштирокдорон расониданд, изҳори ташаккур намуд. Мавсуф зикр намуд, ки ҳайати профессорону устодони донишкада ҳар як нуктаи дар Паёми Пешвои муаззами миллат баёншударо  мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, ҷиҳати омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои фарҳангу ҳунар беш аз ҳарвақта саъю талош хоҳанд кард.

Синои АБУАЛӢ,

Бозор САЙФУЛЛОЗОДА