Холзода Меҳриддин Равшан

Доктор PhD — доктори фалсафа аз рӯи ихтисоси забони англисӣ

Барои тамос: 724032, ш. Душанбе, хиёбони Борбад 73 а , Бинои 1,

Тел: (+992 ) 988377111, (+992) 231 22 37
E-mail:  mezhotdel.ddfst@mail.ru

 

 

 


ДАР БОРАИ РАЁСАТИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Раёсати робитаҳои байналмилалӣ яке аз сохторҳои асосӣ ва муҳими донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишкада бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи дуру наздик, марказҳои илмӣ ва муассисаҳои такмили ихтисос, омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмии байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани онҳо дар раванди таълими донишкада, ташкили таълими донишҷӯён ва омӯзгорон дар муассисаҳои бонуфузи таълимии хориҷи кишвар, дар доираи созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ роҳандозӣ намудани чорабиниҳои муштараки байналмилалии илмиву таълимӣ ва эҷодӣ ва ғайраҳо дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрӣ -ҳуқуқии амалкунанда дар бораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ҳамчунин Низомномаи раёсати робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст. Раёсати робитаҳои байналмилалӣ идоракунии умумии раванди ҳамкориҳои байналмилалии донишкадаро амалӣ сохта, фаъолияти худро дар мувофиқа бо роҳбарияти донишкада ба роҳ мондааст.

Ҳамзамон, раёсат бо мақсади рушди муносибатҳои байналмилалӣ, такмили раванди таълим ва истифодаи самараноки таҷрибаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таълиму тадқиқот таъсис дода шудааст. Раёсат бо мақсади табодули таҷриба бо кишварҳои хориҷӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат таъсис ёфта, инчунин иштироки омӯзгорону донишҷӯёнро дар озмунҳои бонуфузи байналмилалӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин, раёсат ҷиҳати рушди ҳамкориҳо дар соҳаи  таҳсилот ва инкишофи шаклҳои нави ҳамкорӣ ба болоравии сифати таълим мусоидат менамояд. Раёсатро сардор, ки аз ҷониби ректори донишкада бо фармоиш ба вазифа таъин ва озод карда мешавад, роҳбарӣ мекунад.

 

МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ РАЁСАТИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

 

Мақсади асосии раёсат ин ташкил ва амалисозии ҳамкориҳои байналмилаии МДТ «Донишкадаи давлатии фарњанг ва санъати Тољикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соҳаи таҳсилот, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва фаъолияти таълимиву эҷодӣ буда, вазифаҳои асосии зеринро амалӣ месозад:

 

  • Ҳамоҳангсозии робита бо муассисаҳои таълимии хориҷӣ ва шарикон дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаи санъат, фарҳанг, илм ва маориф;
  • Таҳия ва ба имзо расонидани созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ;
  • Назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишкадавӣ ва байнисоҳавӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм бо кишварҳои хориҷӣ;
  • Ташкили чорабиниҳои илмиву таълимӣ ва эҷодии муштарак татбиқи созишномаҳо ва қарордодҳои басташуда бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ;
  • Ташкили вохӯриҳои мақсадноки ҳайатҳои хориҷӣ ва таҳияи барномаҳои қабул ва будубоши онҳо дар донишкада;
  • Ташкили вохӯриҳои эҷодӣ ва дарсҳои маҳорат барои омӯзгорону донишҷӯён бо иштироки олимону мутахассисони хориҷӣ;
  • Амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда дар ҳамбастагӣ бо зерсохторҳои дигари донишкада ва муассисаҳои шарики хориҷи кишвар (таҳсил, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаи касбӣ, баргузории конференсияву семинарҳо ва озмуну тренингҳои омӯзишӣ) ​​бо ҷалби кормандон, устодон, мутахассисон ва донишҷӯёни донишкада;
  • Мусоидат ба иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар конфронсҳои байналмилалӣ, озмунҳо, фестивалҳо ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ тариқи ҳузурӣ, ғайриҳузурӣ ва онлайнӣ;
  • Ҷустуҷӯй ва ҷалби грантҳо, донорҳо, стипендияҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои нав ҷиҳати такмили базаи моддӣ – техникӣ ва рушди сифати таълими донишкада;
  • Табодули кормандону устодон ва донишҷӯён дар доираи ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар бо мақсади такмили маҳорати касбӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи дигар кишварҳо;
  • Назорати риояи қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва илм, инчунин будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ;
  • Роҳбарӣ ва назорат аз боли раванди таҳсил, давомот ва будубоши донишҷӯёни хориҷии дар донишкада таҳсилкунанда;
  • Мусоидат дар табодули маводҳои таълимӣ ва дар ҳамбастагӣ татбиқ намудани лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ;
  • Дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ташкил намудани таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар ва шаҳрвандони хориҷӣ дар донишкада;
  • Назорати фаъолияти раёсату шуъбаҳо ва факултету кафедраҳои донишкада дар соҳаи робитаҳои байналмилалӣ;
  • Дар мувофиқа бо раёсати донишкада ва мақомоти дахлдор табодули иттилоот бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба дастовардҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм.

 

ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШКАДА:

Айни замон МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷии зерин созишномаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, чорабиниҳои байналмилалии илмиву таълимӣ ва эҷодиро ба таври мунтазам ба роҳ мондааст:

Федератсияи Россия:

  • Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. Герасимов
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Қазон
  • Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Жиганов
  • Донишкадаи давлатии санъати Красноярк
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск
  • Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Кемерова
  • Донишкадаи давлатии санъати Перм
  • Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Арктика
  • Донишгоҳи давлатии Брянск ба номи И. Петровский
  • Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Санкт -Петербург
  • Донишгоҳи давлатии Мария
  • Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Чувашистон
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Алтай
  • Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. Чайковский
  • Донишкадаи санъати театрии Россия ГИТИС
  • Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Римского-Корсаков
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Сибири шарқӣ
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Москва
  • Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Белгород
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Хабаровск
  • Консерваторияи давлатии Новасибирск ба номи М.И. Глинки
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Тюмен
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Орлов
  • Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Волгоград
  • Донишкадаи давлатии санъати Воронеж
  • Донишкадаи давлатии санъати Уфа ба номи З. Исмагилова
  • Донишкадаи давлатии санъати Шарқи дур
  • Донишкадаи давлатии санъати Смоленск
  • Донишкадаи давлатии фарҳанги Самара
  • Донишкадаи давлатии санъати Кавкази Шимолӣ
  • Консерваторияи давлатии Астрахан
  • Донишкадаи давлатии санъати Сибир ба номи Д. Хворостов
  • Донишкадаи давлатии санъати саҳнавии Россия
  • Академияи мусиқии ба номи Гнесинҳо
  • Донишкадаи санъати муосир
  • Ташкилоти ғайритиҷоратии Маркази рушди ҳамкориҳои байнифарҳангии “Шарқи Бузург”
  • Ассотсиатсияи кормандони соҳаи этнография, фарҳанг ва санъат

 

Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

  • Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон
  • Донишкадаи санъати мусиқии миллии Ӯзбекистон ба номи Ю. Раҷабӣ
  • Филиали минтақавии Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Фарғона
  • Консерваторияи давлатии Узбекистон
  • Маркази миллии санъати Мақоми Ӯзбекистон
  • Академияи давлатии хореографияи Ӯзбекистон
  • Донишгоҳи давлатии Бухоро
  • Филиали Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Нукус
  • Филиали Конссерваторияи давлатии Узбекистон дар Нукус
  • Донишгоҳи давлатии Фарғона
  • Филиали ВГИК дар Тошкент
  • Донишгоҳи байналмилалии туризм ва ёдгориҳои фарҳангии “Шоҳроҳи Абрешим”
  • Донишгоҳи миллии Навоӣ

 

Ҷумҳурии Қазоқистон:

  • Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Т. Жургенов
  • Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангазӣ
  • Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон

 

Ҷумҳурии Исломии Афғонистон:

  • Донишкадаи ҳунарҳои зебои Донишгоҳи Кобул

 

Ҷумҳурии Белорусия:

  • Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Белорусия
  • Академияи давлатии мусиқии Белоруссия
  • Академияи давлатии санъати Белоруссия

 

Ҷумҳурии Словакия:

  • Донишгоҳи католикии Словакия

 

Ҷумҳурии Мардумии Чин:

  • Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоу

 

Ҷумҳурии Арманистон:

  • Консерваторияи давлатии Арманистон ба номи Комитаса

 

Ҷумҳурии Озарбойҷон:

  • Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Озарбойҷон
  • Академияи мусиқии Боку ба номи У. Гаджибекова

МАРКАЗҲОИ СОҲАВИИ ХОРИҶИИ ДАР НАЗДИ РАЁСАТ ФАЪОЛИЯТКУНАНДА:

Дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии хзориҷӣ дар назди раёсати робитаҳои байналмилалии донишкада марказҳои илмиву эҷоди ва таълимии зерин фаъолият менамоянд:

  • “Киноклуби ВГИК” — аз ҷониби Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) таъсис ёфта, барои таҳия ва сабти барномаву филмҳои донишҷӯӣ ва касбӣ истифода мегардад.
  • “Маркази ташкили таълимӣ ва фарҳангии Алтай — аз ҷониби Донишкадаи фарҳанги Алтайи Федератсияи Россия таъсис дода шуда, барои ҷалби донишҷӯён ба таҳсил дар донишкадаи мазур, амалигардонии нақшаҳои муштараки байнидонишкадавӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои илмиву таълимӣ ва эҷодӣ фаъолият менамояд.
  • “Маркази фарҳангии Чинӣ — аз ҷониби Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шуда истодааст, ки ҳадафи фаъолияти он ба забономӯзӣ ва муаррифии ҷаҳониён ба фарҳанги чинӣ, инчунин шинос намудани чиниҳо бо фарҳанги хориҷ мебошад.