ДУШАНБЕ, 14.02.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  14 феврал ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳадяи китобро (International Book Giving Day) таҷлил мекунад. Дар Тоҷикистон низ ин рӯзро ба таври хосса ҷашн мегиранд. Махсусан дар оммавигардонии ин ҷашн китобдорон, нашриёт, китобхонаҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

      Тавре зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» Зафари Шариф иброз дошт, баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани миллати тоҷик Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ ба рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Бо Амри Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ марҳила ба марҳила аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила туҳфа гардидани  китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров намунаи барҷастаи он аст. Тақсими китоби «Тоҷикон» моҳи декабри соли 2020  аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардида, моҳи декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе анҷом ёфт. Сокинони мамлакат ин амали наҷибро  бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Зеро шоҳасари Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» асари нотакрору фарогир буда, дар он таърих, забон, адабиёт, дин, фарҳанг, илм, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, меъморию сохтмон, косибию зироат ва соҳаҳои дигар хеле равшану возеҳ ва боэътимод ба риштаи таҳлил гирифта шудаанд. Ин иқдоми неки Сарвари давлат шоистаи дастгирист, зеро он  асари мондагори миллати тоҷик аст.».

      Зафари Шариф дар идомаи суҳбаи иброз дошт, ки  «Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб тақозои замон буда, ба ҳукми анъана даромадани он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайомади нек дорад.  Зеро ҳадяи китоб ва ба он эътимод доштан аз гузаштаи мардуми тоҷик  ва махсусан модарони мо сарчашма мегирад. Ин решаҳои тамаддуну фарҳанги мо дар тӯли ҳазорсолаҳо идома пайдо карда, ҳувияти миллии тоҷикон дар асоси ҳамин анъанаҳо то ба имрӯз шакл гирифтааст. Тақдими китоб барои мардуми тоҷик анъанаи гузаштагон буда, он имрӯз равнақи бештар касб намудааст. Бузурге гуфтааст, ки «агар дар бораи инсон ҳукм  биронем,  бояд сараввал  бипурсем, ки чанд китоб хондааст. Зеро китоб муаллимест, ки бидуни асо ва  тозиёна моро тарбия мекунад. Дар Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳар яки мо дар ин кори хайр бояд шарик шавем ва мувофиқи имкон як китоби хубе ба китобхонаи деҳот, ноҳия, шаҳр ва ҷумҳурӣ  тақдим намуда, дар рушди маънавии ҷомеа саҳм гузорем».

    «Дар замонҳои гузашта намояндагони аҳли илму адаби тоҷик, ба монанди Абӯабдуллоҳи Рўдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абўалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хисрав, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар адибон новобаста аз дастрасии нисбатан маҳдуд ба китобу китобхона тавонистанд аз худ мероси оламшумул боқӣ гузоранд. Пас чаро ворисони онҳо дар чунин шароити мусоид ва пур аз техникаву технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бояд дар самти кашфиёти илму техника пешсаф набошанд? Ҳол он ки ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат дар самти дастгирии фарҳанги миллӣ, аз ҷумла китобу китобдорӣ беназиранд», — таъкид намуд Зафари Шариф.

    Ба зикри ҳамсуҳбати мо, насли наврас аз фурсати бениҳоят мусоиди таърихӣ ва фазои созгори омӯзишу кашфиёт, ки Пешвои миллат фароҳам овардааст, бояд истифода намуда, ба китобхонӣ рӯй  оварад, ба китоб чун ба ғизо ниёз дошта бошад ва ин ҳисси ниёзмандӣ, таҳкурсии он бояд дар хонавода гузошта шавад, сипас низоми омўзишу тарбия дар кўдакистону дабистон кӯдакро ба дунёи зебои пур аз рамзу рози китоб ворид созад, донишкадаву донишгоҳ онро ба  рукни муҳиму вижаи зиндагии онҳо табдил диҳад.

     «Мояи қаноатмандист, ки чанд соли охир бо шарофати сиёсати фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат, дастгирӣ ва ғамхорияшон аз аҳли адабу фарҳанг, боло рафтани сатҳи зиндагӣ дар байни мардум ҳаракати хуби рӯ овардан ба китоб ва китобхонӣ мушоҳида  мешавад, ки ин моро ба бозгашти боварию эътимод ба неруи китоб ва сухан дар ҷомеа умедвор мекунад», — гуфт дар идома ҳамсуҳбати мо.

    Бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар ҷомеаи мо хонаеро ёфтан душвор аст, ки дар он китобу китобхонӣ набошад. Ба ибораи дигар, суннати китобу китобхонӣ, ки аз қадимулайём хоси миллати мо буд, тадриҷан эҳё шуда, ҳамчун анъанаи нек ва арзиши хоси даврони истиқлол яке аз дастовардҳои беҳтарини даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мешавад.

    Муҳайё кардани фазои китобхонӣ дар ҷомеа яке аз вазифаҳои асосии ниҳодҳои марбута, бахусус, китобхонаҳо ба шумор меравад. Ниҳодҳои мазкур бояд, пеш аз ҳама, барои тарғибу ташвиқи китоб ва мутолиаи китоб чун сарчашмаи маърифатнокии инсон саъю талош варзанд. Зеро китоб бузургтарин ва бебаҳотарин маводест, ки маънавиёти шахси китобхонро ғанӣ мегардонад, ӯро пурдон мекунад, захираи луғавии ӯро бой  ва маърифатнокиашро баланд мебардорад.

     Беҳуда нест, ки бузургони илму адаби олам пайваста китобро ситоиш кардаанд. Ҳанӯз файласуфи аҳди қадим Ситсерон фармуда буд, ки «хонаи бекитоб шабеҳи ҷисми берӯҳ аст». Ҷонатан Свифт зикр намудааст, ки «вақте ки ман китоб мехонам, ба назарам чунин менамояд, ки он зинда аст ва бо ман суҳбат мекунад». Михаил Александрович  Шолохов  таъкид кардааст, ки «ба сӯи маърифат ҷасурона қадам занед ва китобро сидқан дӯст доред! Вай на фақат беҳтарин дӯсти шумо, балки то охири умр ёри вафодори шумо хоҳад буд».

    Ин гуфтаҳо моро водор мекунад, ки барои ташаккул ва такомули фарҳанги китобхониву китобдӯстӣ заминаҳо ва шароити беҳтар фароҳам созем ва омилҳои пастшавии сатҳи фарҳанги мутолиаи китобро дар байни баъзе аз қишрҳои ҷомеа мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор диҳем.

     Мутолиаи китоб тавассути падару модар дар хона таъсирбахштарин омили тарғиби китобу китобхонӣ миёни фарзандон аст. Баррасии китобҳои мутолиашуда бо иштироки тамоми аъзои оила, ҳамчунин бо ҳамсабақон дар мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо дар бедор кардани шавқу завқи китобхонию донишомӯзӣ бисёр самаровар аст.

     Тарбияи фарзанд на танҳо ҷиҳатҳои ахлоқӣ, рафтору гуфтор ва ба ҷо овардани иззату эҳтироми калонсолонро фаро мегирад, балки муҳимтар аз ҳама, аз даврони хурдсолӣ диққати фарзандро ба хондани китобҳои дар ҳар мавзӯи барои ӯ шавқовар, шеъру ҳикояҳои адибони бачагон, ба монанди Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Азизи Азиз, Наримон Бақозода, Муродалӣ Собир ва боз чандин дигарон, ки барои кӯдакону наврасон эҷод шудаанд, ҷалб намудан мебошад.

    Имрӯз вақти он расидааст, ки китобхона дар ҷомеаи муосир нақши тарбиявӣ, иттилоотӣ ва маърифатии хешро дар сатҳи баланд иҷро намояд. Вале барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани таъйиноти иҷтимоии китобхонаҳо, қабл аз ҳама, савияи донишҳои тахассусии кормандони онҳоро баланд бардоштан зарур аст.

      Аз ин рӯ, бо мақсади  баланд бардоштани салоҳияти касбии китобдорон ҷиҳати сари вақт ва ба таври мукаммал қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии истифодабарандагони китобхонаҳо зарур аст, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди фаъолияти китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2023-2027» таҳия ва пешниҳод гардад. Инчунин ба Ҳукумати мамлакат лоиҳаи «Консепсияи хониши кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон» пешниҳод карда шавад.

      Тадбирҳои мазкур ба баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа, тарғибу ташвиқи арзишҳои фарҳангӣ, эҷоду ҳунар, рушди минбаъда ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ равона гардида, кормандони соҳаро водор месозад, ки неруи илмию эҷодии худро ба нафъи кишвар сафарбар намоянд ва бо эҳсоси ифтихормандӣ дар бунёди давлати соҳибистиқлоламон саҳм гузоранд.

     Бояд тазаккур дод, ки китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки роҳи тираро равшан ва қалби инсонҳоро саршор аз меҳру муҳаббат мегардонад. Китоб ҳадя кардан рамзи эҳтирому арҷгузорӣ  ва нигоҳдошти суннати аҷдодии мост. Пас ба ҳамдигар на танҳо имрӯз, балки ҳамеша ҳадя кардани ин сарчашмаи гаронбаҳоро фаромӯш накунед.

 

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»