Ба муносибати эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Ҳафтаи илм дар кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ МДТ “ДДФСТ ба номи М. Турсунзода” бо иштироки доираи васеи устодону муҳассилини кафедра 24 апрели соли 2024 конференсияи илмӣ баргузор гардид.
Дар оғоз мудири кафедраи мазкур Галимова М. ҳозиринро бо Ҳафтаи илм муборакбод гуфта, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид. Сипас профессори фахрии кафедра Гавҳар Умарова баромад намуда, аз боби расидан ба Ваҳдати миллӣ, паси сар намудани рӯзҳои душвору бартарафсозии ҷанги шаҳрвандӣ ва ғайрату талоши рӯзноманигорони ҷонфидои миллат дар он айём сухан кард.
Инчунин профессори кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Зулфиддин Муминҷонов дар мавзуи “Ғалатфаҳмӣ дар мафҳуми гузориши телевизионӣ; умумият ва фарқияти жанрҳои итилотии репортаж ва ҳисобот” баромад намуда, вобаста ба хусусияти жанрҳо ва фарқ миёни ҳисоботу репортаж сухан кард. Таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сафи шабакаҳои телевизионӣ, махсусан соҳавӣ зиёд гардида, феълан онҳо дар формати HD фаъолият мекунанд. Дар замони муосир бе надонистани жанр ва набудани сенария намояндагони ВАО наметавонанд барнома ва ё маводе омода намоянд. Ҳамин аст, ки имрӯз миёни жанрҳо каме омехтагӣ ба амал омадааст. Вале бояд талаботи жанрӣ ҳамеша риоя гардад. Омӯзгори калони кафедра Абдуллоева Адиба роҷеъ ба пахши барномаҳои мустақим дар шабакаҳои телевизионӣ изҳори назар намуда, аз ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт таъкид намуд. Қайд гардид, ки бо беҳтар шудани имконот ва технологияҳои нав зарурати бештар таҳия намудани барномаҳои мустақим ба вуҷуд омадааст. Танҳо дар ин сурат барномаҳои телевизионӣ тамошобини зиёд пайдо мекунанд. Дар идома, омӯзгори кафедра Мулоева Нишона вобаста ба жанри репортаж, кам будани он дар шабакаҳои телевизионӣ ва бартарии репортажҳои мустақим сухан кард. Дар мавриди “Инъикоси масъалаи интихобот дар барномаҳои сиёсии телевизион” баромади муаллимаи кафедра Умарова Муқаддас шунида шуд.
Роҷеъ ба жанрҳои дигари журналистикаи телевизион ва истифодаи онҳо дар амалия муҳассилини кафедра, донишҷӯёну магистрон ва унвонҷӯён низ фикру назари худро баён намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳафтаи илм дар донишкада баргузории як қатор конфронсу дарсҳои кушод ва семинарҳо дар назар аст.
Беҳрӯз Сайфуллоев
донишҷӯи факултети журналистикаи
телевизион ва радиои МДТ
“ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”