Санаи 24.04.2024 тибқи барномаи Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ маҳфили илмӣ баргузор гардид.
Кори конференсияро мудири кафедра Абдусаттор Раҳмонов ҳусни оғоз бахшида, ба устодону донишҷӯён дар кори маҳфил муваффақият таманно намуд. Ҳамчунин, мудири кафедра оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуд.
Дар конференсия ҳайати устодон ва донишҷӯёни кафедра дар мавзуҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ — фарҳангӣ маърузаҳои илмӣ карданд. Аз ҷумла, мудири кафедра, н.и.п., и.в. дотсент Абдусаттор Раҳмонов дар мавзуи “Мероси таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик ҳамчун омили рушди соҳаи сайёҳӣ”, д.и.п., профессор Латифзода Диловар дар мавзуи “Самтҳои асосии таҳқиқот дар фарҳангшиносии амалӣ”, н.и.п., и.в. профессор Турсунова Муборак дар мавзуи “Мавқеи сайёҳии таърихӣ – маърифатӣ дар ташаккули фарҳанги ватандӯстӣ”, н.и.п., дотсент Ашуралиев Муродалӣ дар мавзуи “Нақши анъанаҳои мардумӣ дар ташаккули сайёҳии фарҳангӣ”, н.и.п., и.в. дотсент Назарова Зебонисо дар мавзуи “Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва масъалаҳои таҳкими тарбияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ”, н.и.п., дотсент Тайғуншоева Ҷаҳонгул дар мавзуи “Сайёҳӣ – пайвандгари таъриху фарҳанг”, н.и.и., дотсент Бобомуродов П. дар мавзуи “Ҷанбаҳои иқтисодӣ – иҷтимоии хизматрасонии сайёҳӣ дар шароити имрӯза”, н.и.и., дотсент Раҷабов А. дар мавзуи “Хусусиятҳои идоракунии давлатии сайёҳии воридотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, омӯзгори кафедра Одинаев Қ. дар мавзуи “Рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ дар водии Ҳисор”, омӯзгори кафедра Саъдуллоев А. дар мавзуи “Баъзе хусусиятҳои рушди зерсохторҳои соҳаи сайёҳӣ дар шароити маҳал”, омӯзгори кафедра Ҷобиров М. дар мавзуи “Хусусиятҳои нархгузорӣ дар хизматрасонии меҳмонхонаҳо”, донишҷӯй курси 4-уми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ Назриева Ҳ. дар мавзуи “Заминаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ Нанокова Н. Дар мавзуи “Нақши роҳбалад дар муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ” ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ Қалавурова М. дар мавзуи “Кулҳои водии Зарафшон ҳамчун омили рушди сайёҳии минтақа” бо гузоришҳои илмӣ ширкат варзиданд.
Дар маҷмуъ, дар кори конференсия 16 маърузаи илмӣ шунида шуд.
Конференсия бо пешниҳоди саволҳо ва ҷавобҳои мушаххаси илмӣ ба анҷом расид. Иштирокчиён доир ба рафти конференсия изҳори қаноатмандӣ намуда, пешниҳод карданд, ки дар оянда низ чунин чорабиниҳои илмӣ бо ҷалби ҳар чи бештари донишҷӯён баргузор карда шаванд.
Омӯзгори кафедраи
технологияҳои иҷтимоӣ—
фарҳангӣ ва сайёҳӣ
Одинаев Қ.