Имрӯз бо ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар кафедраи тарбия ва таҳсилоти мусиқӣ, конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози коференсия мудири кафедраи мазкур Гурезов Ш.М., бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, иштирокчиёнро ба оғози кори он хайрамақдам гуфт. Дар конференсия 8 нафар омӯзгорон бо маърӯзаҳо баромад намуданд. Аз он ҷумла, Гурезов Ш.М. дар Мавзуи “Эҷодиёти мардумӣ фасле аз мусиқии анъанавии тоҷик” баромад кард. Ӯ мусиқии анъанавиро, ки бо ғановату гуногунрангиаш аз дигар жанрҳои мусиқӣ фарқ мекунад, ҳамчунин ба сифати пайвандгари мусиқии суннатии тоҷик баён намуда, дар баромади хеш иброз дошт, ки “таркиботи он таҷассумгари расму русум, меҳнат, рӯзгори халқи тоҷик мебошад”. Дар маърӯза ҳамчунин дар бораи сабкҳои мусиқии анъанавӣ, аз ҷумла сабкҳои Кӯҳистонӣ (марказӣ), Бадахшонӣ ва Шимолӣ маълумот дода шуд.
Пас, н. и. п., дотсенти кафедра Хайруллозода Б.Х. дар мавзуи “Хусусиятҳои ташаккули салоҳияти фарҳанги этникии омӯзгорони ояндаи мусиқӣ” баромад намуд. Мавсуф дар баромади худ қайд намуд, ки дар раванди дарси суруд ва мусиқӣ истифодаи фарҳанги этникӣ ба омӯзгор имконият медиҳад, ки дарси худро боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монад.
Ҳамзамон маърӯзаҳои устодони кафедра и. в. дотсенти кафедра Ёров С. “Саҳми муаллими суруд ва мусиқӣ дар тарбияи насли наврас”,и. в. дотсенти кафедра Гулназаров С. “Вазифаҳои асосии таълими мусиқӣ ва нақши он дар ташаккули зебоипарастии хонандагон”, муаллими калони кафедра Шарофидинзод М. “Масъалаҳои ташаккули фарҳанги зебоипарастии хонандагон дар ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти ва хонавода”, муаллими калони кафедра Саидҳомидов С. “Омилҳои рушди мусиқифаҳмии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ”, муаллими калони кафедра Холов П. “Рушди фарҳанг ва санъати миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ”, муаллими кафедра Саидов Саидбаҳром “Ҷанбаъҳои асосии таърихӣ ва усулҳои ташкили маҳфилҳои ҳамсароӣ дар муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуданд.