Имрӯз дар кафедраи созӣ-иҷрокунандагӣ бахши кафедрагии конференсияи ҷумуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муасисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Конференсияро мудири кафедра, дотсент Гулназаров Сафар ҳусни оғоз бахшида, оид ба моҳият ва баргузории ҳафтаи илм дар донишкада, нақши он дар ҷалби омӯзгорон ва донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ибрози назар намуда, ба кори маҳфил барору муваффақият таманно намуд.
Дар кори конференсия 7 нафар омӯзгор маърузаҳои илмии худро ироа намуда, доир ба масъалаҳои мубрами соҳа ақидаҳои хешро баён намуданд.
Дар аввал устод Гулназаров Сафар дар мавзуи «Вазифаҳои асосии таълими мусиқӣ дар ташаккули зебоипарастии хонандагон» баромад намуданд. Сипас, устодони кафедра Саидов М. дар мавзуи «Қобилияти зеҳни донишҷӯён дар тайёр намудани барномаҳои таълимӣ», Валиев Р. дар мавзуи «Истиқлол ва пешравии фарҳангӣ», Маҳмудӣ А. дар мавзуи «Баъзе хусусиятҳои мушкилоти навозиши шашмақом дар сози рубоб», Шарипов Б. дар мавзуи “Нигоҳе ба ҳунари сарояндагии Муродбек Насриддинов”, Мирмастова М. дар мавзуи “Нақши мусиқӣ дар шинохти Хувияти миллӣ ва тарбияи ахлоқии насли наврас” ва коргузори кафедра Мамадносирова Г. дар мавзуи “Таъсири технологияи муосир дар руҳияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон” баромад намуда, андешаҳояшонро доир ба мавзуҳои интихобнамудаашон баён намуданд.
Дар анҷоми конференсия миёни иштирокчиён табодули афкори судманд ба миён омада, баргузории чунин чорабиниҳои илмиро муҳим арзёбӣ намуданд.
ШАРИПОВ Бахтовар