Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг  ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон  ва донишҷӯён бахшида ба Ҳафтаи илм ва ба муносибати эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва иштирокдорони конференсияро ба донишкада хайрамақдам гуфт. Мавсуф зикр намуд, ки бо дарназардошти нақши бузурги илму маориф Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар ин замина бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 15-уми апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мегардад, ки ба рӯзи таваллуди Садриддин Айнӣ, сардафтари адабиёти муосири тоҷик ва рӯзи таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рост меояд. Дар ин росто, ҳамасола ҳар ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аз ҷумла дар донишкадаи мо низ «Ҳафтаи илм» бо баргузории конференсияву семинарҳои илмию амалӣ, ки натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотии ҳайати профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрони муассисаро бозгӯ мекунанд, гузаронида мешаванд.

Ректори донишкада тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илм ва рушди бемайлони он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар ҳамаи суханрониҳояшон вобаста ба ин масъала таъкиду роҳнамоиҳои судманд мекунанд. Устодону муҳаққиқони муассиса фаъолияти илмии худро дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат идома дода, барои дар соҳаи фарҳанг ва санъат татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ пайваста талош менамоянд.

Сипас, устоди донишкада, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар мавзуи “Рушди соҳаи китобдорӣ дар даврони Истиқлол: натиҷаҳо ва самтҳои афзалиятнок”, мудири кафедраи педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг Фозилов Комрон дар мавзуи “Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳои абарқудрат” ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси  менеҷменти робитаҳои фарҳанги байналмилалӣ Давлатов Саҳобиддин дар мавзуи “Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай” суханронӣ намуда, андешаҳояшонро доир ба мавзуъҳои интихобнамудаашон баён намуданд.

Дар доираи кори конференсия ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ устодони донишкада Зокиров Суҳроб, Саидзода Шодона ва Наимова Фарзонаро барои сазовори дараҷаи илмии номзади илм гаштанашон таҳният гуфта, бо сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.

         Конференсияи мазкур, ки тайи як ҳафта давом мекунад, ба рушду тавсеаи иқтидори илмии донишкада равона гардида, дар он зиёда аз 150 мақолаи илмии профессорону устодон, кормандон, унвонҷӯён, докторантону магистрон ва донишҷӯён ироа мегардад.

 

ҚУДРАТОВ Сино