Худшиносии миллӣ падидаи иҷтимоӣ-таърихӣ буда, дар шароити имрӯзи пурталотуми ҷаҳонӣ шудан, чун омили ниҳоят муҳими бақои миллатҳои мавҷуда баромад мекунад. Он дар баробари бузургдошти забон ва мероси фарҳангӣ, тафаккури таърихии миллат, арҷгузорӣ ба иқтисоди миллӣ ва амсоли инҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ нақши калидӣдорад ва дар шароити кунунии ҷаҳони муосир барои пайвандони тамоми миллатҳо муҳим дониста мешавад. Аз ин рӯ, бидуни дастёбӣба худшиносии миллӣ тасаввурнопазир аст, ки миллат рушд кунад ва пайвандони он ба саодати воқеӣ бирасанд.
Муҳимтарин омилҳое, ки ба худшиносии ҷомеаи муосир таъсиргузор ҳастанд, омилҳои сиёсиву фарҳангӣмаҳсуб мешаванд. Омили сиёсӣбо фаъолияти роҳбарони сиёсӣ маҳдуд нагардида, тамоми муносибатҳои иҷтимоиро фаро мегирад. Пас, тамоми афроди миллиро зарур аст, ки ба хотири бақои миллат ва ояндаи дурахшони насли худ дар атрофи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлати худ муттаҳид бишаванд. Дар ин росто бетарафӣ ва ақибнишинӣ ба марг баробар аст. Биноан, тамоми пайвандони миллатро зарур аст, ки рисолати инсони ва иҷтимоии худро сарбаландона иҷро намоянд. Рисолати имрӯзаи инсониву имонӣ ва виҷдонии ҳар шаҳрванди мо аз он иборат аст, ки нисбати тақдири фардои миллат бепарво набошанд, ба касбу кори худ содиқ буда, бо амри виҷдон онро сомон диҳанд ва аз худ шахсияти фарҳангӣ бисозанд, ки бозгӯкунандаи омили фарҳангист.
Эъмори шахсияти фарҳангӣ ба таври умум дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоссатан дар ҷомеаи мо муҳим аст. Шахсияти фарҳангӣ танҳо зиёӣ нест. Он касест, ки ҳадафаш ба салоҳи инсонҳо нигаронида шудааст, касест, ки манфиатҳои иҷтимоиро аз манфиатҳои фардӣ беҳтар меҳисобад, кӯмак ба одамонро шарофат ва фазилат медонад, корашро сидқан иҷро мекунад, саҳлангор нест, масъулиятшинос аст, бигзор чӯпон ё деҳқон ё кадом олиму хирадманд бошад. Худшиносӣ дар заминаи арҷгузорӣ ба арзишҳои умумиинсонӣ ташаккул меёбад, аммо дар шароити имрӯза бе худшиносии миллӣ он ноқис аст.
Миллати тоҷик баъди чандин асриаз даст додани давлати миллӣ боз соҳибдавлат гардид ва имкони давлатдорӣва худшиносии миллиаш бештар гардид. Аммо бадхоҳони ин миллатмонеаҳои зиёди сунъие дар роҳи ташаккули миллияти тоҷик ба вуҷуд оварда, дар заминаи дур сохтани мардум аз асолати худ тавассути руҳониёни радикалӣ ва тарғиби бегонапарастиву нодида гирифтани арзишҳои миллӣ мехоҳанд мушкилот ба вуҷуд оваранд ва ба ваҳдати миллӣва амнияти сартосарии кишвар халал ворид намоянд. Ҳамзамон бо истифодаи як гурӯҳафроди аз лиҳози равонӣносолим, ки мағзшӯӣшудаанд ва шомили ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористианд, мехоҳанд ба обрӯйи байналмилалии тоҷик латма ворид намоянд.
Аммо номи баланд, ҷавҳари инсонгароёнаву фарҳангсолор ва бо маънавиёт оғуштаи ин миллатро наметавон тавассути дасиса, иғво, амали номардонаву ғайриинсонии чанд фурӯмоя ба хоки сияҳяксон сохт. Бояд фарзандони баору номус ва оқили ин миллат донанд ва ба ҷаҳониён расонанд, ки миллати тоҷик нобиғаҳое, ба мисли Форобӣ, Фирдавсӣ, Пури Сино, Берунӣ, Мавлонои Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Балъамӣ, Ҷомӣва ҳазорони дигарро дар домани исмати худ парварда, ба ҷаҳониён пешниҳод намудааст, ки орову афкори эшон дар ташаккули илму маънавиёти башарӣ саҳми назаррас гузоштааст. Аҷдодони ин миллат макотиби қудсии сершуморе офаридаанд ва тухми маърифат дар зеҳнҳомусоид коштаанд, ки натиҷаи он махзанҳои пурғановати муқоисанопазири илму адаби оламшумули тоҷикист.
Аз ин рӯ, ба пайвандони ин миллати соҳибном имрӯзҳо зарур аст, ки ба масоили худшиносӣва таҳкими арзишҳои миллӣ ҳарчӣ бештар таваҷҷуҳ намуда, ҳамон алами фарҳанги олии аҷдодиашонро, ки дар заминаи инсонмеҳварӣ шакл гирифта буд, баланд бардоранд ва мисли ниёгони некноми худ дар парвариши фарҳангу ахлоқи ҳамидаи инсоният саҳмгузорӣ намоянд.
Амондуллоев Б.