Терроризм яке аз роҳҳои баамалбарории вобаста ба тарзу усули бурдани муборизаҳои сиёсӣ, бар зидди афкори башарӣ бо роҳи таҳдиду зӯроварӣ,ҷиҳати аён кардани тарсу ҳароси ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо ба ҳисоб меравад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни ҷавонони ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат вокунишу бесарусомониҳо дар давлат ва берун аз он мебошад.

Экстремизми сиёсӣ аввалан аз фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки бисёртар бо роҳҳои зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Аз ин хотир зарурияти дарки амиқ ва фаҳмиши васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Экстремист: шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию ноадолатона ва ҷангҷӯёна дорад. Ин амалу ғаразҳои номатлуби экстремистон, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто варзиш низ таъсири бади худро метавонад расонад. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад, ки бештар дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия, Сомалӣ ва Афғонистон мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳо андешида, маҳкум намудани терроризму экстремизмро дар мадди аввал гузоштааст. Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа барои муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ мерасонад. Имрӯз масъалаи мубориза бар зидди терроризму — экстремизм яке аз масъалаҳои асосии хусусияти ҷаҳонидошта гардидааст. Чунин падидаи номатлуб ба амнияти тамоми давлатҳои ҷаҳон таҳдид намуда истодааст, ки аз он Ҷумҳурии Тоҷикистон низ беканор намондааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштаанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хуруфотпарастию ифротгароӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад”. Ифротгароӣ дар кадом шакл, ки бошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти тамоми ҷаҳон, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳуротҳо сарҳади байнидавлатӣ, миллат, дин ва муқаддасоти дигар вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза ба терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди комилҳуқуқи ҷамъият оид ба пешгирӣ ва мубориза алайҳи кирдорҳои ноҷо ва ҷиноятҳои номатлуб лозим аст. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои тараққикардаи ҷомеаи башарӣ бо ин падидаи марговар мубориза бурда, талош меварзад, ки натиҷаҳои ногувори он амалӣ нагарданд.

 

Ҷамшед Хоҷаев — сардори

шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ

ва ғоибонаи МДТ «ДДФСТ

ба номи М.Турсунзода»