Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба 100-солагии Пойтахти Ватани маҳбубамон шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори 100-солагии шаҳри Душанбе самимона табрику муборакбод намуда, барояшон тани сиҳату хотири ҷамъ, бахту иқболи нек, рӯзгори осудаву обод, сарбаландию сарфарозӣ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир таманно намуд.
Ректори донишкада зикр намуд, ки Душанбе шаҳри калонтарини ҷумҳурӣ, маркази илму фарҳанг — пойтахти ватани азизамон Тоҷикистони маҳбуб мебошад. Дар канори ин шаҳри нозанин идораҳои муҳимми давлатӣ, марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва дигар иншоотҳои муҳимми идорӣ ҷойгир гашта, пойтахти азизи моро ба яке аз марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ табдил додаанд. Ҳамин тариқ, шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ватанамон мебошад. Дар домани ҳамешасабзи ин шаҳри зебоманзар намояндагони миллатҳои мухталиф дӯстона зиндагӣ доранд. Душанбе маҳз бо заҳмату талош ва ҷонбозиҳои тоҷикон ва дигар миллатҳои бародар мақоми шоиста касб карда, ба ҷаҳониён чун шаҳри дилоро муаррифӣ гаштааст.
Агар ба таърихи шаҳри Душанбе назар афканем, мебинем, ки ҳанӯз каме бештар аз як қарн пеш ин шаҳри имрӯз замонавию пуриқтидор деҳаи хурде буд. Аммо бо вуҷуди хурд буданаш дар Бухорои Шарқӣ бо бозорхои калони хариду фурӯши мол маълуму машҳур буд. Одамон аз гирду атроф ва кӯҳистонҳои дурдаст ба ин ҷо омада молу маҳсулоташонро мефурӯхтанду маводи рӯзгорро харида бармегаштанд.
Ҳарчанд ки оғози давраи рушди Душанбе ҳамчун шаҳр асосан ба нимаи аввали асри бистум баробар омадааст, вале ин мавзеъ бо иқлими мусоид ва мавқеи мувофиқи ҷуғрофии он чун макони зисту фаъолияти одамон таърихи басо тӯлонӣ дорад. Бостоншиносон аз ҳудуди шаҳри Душанбе бозёфтҳои таърихиеро ба даст овардаанд, ки ба ҳазорсолаҳои чоруму сеюми то милод, яъне ба асри неолит тааллуқ дошта, олимон ин давраро дар таърих «Маданияти Ҳисор» номгузорӣ кардаанд. Сокинони таҳҷоии Душанбе бо шуғли кишоварзиву чорводорӣ, ҳунарҳои чармгариву кулолгарӣ, заргариву мисгарӣ, оҳангариву дуредгарӣ ва кафшдӯзиву ресандагӣ маъруф будаанд ва ба шаҳрҳои бузургу пешрафтаи он замон рафтуомад доштаанд. Ҳар ҳафта рӯзи душанбе дар ин ҷо калонтарин бозори минтақа барпо мешудааст ва Душанбе ном гирифтани он низ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад.
Бо барпо шудани Ҳукумати Шуравӣ сараввал 21-уми августи соли 1924 аъзои комиссияи тақсимоти ҳудудиву миллии Осиёи Миёна ба хулоса омаданд, ки деҳаи Душанбе маркази Вилояти Мухтори Тоҷикистон муайян карда шавад. Ҳамин тавр, 14-уми октябри соли 1924 баробари таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон деҳаи Душанбе пойтахти он эълон гардид. Дар замони шуравӣ шаҳри Душанбе тадриҷан васеъ шуда, ободу зебо мегардад ва ҳамчун пойтахт симои худро пайдо карда, сол аз сол ба маркази сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии Тоҷикистон табдил меёбад. Дар муддати начандон тулонӣ аз як деҳаи хурд ба шаҳри азим табдил ёфтани Душанбе бори дигар дар аснои таърих аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тамаддунсози мо дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи худ фарҳанги ғаниву рангини маънавию моддӣ, афкори камназири фалсафӣ, адабиёти оламшумул, санъати нодири шаҳрсозӣ ва ҳунармандиву меъмориро ба вуҷуд оварда, ба ганҷинаи тамаддуни башар саҳми басо арзишманд гузоштааст.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, баракати сулҳу ваҳдати миллӣ, саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ на танҳо сол ба сол, балки рӯз то рӯз симои шаҳри Душанбе боз ҳам дигаргунтар гашта, биноҳои баландошёнаву маъмурӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, маишӣ бунёд ёфта, гулгашту хиёбонҳои ҷадид қабои сабз ба бар намуда, пойтахтро сабзу гулпӯш намуданд, ки ин аз созандагӣ ва меҳанпарастии миллати шарифи мо дарак медиҳад.
Воқеан, пойтахти Ватани маҳбубамон дар ҷодаи ташаккулёбӣ ва ба ҳам омадани нерӯҳои созандаи кишвар нақши муассир дорад, зеро таҳкими суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву зиндагии осоиштаи аҳли ҷомеа худ кафили осоиши тамоми каламрави мамлакат мебошад.
Аз ҷумлаи ифтихороти мо дар замони соҳибистиқлолии Ватани муқаддасамон аст, ки муҷассама ва маҷмааи ёдгории асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон — Исмоили Сомонӣ ба муносибати 1100 — солагии давлатдории аҷдоди некномамон — Сомониён ҳамчун тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи таҳкими ваҳдати милливу эҳёи Тоҷикистон маҳз дар майдони марказии шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Дар ҳақиқат, пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусу ғамхории Ҳукумати кишвар ва азму талоши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар байни шаҳрҳои минтақа тадриҷан мақому манзалати миллӣ ва ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо карда, айни замон ба яке аз шаҳрҳои сабзу хуррам, ободу зебо ва рушдёбанда табдил ёфтааст. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ эъмор гардидани даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо, иншооту биноҳои замонавии маъмуриву хизматрасонӣ, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва бинои муҳташами Кохи Наврӯз ба симои шаҳри Душанбе ҳусни тоза зам намуданд. Ҳамчунин қомат афрохтани Қасри миллат, Нишони давлатӣ, парафшон шудани Парчами миллӣ, бунёд гардидани Боғи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, маҷмааи Наврӯзгоҳ, Боғи «Пойтахт» барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон ва Маркази ҳамноми тиҷоратӣ аз қабили ободкориҳое мебошанд, ки бозгӯи санъати баланди шаҳрсозии мардуми мо ба ҳисоб мераванд.
Дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он Душанбе ҳамчун ҷавонтарин шаҳри зебо, ободу осуда муаррифӣ гашта, ба маркази баргузории конгрессу симпозиум, конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Намояндагони кишварҳои дунё аз Осиёву Аврупо, Амрикову Африқо бо назофату тозагӣ, умрону осоиш, беҳдошту гулкории пойтахтамон шинос гардида, бо хушҳолӣ васфаш мекунанд.
Тазаккур дода шуд, ки шаҳри Душанбе макони зиндагиву фаъолияти ҳазорон шахсиятҳои маъруф, аҳли илм ва адабу санъати тоҷик, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз ва шаҳри Душанбе, инчунин ҷиҳати пуштибониву муаррифии шоистаи халқи тоҷик азму талошҳои фидокорона анҷом додаанд. Имрӯз дар шаҳри Душанбе нерӯҳои асосии илмиву техникӣ ва фарҳангиву адабии мамлакат муттаҳид гардида, дар рушду тараққиёти илму фарҳанги ватанӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани дастовардҳои кишвари соҳибистиқлоламон фаъолона саҳмгузорӣ менамоянд.
Қайд гардид, ки ободониҳои имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шудаистода, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣ бетаъсир намемонанд ва итминони комил дорем, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қудрати созандаи халқи азизамон шаҳри Душанбе боз ҳам зебову дилоро мегардад.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино