Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш таҷлил карда шуд. Нахуст иштирокдорони ҳамоиш суханронӣ ва мулоқоти самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки чун анъанаи нек ба ифтихори соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба таври мустақим тамошо карданд.
Баъд аз тамошои суханронии Президенти мамлакат муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо омӯзгорону шогирдони муассисаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба нав таманно намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки чун анъана дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр Рӯзи Дониш бо тантана ва шукӯҳи хосса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз дарси сулҳ оғоз мегардад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳамияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиши дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷуҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Лозим ба таъкид аст, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла Шумо, омӯзгорону устодони муҳтарами Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаъдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Бо дарназардошти ин, метавон гуфт, ки дастоварди бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули 33 соли Истиқлоли давлатӣ, пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, рушди бесобиқаи иҷтимоиву иқтисодӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик таҳти сарварӣ ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муяссар гардидааст.
Муовини вазири фарҳанги кишвар омӯзгориро асли меъмори ҷомеаи мо буда арзёбӣ намуда, зикр намуд, ки тафаккури насли ояндаро омӯзгор ташаккул медиҳад ва дар дили ӯ шарораи шавқу ҳавасро афрӯхта, меҳру муҳаббати илму донишро ба вуҷуд оварда, камолоти зеҳнии ҷавонони моро тарбия мекунад. Таъсири омӯзгор аз доираи мактабу донишгоҳ фаротар аст. Вай тарбиятгар, намунаи ибрат ва муҳаррики ҷомеа барои рушду инкишоф буда, тавассути роҳнамоии худ ба донишҷӯён имконият медиҳад, ки онҳо аз нуқтаи назари илмӣ андешаронӣ намуда, иштирокчиёни фаъоли рушди ҷомеаи имрӯзаи мо гарданд.
Дар ин маврид, Пешвои миллат вобаста ба вазифа ва рисолаи омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир зикр менамояд, ки “ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмуъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд”.
Мавсуф Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”-ро яке аз муассисаҳои калидии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои донишкада ва сатҳу сифати таълим ба куллӣ дигаргун гашт. Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода дар низоми фарҳанг ва маорифи мамлакат нақши назаррас дошта, муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии омодакунандаи мутахассисони соҳаҳои гуногуни фарҳанг ва санъат маҳсуб меёбад ва дар рушди фарҳангу санъати миллӣ нақши калидӣ бозидаасту мебозад.
Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар навбати худ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ва ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ба муносибати Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2024-2025 самимона табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир орзу намуд. Ректори донишкада зимни суханронии табрикии худ, махсусан, ба онҳое, ки дар соли равон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадамҳои худро ба даргоҳи илму фарҳанг ва санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло орзу намуда, дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расидан ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гаштанро таманно кард.
Роҳбари донишкада тазаккур дод, ки дар кишвари азизи мо тибқи анъанаи муборак ва ҳувиятбахш соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо бо Дарси сулҳ, ки омӯзгори хирадсолораш раҳнамои ҷодаи саодатҳои мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Яъне, рисолати аслии мову шумо — устодону омӯзгорони арҷманд дар ин самт аз он иборат аст, ки ба донишҷӯён таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонем, то ки онҳо ба қадри сулҳу субот, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳимояи ин неъматҳои бебаҳо ҳамеша омода бошанд.
Ректори донишкада аз мулоқоти имрӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи кишвар, ки чун анъанаи нек ба ифтихори соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти умумии рақами 19-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдрас шуда, ғамхориҳои Сарвари кишварро нисбат ба аҳли маорифу фарҳанги кишвар чун ҳарвақта судманд ва созанда унвон намуд. Зикр гардид, ки устодону кормандон ва донишҷӯёни донишкада таъкидҳо ва дастурҳои раҳнамову созандаи Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, рисолати касбӣ ва ватандории хешро содиқона ба сомон мерасонанд.
Баъди суханронии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, устоди собиқадори донишкада Майрам Исоева суханронӣ карда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароити мусоиди корӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти соҳаи фарҳанг изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Инчунин ба ҳозирин ва махсусан ба донишҷӯёни соли нахуст ҳидоятҳои нек таманно кард.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд,ки ҷолибу диданӣ буд.
ҚУДРАТОВ Сино