Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида  ба иди Рӯзи Модар бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Амонзода,  муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин, бонувони собиқадори соҳаи фарҳангу санъати кишвар(устодони собиқи донишкада), ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада  чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо суханронии ифтитоҳии табрикӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, бонувон ва ҳозиринро ба ифтихори ҷашни фархунда — Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод намуда, риштаи суханро бо камоли эҳтиром ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Матлубахон Сатториён дод.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бонувони донишкада ва иштирокдорони чорабиниро ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон буда, имрӯз модарону бонувони мо дар ҳама соҳаҳо, хусусан соҳаи фарҳанги кишвар фаъолияти пурсамар намуда, соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Тазаккур дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Матлубахон Сатториён устодону кормандони донишкадаро ба ҳамкории судманд ва фаъолияти пурсамар дар роҳи пиёда намудани сиёсати давлату ҳукумат дар соҳаи фарҳанг даъват карда, бори дигар ҳамаи бонувон ва ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон тандурустиву саодати рӯзгор, бахту иқболи нек орзу намуд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ консерти омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки ҷолибу диданӣ буд.

ҚУДРАТОВ Сино